ТАШКИЛОТЧИИ МОҲИР

Орзугул Абдураҳмонова ҳисобу китоби маблағҳо барои харҷи чорабинӣ ва рӯйхати меҳмонҳои ба он даъватшавандаро ба охир расонид ва аз бинои мактаб баромада, ба ҷониби ҳокимияти шаҳр шитофт.

Ба ошёнаи дуюм баромад ва дари утоқи ҷонишини ҳокими шаҳр Ҷаҳонгир Маткаримовро оҳистакак кӯфт.
– Марҳамат, дароед,– овоз баромад аз дохили утоқ.
– Ассалому алайкӯм, монда набошед! – дарро оҳиста аз паси худ пӯшид вай ва ба курсии нишондодаи ҷонишини ҳоким нишаст. –  Ба наздатон барои маслиҳат омадам. Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони «Суғдиён» таҳти унвони «Наврӯз муборак бод!» як чорабинии фарҳангӣ баргузор карданист. Сенарияаш низ таҳия шудааст ва онро дар тарабхонаи «Наврӯз» мегузаронем. Перомуни ин чорабинӣ  фикри шуморо низ донистан мехостам,– илова кард Орзугул Абдураҳмонова.
Ҷонишини ҳоким варақҳои дарозкардаи раиси марказро синчакорона аз назар гузаронд, ба баъзе ҷойҳои он тағйироту иловаҳо даровард.  Баъд   ҳарду рӯзи чорабиниро муайян карданд.
– Шумо метавонед аз пагоҳ ба даъвати меҳмонҳо шурӯъ кунед. Бояд ин чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор карда шавад. Меҳмонҳо низ аз он бояд шоду масрур ба хона баргарданд,– гуфт Ҷаҳонгир Маткаримов.
Баъд ӯ ба котибааш амр кард, ки сенарияи чорабиниро нусхабардорӣ карда барояш биёрад. Вақте ки ҳамаи корҳо ҳамоҳанг сохта шуданд, О. Абдураҳмонова аз утоқ берун шуд ва бо табъи болида дубора ба мактаб баргашт.
Ҳар сол дар арафаи фасли баҳор ва наздикшавии иди фархундаи Наврӯз маркази миллӣ-фарҳангии  «Суғдиён»-и шаҳри Чирчиқ чун анъана даст ба баргузор кардани чорабиниҳои идона мезанад. Орзугул Абдураҳмонова ин мақсади худро дар ҷаласаи навбатии аъзоёни раёсати Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ низ дар миён гузошт. Вай гуфт, ки дар баробари меҳмонони зиёд ба хотири инъикоси ҷараёни чорабинӣ хабарнигорон низ даъват шудаанд.
 Рӯзи муқарраршуда барои ширкат дар ин чорабинӣ озими шаҳри Чирчиқ шудем. Тарабхонаи «Нав-рӯз»-и шаҳр аллакай аз одам пур буд. Аз дохили тарабхона садои форами мусиқӣ ба атроф танин меандохт.
Орзугул Абдураҳмонова меҳмонони маҳфилро хайрамақдам гуфт ва сухани нахустинро ба Шоири халқии Ӯзбекистон Маҳмуд Тоир дод.
– Мо дар фазои сулҳу амният ва осоиш ба баҳори оламафрӯз расидем. Дар ин рӯзҳо шаҳру деҳот саросар гулборон шудаву намои тоза касб менамоянд. «Соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост», гуфтаанд. Мамлакати сермиллатамон сол аз сол ободу зебо ва ҳаёти мардум беш аз пеш фаровон мегардад. Чорабинии аввалини баҳориву наврӯзиро Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони «Суғдиён» роҳандозӣ кардааст, ки барои даъвату қадршиносӣ ташаккур изҳор мекунам,– гуфт Маҳмуд Тоир. 
Меҳмонони дигар низ фарорасии иди Наврӯзро ба аҳли толор муборакбод гуфтанд ва дар бораи ташаббусҳои раиси Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Чирчиқ суханҳои неку самимӣ баён карданд. Ин ҳарфҳо мо, вакилони Маркази фарҳангии тоҷикони ҷумҳуриро хеле хушҳолу сарфароз намуд. 
Чорабинии «Наврӯз муборак бод!» аз аввал то охир пуршавқу шӯр гузашт. Иштироки Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон ва Қароқалпоқистон Аҳмадҷон Шукуров, Журналисти шоистаи Ӯзбекистон Темур Убайдулло, Ходими шоистаи маданияти Ӯзбекистон Нуриддин Аминҷонов, гурӯҳи «Само», овозхонҳои мумтози тоҷик Баҳодур Умарзода, Улуғбек Ҳамроев, Улуғбек Холмирзоев, Ғоибҷон Ашӯров мақоми ин чорабиниро хеле арзишманд гардониданд.
Дастаи фолклории Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Чирчиқ бо суруду таронаҳои халқӣ ва рақсҳои пурҷозиба дили аҳли толорро ба ҷӯш оварданд. Нигорандаи ин сатрҳо дар тӯли солҳои зиёд бори аввал аз суруду таронаҳои тоҷикии  дастаи фолклорӣ баҳраманд гаштам. Ин даста дар ҳар гуна чорабиниҳои идонаи дараҷаи ҷумҳурӣ шоистаи ширкат  намудан аст. 
– Дар пеш таҷлили иди Наврӯз аст. Агар шумо иштироки аъзои ин дастаро дар маросими тантанаҳои наврӯзӣ таъмин кунед, мардуми зиёд хурсанд мешаванд. Ин маросим дар  Боғи «Дӯстӣ»-и шаҳри Тошканд баргузор мегардад.  Бигзор, онҳо таронаҳои тоҷикӣ ва рақсҳои дилошӯбашонро ба мардуми шаҳр ва меҳмонон намоиш диҳанд, – гуфтам ба О.Абдураҳмонова.  
– Мо бояд дар роҳи ҳимояи манфиатҳои давлату миллат сазовор хизмат кунем. Шароит мусоидат мекунад, ки забону фарҳанги худро низ инкишоф диҳем, ба хотири рушду тавсеаи он саъю кӯшиш намоем ва ҳиссаи худро гузорем,– мегӯяд Орзугул Абдураҳмонова.

Мирасрор АҲРОРОВ, 
мухбири 
«Овози тоҷик». 

Вилояти ТОШКАНД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: