ТАШРИФ БА ҶОПОН БОСАМАР БУД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ бо сафари расмӣ 17-20 декабр дар ин мамлакат буд

Инсонеро пайдо кардан душвор аст, ки бо мӯъҷизаҳои Ҷопон рӯ ба рӯ нашуда, аз технологияҳои олии ҳайратовари он ба ваҷд наомада бошад. Мо аз техникаҳои маишие, ки дар ин кишвар истеҳсол шудаанд, кашфиётҳои ғароиб ва ҳосили иқтидори зеҳнии инсон, дастоварди зеҳни табиӣ, ки бидуни онҳо алҳол наметавон ҳаёти моро тасаввур кард, истифода мебарем.
Барои дар мардум ташаккул додани мафҳумҳое чун «молҳои ҷопонӣ» ё худ «Сохти Ҷопон» ба халқи ин кишвар танҳо ним аср лозим омад. Вале дар ин давраи кӯтоҳ ҷопониён тавонистанд собит намоянд, ки ақли одамӣ, бидуни истифода аз захираҳои ғановатманди табиӣ ҳам, ба мӯъҷизаҳо қодир аст.
Воқеан бо вуҷуди он ки мардуми Ҷопон ҳамаро бо кашфиётҳои худ ба ҳайрат меоваранд, аз он заррае мағрур намешаванд, баръакс барои пешрафти худ беш аз пеш, хастанопазирона меҳнат мекунанд, саъй менамоянд, ки ба комёбиҳои афзунтаре ноил гарданд. Бинобар ҳамин ҳам дар кӯчаҳои Ҷопон одамонеро, ки оромона сайру саёҳат доранд ё худ истироҳат мекунанд, дучор намеоед, онҳо аз субҳ ба кор, шомгоҳ бошад, ба хона мешитобанд. Метавон бидуни муболиға таъкид намуд, ки ватанпарварӣ, меҳнатдӯстӣ ва тадбиркорӣ дар хуну ҷисми ин халқ ҷойгузин шудааст. Бинобар ҳамин ҳам Ҷопон дар олам бобати ҳаҷми истеҳсолот ва содироти технологияҳо  мақоми аввал дорад. 
Халқҳои ӯзбекистониву ҷопонӣ шабоҳатҳои зиёд доранд. Ба онҳо сифатҳои миллӣ ва ахлоқӣ, аз ҷумла меҳнатдӯстӣ, меҳру мурувват хос мебошад. Ҳамаи ин дар муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории тарафайни байни кишварҳои мо равшан инъикос меёбанд.
Тӯли солҳои гузашта Ӯзбекистон ва Ҷопон бобати рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷанбаи тарафайн ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Мамлакати мо ба дӯстии самимӣ, шарикии стратегӣ ва ҳамкориҳояш бо Ҷопон баҳои баланд медиҳад. Ҷопон Ӯзбекистонро дар минтақаи Осиёи Марказӣ шарики муҳим медонад.
Бинобар ҳамин ҳам ҳар ду ҷониб ба сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Кишвари тулӯи офтоб ҳамчун воқеаи муҳими таърихи муносибатҳои тарафайн, қадами арзишманд дар роҳи рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ, илмиву технологӣ баҳо медиҳанд.
Барномаи чорабиниҳои рӯзи сеюми сафари Президенти Ҷумҳурии  Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷопон бо вохӯрӣ дар Палатаи поёнии парлумони Ҷопон оғоз ёфт. Роҳбари давлати мо масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои байнипарлумонии ӯзбекистониву ҷопониро бо раиси Палатаи намояндагон Тадамори Осима муҳокима намуд. 
Бинобар баргузор кардани чорабиниҳои муштарак оид ба омӯзиши таҷрибаи парлумони Кишвари тулӯи офтоб ва вусъат додани мубодилаҳои тарафайн муоҳида ба имзо расид.
Дар анҷоми вохӯрӣ Президенти Ӯзбекистон ба раиси Палатаи поёнии парлумони Ҷопон нусхаи аввалини Сарқонуни Ҷопонро, ки бори аввал ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва дар кишвари мо ба нашр расидааст, туҳфа кард. 
Шавкат Мирзиёев ҳамчунин бо толори асосие, ки дар он ҷамъомадҳои Палатаи намояндагон баргузор мешаванд, шинос шуд. 
Роҳбари давлати мо бо президенти Палатаи мушовирони парлумони Ҷопон Акико Санто мулоқот кард. 
Ба сатҳи кунунии ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ба хусус мулоқоти фаъоли байни палатаҳои болоии мақомоти қонунгузории ду мамлакат дар доираи меморандуми муштарак, ки соли равон қабул гардид, баҳои баланд дода шуд. 
Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ӯзбекистониву ҷопонӣ баррасӣ шуданд. Мавҷудияти имкониятҳои зиёд дар соҳаҳои таълим, фарҳанг, варзиш, мубодилаҳои инсонпарварона таъкид шуд. 
Роҳбари давлати мо ҳамчунин бо толори таърихие, ки иҷлосияҳои Палатаи мушовирони парлумони Ҷопон гузаронида мешаванд, ошно шуд. 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар қароргоҳи Акасакаи Токио президенти Оҷонсии ҳамкориҳои байналхалқии Ҷопон (JICA) Синичи Китаокуро пазируфт. 
Дар оғози суҳбат роҳбари давлати мо ба роҳбарияти JICA барои ҳамкории бисёрсола, ки ба дастгирии ислоҳоти дар Ӯзбекистон татбиқшудаистода ва пешбурди барномаҳои афзалиятнок нигаронида шудаанд, миннатдорӣ изҳор кард. 
Ҳоли ҳозир маблағи маҷмӯи лоиҳаҳои муштарак аз 4 миллиард доллар гузашт. Барномаи нави дарозмуҳлати ҳамкорӣ ба маблағи умумии 3,5 миллиард доллар ба мувофиқа расид, ки лоиҳаҳои самти энергетикӣ, бозсозии саноат ва хоҷагии қишлоқ, экология, нигаҳдории тандурустӣ ва соҳаҳои дигарро дар бар мегирад.
Ба дастгирӣ кардани лоиҳаҳои тиҷорати хурду миёна, ҳамчунин вусъат додани мубодилаи соҳаи таълим эътибори махсус дода шуд.
Бобати коркарди «Харитаи амалиёт» бо мақсади таъмин сохтани татбиқи саривақтӣ ва босифати ҳар як лоиҳа дар ҳамкории Ӯзбекистон ва JICA муоҳида ба имзо расид. 
Дар Токио меъмори дар тамоми ҷаҳон маъруфи Ҷопон Тадао Андо лоиҳаи худро бинобар консепсияи рушди Осорхонаи давлатии санъати Ӯзбекистон муаррифӣ намуд. 
Тавре ки  маълум аст, таҷдид ва бозсозии маҷмӯии осорхонаи пойтахт пешбинӣ мегардад. Дар доираи лоиҳаи мазкур Бунёди рушди фарҳанг ва санъати назди Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон бо мутахассисони хориҷӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Дар байни онҳо меъмори Ҷопон Тадао Андо низ ҳаст. 
Дар ҷараёни вохӯрӣ меъмор лоиҳаеро, ки дар ҳамкорӣ бо директори осорхонаи «Албертина»-и Вена Клаус Шредер ва президенти ширкати «Алтернатив Велт» Адриан Барсан таҳия кардааст, муаррифӣ намуд.
Роҳбари давлати мо бинобар тайёркунии  лоиҳаи мазкур бо назардошти талаботи кунунии кори осорхонаҳо ва тарроҳиҳои пешқадами меъморӣ таклиф ва пешниҳодҳои худро иброз дошт.
19 декабр дар Токио чорабиниҳои асосии сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷопон баргузор шуданд. 
Дар қароргоҳи Кантэй маросими истиқболи расмӣ ба амал омад. Роҳбари давлати мо бо Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ вохӯрд. Дар пояи парчамҳои давлатӣ дастфишорӣ ба амал омад. 
Гимнҳои давлатӣ садо доданд. Шавкат Мирзиёев ва Синдзо Абэ аз назди қаровули фахрӣ, ки ба шарафи меҳмони олӣ саф ороста буд, гузаштанд. Ба роҳбарон намояндагони ҳайатҳои ду мамлакат муаррифӣ карда шуданд.
Сипас бо иштироки аъзои ҳайатҳо гуфтушунидҳои дуҷониба баргузор шуд.
Роҳбари ҳукумати Ҷопон Президенти Ӯзбекистонро самимона хайрамақдам гуфта, махсус зикр сохт, ки сафар дар соли аввали давраи «Рэйва» («Ҳамоиши зебо») баргузор мегардад. 
Аҳамияти махсусе, ки ҷониби Ҷопон ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегӣ бо кишвари мо медиҳад, таъкид шуд. 
Синдзо Абэ ба ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мешаванд, баҳои баланд дод ва изҳор намуд, ки онҳоро куллан дастгирӣ менамояд. Нақши ҷумҳурӣ бобати фаъол шудани ҳамкориҳои тарафайни минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ қайд гардид.
Дар навбати худ Президент Шавкат Мирзиёев ба ҷониби Ҷопон барои истиқболи гарм миннатдорӣ баён карда, халқи Ҷопонро бо оғози давраи «Рэйва» муборакбод намуд. 
Роҳбари давлати мо таъкид сохт, ки шарикии бисёрҷанбаи ӯзбекистониву ҷопонӣ ба дараҷаи сифатан нав бардошта хоҳад шуд. 
Ба ҳукумати Ҷопон барои дастгирии ислоҳот ва бозсозии иқтисодиёт дар Ӯзбекистон, ҳамчунин кӯмакаш бинобар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос миннатдорӣ баён карда шуд. 
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои идома додани гуфтушунидҳои пурмуҳтавои сиёсӣ баррасӣ шуданд. Қаробати мавқеъҳо оид ба рӯзномаҳои муҳими байналхалқӣ таъкид гардид. 
Фаъолшавии робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла дар доираи фаъолияти хуби Лигаи парлумонии дӯстии Ҷопон ва Ӯзбекистон бо қаноатмандӣ қайд шуд. 
Дастгирӣ кардани ислоҳоти иқтисодӣ дар мамлакати мо масъалаи асосии рӯзномаи мулоқот гардид.
Сарони ду мамлакат ҷонибдории худро барои минбаъд беҳтар кардани ҳаҷми савдои тарафайн, вусъат додани ҳамкориҳои сармоявӣ, технологӣ, молиявӣ ва молиявиву техникӣ иброз доштанд. 
Натиҷаҳои пурмаҳсули чорабиниҳои соҳибкорӣ, ки дар доираи сафари мазкури Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷопон гузаронида шуданд, бо қаноатмандии  амиқ таъкид гардиданд.
Татбиқсозии лоиҳаҳои пешомаднок дар соҳаҳои энергетика, ҷанбаҳои истихроҷ, мошинсозӣ, саноати кимиё, соҳаҳои кишоварзӣ, саноати бофандагӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок, пеш аз ҳама бо ҷалби сармояҳои бевосита ва технологияҳои пешқадами ширкатҳои бузурги Ҷопон ва бонкҳои он дастгирӣ карда шуданд. 
Сарони ҳайатҳо вусъатёбии шарикиро дар соҳаҳои молиявӣ ва молиявиву техникӣ бинобар хатти оҷонсии ҳамкориҳои байналхалқии Ҷопон дастгирӣ карданд.
Ғайр аз ин, масъалаҳои вусъат додани робитаҳои минтақавӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои ба роҳ мондани муҳоҷирати меҳнатӣ, таълим, нигаҳдории тандурустӣ, мубодилаи фарҳангӣ баррасӣ шуданд. 
Механизмҳои идоравии ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди лоиҳаҳои муштарак бинобар самтҳои асосӣ мувофиқа гардиданд.
Дар хотима ҷонибҳо аз натиҷаи гуфтушунидҳои бамиёномада қаноатмандии амиқ изҳор карда, садоқати қатъии худро бобати ба роҳ мондани даврони нави муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии  стратегӣ иброз доштанд.
Сарвазири Ҷопон Синдзо Адэ даъвати  Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро оид ба  сафар ба кишвари мо дар муҳлати барои ӯ мусоид бо миннатдорӣ пазируфт.
Бинобар натиҷаи гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ маросими ба имзо расонидани ҳуҷҷатҳои дуҷониба ба вуқӯъ пайваст.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ Изҳороти муштарак дар бораи минбаъд амиқсозӣ ва вусъатдиҳии муносибатҳои шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва Ҷопонро имзо карданд.
Мубодилаи имзогузории шартномаҳо доир ба ҳамкорӣ  дар соҳаҳои андоз ва гумрук, ҳамчунин бобати татбиқ намудани лоиҳаҳои бузурги сармоявӣ ва инфрасохтор байни ҳукуматҳои ду мамлакат  ба амал омад. 
Ғайр аз ин, дар доираи сафари ҳайати Ӯзбекистон беш аз даҳ ҳуҷҷат оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, сайёҳӣ, илм, инноватсияҳо, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, таълим ва варзиш, ҳамчунин байни минтақаҳо ба имзо расиданд.
Сипас сарони ду мамлакат дар назди намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ баромад карданд.
Роҳбари давлати мо зикр сохт, ки рушд ва вусъати минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанба ва муфиди тарафайн бо Ҷопон аз ҷумлаи афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ба шумор меравад.
– Имрӯз мо пешомади робитаҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва сармояҳо, инноватсияҳо, тиҷорати хурду миёна, илму таълим, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг ва соҳаҳои дигарро ҳамаҷониба муҳокима кардем ва ба шартномаҳои муҳим муваффақ шудем, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Дар доираи сафар муоҳидаҳо бинобар лоиҳаҳои бузург бо ширкатҳо ва ташкилотҳои номвари Ҷопон ба имзо расиданд. Ин лоиҳаҳо, пеш аз ҳама, бо он хотирмон мебошанд, ки ба  ҷалби дастовардҳои пешқадами илми Ҷопон ва технологияҳои олӣ ба иқтисодиёт Ӯзбекистон нигаронида шудаанд.
Дар навбати худ Сарвазири Ҷопон ба сиёсате, ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев бинобар озодкунии иқтисодиёти мамлакат татбиқ мешаванд, баҳои баланд дод, изҳори эътимод карда шуд, ки маҷмӯи азими ҳуҷҷатҳои ба имзорасида ба афзудани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ ва маданиву инсонпарваронаи байни кишварҳои мо мусоидат хоҳанд кард,
– Мо якҷо бо ҷаноби Президент, бо назардошти Изҳороти муштарак даст ба дасти ҳам дода, барои рушди ҳамкориҳо оид ба тамоми самтҳо  кор хоҳем кард, – изҳор дошт  Синдзо Абэ. 
Қаробати мавқеи ҷонибҳо бинобар масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналхалқӣ тасдиқ карда шуд.

***

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 20 декабр дар шаҳри Токио бо Императори Ҷопон Нарухито мулоқот намуд.

Император меҳмони олирутбаро хайрамақдам намуда, қайд кард, ки ин ташриф дар мустаҳкам намудани муносибати дӯстона ва шарикии стратегии Ӯзбекистон – Ҷопон воқеаи муҳим гардида,  муносиботи дуҷонибаро аз лиҳози сифат ба дараҷаи нав мебардорад.
Роҳбари давлат ба Император Нарухито эҳтироми амиқ изҳор намуда, таъкид кард, ки дар даврони нави «Рейва» Ҷопон муттасил инкишофро давом дода, нуфуз ва фаровонии аҳолии мамлакат боз ҳам афзун мегардад.
Ба шарафи ташрифи Президент Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Императори Ҷопон Нарухито маросими пазироӣ ба вуқӯъ пайваст.
Алоҳида бояд таъкид кард, ки ташрифи роҳбари давлат ба кишвари Тулӯи офтоб бо ҳамоишҳои зиёди худ тафовут дошт. Шавкат Мирзиёев дар доираи ташриф аввал ба шаҳри Нагоя рафта, чандин мулоқот баргузор намуд. Ба Донишгоҳи Нагоя, ки аз масканҳои таълими олии бонуфузи ҷаҳон ба шумор меравад, ташриф фармуд.
Дар ин ҷо бахшида ба супурдани унвони доктори ифтихорӣ ба Президент маросим баргузор гардид. Ҳамин тариқ санаи 18 декабр дар таърихи мамлакатамон ва Донишгоҳи Нагоя муҳр баст. Чунки ба роҳбари Ӯзбекистон супурда шудани унвони доктори ифтихорӣ рамзи он аст, ки маҳз илм ва таълим чун ояндаи тараққиёти мамлакат интихоб гаштааст ва  он аз ҷониби чунин давлат мисли Ҷопони тараққиёфта эътироф гардид. Аз ҷиҳати дуюм Шавкат Мирзиёев дар байни пешвоёни мамлакатҳои ҷаҳон нахустин Президенте мебошад, ки соҳиби доктори ифтихории Донишгоҳи Нагоя гардид.
Мулоқотҳои роҳбари давлат дар Токио низ босамар буд. Дар ин ҷо бо муовини Сарвазири Ҷопон, вазири молия Таро Асо, фаъолони созмони дӯстии «Ӯзбекистон – Ҷопон» дар парлумон ва ҳамчунин бо намояндагони ширкат ва бонкҳои пешқадами мамлакати Тулӯи офтоб мулоқотҳо баргузор гардиданд. Зимни музокирот истиқболи бисёр лоиҳаҳои муштараки муфиди тарафайн муҳокима гардиданд.
Рӯзи сеюми ташриф ба Ҷопон бо раиси Палатаи намояндагони парлумони мамлакат Тадамори Осима, президенти Палатаи мушовирон Акико Санто мулоқот ба вуқӯъ пайваста, масъалаҳои боз ҳам ривоҷ додани муносибати байни парлумонҳои ду мамлакат баррасӣ гардиданд.
Мамлакати Тулӯи офтоб ислоҳоти инкишофи иҷтимоиву иқтисодии Ӯзбекистонро ҳамеша дастгирӣ менамояд. Дар мулоқот бо президенти Агентии ҳамкории байналхалқии Ҷопон (JICA) Синичи Китаока, инчунин бо меъмори ҷопонии маъруфи ҷаҳон Тадао Андо дар бобати рушди истиқболи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтори мамлакатамон табодули афкор ба амал омад.
Чорабиниҳои асосии ташрифи расмӣ ба Ҷопон 19 декабр дар қароргоҳи Кантэйи Токио ба вуқӯъ пайваст. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ дар иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду мамлакат музокира намуд.
Дар поёни гуфтугӯҳои дараҷаи олӣ Изҳороти муштарак дар бораи минбаъд амиқсозӣ ва инкишоф додани муносибати шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва Ҷопон, ҳуҷҷатҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, қарордодҳои сармоягузорӣ ва алоқаҳои тиҷоратӣ ба имзо расиданд.
Бо ҳамин ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷопон ба поён расид.
Роҳбари давлат ба шаҳри Санкт-Петербург барои иштирок дар ҳамоиши ғайрирасмии ИДМ рафт.

Матназар ЭЛМУРОДОВ,
хабарнигори махсуси ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: