ТАШНАИ МЕҲР

Хадичамомо ин дафъа низ ба кинояву суханҳои нешдори арӯсаш тоқат карда набераашро, ки ба бозӣ машғул буд, ба оғӯш кашид.

Писарак, ки аз садои баланди онҳо тарсида буд, ба бағали момояш боз ҳам ҷафстар шуд.
Момо якҷо бо шавҳари раҳматиаш дар комбинати абрешим кор кард, аз паси меҳнати ҳалолаш рӯзгорро ҷунбонд. Фарзандонро ба воя расонд, соҳиби хонаву ҷо кард.
Аммо, ҳаёт ба инсон бевафоӣ мекардааст...
Шавҳараш барвақт аз ҳаёт чашм пӯшид. Хадичамомо ба тақдир тан дод, ба душвориҳои зиндагӣ тоб оварда, барои худу фарзандонаш зиндагӣ кард. Ба туфайли меҳнати машаққатнок, танҳоӣ, бедорхобиҳо мӯяш сафед, чашмонаш хира шуданд.
«Тавба, чун кӯдак инҷиқ шудаам», мегуфт момо худ ба худ.
– Писарам, баъзан фикр мекунам, ки ба ту тарбияи дуруст дода натавонистаам. Бегонаҳо барин худро гоҳ-гоҳ менамоӣ. Вақте падарат зинда буд, зиндагиамон чӣ хел ширин буд-а... Наход бемеҳр бошӣ. Бо гапҳои беҳуда завҷаат диламро озор медиҳад. Ту бошӣ як даҳон «чӣ гап?» гуфта намепурсӣ. Ба фикрам, ҳоло ба шумоён бори зиёдатӣ нашудаам, набераҳоямро нигоҳубин мекунам, ҷомашӯӣ мекунам, хонаҳоро меғундорам. Чаро маро озор медиҳед? – гуфт боре момо ва бо кафи даст ашкҳои аз чашмони бенураш ҷоришударо пок кард.
Турсунбой ба саволҳои модараш ҷавоб дода наметавонист. Модараш ҳақ аст, аммо чӣ кор кунад, дар байн фарзандон ҳастанд.
Рӯзҳо гузаштанд. Як пагоҳӣ момо, бехабар аз он ки келинаш гапҳои ӯро мешунавад, ба писараш шикоят кард:
– Ба занат фаҳмон, мисли дигар келинҳо саҳарӣ хеста ҳавлӣ намерӯбад, нонушта омода карда, бачаҳоро ба боғчаю мактаб, шавҳарашро ба кор гусел намекунад, муомилааш ҳам дағал.
Келинаш гапҳои моморо шунида, ба хона зада даромад ва ба момо дарафтид:
– Барои чӣ туҳмат карда, маро аз писарат хунук мекунӣ?
Момо ба замин афтид. Турсунбой ба модари дар замин беҳол хобидааш раҳмаш омад ва ба занаш фарёд зад:
– Аз назарам дур шав, разил!
Доду фарёди зану шавҳарро шунида ҳамсояҳо давида омаданд. Момо чашмонашро базӯр кушода ба писараш гуфт:
–Писарам, ҳеҷ кас надонад, пешпо хӯрда афтидам мегӯям.
Аз байн рӯзу моҳҳо гузаштанд. Турсунбой аз муносибати зану модараш ба танг омада, азм кард, ки барои кор ба хориҷ равад. 
Келинаш моморо гӯш намекард ва баҳудаю беҳуда озор медод, аз хона берун карда мегуфт:
– Рав, акнун духтаронат нигоҳубин кунанд.
Момо ҳар доим ҳаракат мекард бо арӯсаш муросо кунад.
– Келинҷон барои чӣ менолӣ? Танат сиҳат, шикамат сер, аз ҳеҷ кас камӣ надорӣ. Шукронаи кӯдаконат карда зиндагӣ кун,– гуфт рӯзе момо.
Лек, афсус, келинаш бо ӯ муросо кардан намехост. Дунё барои момо торафт тангу тор менамуд, писари ягонаашро пазмон мешуд.
Рӯзе момо хост дар ҳавои кушод сайр кунад ва аз ҷо хеста берун баромад. Ногаҳон сараш чарх заду чашмонаш сиёҳӣ заданд ва беҳуш шуда ба замин афтид, чанд муддат хоб кард, намедонад. Ба танҳоӣ, бекасӣ ва муҳтоҷиаш хориаш омад, дар чашмонаш ашк ҳалқа зад. Рӯзҳои гузаштааш чун тасмаи навор паси ҳам намудор шуданд...
Вақте онҳо писардор шуданд, шавҳари раҳматиаш бо хушҳолӣ гуфта буд: «Занак, бин, Офаридгор баъд аз духтарҳо писар низ ато намуд. Илоҳо, умраш дарозу ризқаш фаровон шавад. Қӯшапир шавему ҳузури фарзандонро бинем». Ва ҳар доим мегуфт, ки аз ин дунё ман аз ту пештар рафтан мехоҳам...
«Эҳ, дунёи бешафқат, чунин хору зориҳо ба ман ҳам лозим нест. Парвардигор, амонататро гир... Додош, маро наздат ҷеғ зан, зиндагӣ кардан намехоҳам...»
Арӯси ноинсоф дар яке аз рӯзҳои сарди зимистон ба хонаи момо даромада либосҳои ӯро ба ҳавлӣ пош дод, бо куртаи нимдошт, камзӯли кӯҳна ва калӯши дарида фармуд, ки ба хонаи духтараш равад. Набераҳои «баору номус» ҳам ба рӯи кампири афтодаҳол дарро накушоданд. Духтари момо, ки дар бозор савдо мекард, омадани модарашро фаҳмида, бо телефон ба духтаронаш ким-чиҳо гуфт. Духтарони ӯ ҳам ба супориши модар итоат карда, ба рӯи момо хунукназарона дарро кушоданд.
«Аз духтаронам ҳаминаш беҳтар буд, акнун ӯ ҳам аз ман рӯ метобад...»
Модари зор барои як бурда нон не, барои қадраш гиря мекард: «Наход фарзандонам ҳастанду дар кӯчаҳои бекас ба як пиёла чойи гарм зор шуда гардам...». Хадичамомо аз оворагию сарсонӣ монда шуд ва ба гӯшае рафта нишаст. «Мана, додош, аҳволамро бин. То ин гуна рӯзро дидан, мурданам беҳ нест магар? Ба ҳеҷ кас лозим нестам. Келини ягонаат маро аз хона берун кард, аз остонаи духтаронат бармегардам. Гуноҳи ман чист? Дар куҷо хато кардам?» – Дар гулӯи момо ким-чӣ дармонд, забонаш гирифт, чашмонаш пури об шуданд...
«Бачаҳоям, ҳоло маро бисёр пазмон мешавед, аммо... ёфта наметавонед».
Ҳамин вақт ҷавони қоматбаландеро дид, ки ба Турсунбойи ягонааш монанд буд ва ба ӯ муроҷиат кард:
– Писарам, дар ҳамин атроф «Хонаи куҳансолон» мавҷуд буданашро фаҳмида будам, агар малол набошад, маро ба он ҷо бурда мемондӣ. 
Момо аз рӯймолчаи дасташ пулҳоро шумурда ҷудо ва ба ҷавон дароз кард. Ҷавон аз ин кори момо хиҷолат шуд ва «пулат лозим нест» гуфту кампирро ба хонаи куҳансолон роҳӣ карда истода пурсид:
– Холаҷон, фарзандонат ҳаст?
Дар чашмони момо ашк ҳалқа зад ва гуфт:
– Ҳеҷ кас надорам, писарам, танҳо ҳастам...
Баъди ба манзил расидан момо ҷавонро дуо кард. Ходимони хонаи куҳансолон ӯро хуш қабул карданд. Ӯ дар ин маскан шахсони наздик пайдо ва ба онҳо дарди дил изҳор кард. Момо мегуфт: «Хуб аст, ки подшоҳамон меҳрубону инсонпарвар. Дар ин хона барои ман барин муҳтоҷу бекас шароит муҳайёст, аммо мо ташнаи меҳр ҳастему ба роҳи фарзандонамон интизорем...»
Ҳанӯз чашми рӯз накафида, момо бедор шуд ва ба тиреза нигоҳ карда, бачаҳояшро як-як ном гирифт. «Дилсангҳоям, ман ҳам амонат ҳастам, ғанимат ҳастам...» гуфта оҳи чуқур кашид...
Аз байн чанд рӯз гузашту аҳволи момо бад шуд ва аз ҳаёт чашм пӯшид...
Шоҳ ҳам, гадо ҳам ташнаи меҳр аст...

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи 
С. БЕКНАЗАРОВА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: