ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ БА ХАЛҚ ИЛҲОМ БАХШИД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои шинос шудан бо оқибатҳои офати табиӣ, муайян намудани чораҳои зарурӣ барои барҳам додани онҳо ва бевосита мулоқот намудан бо аҳолӣ 28 апрел дар вилояти Бухоро шуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои шинос шудан бо оқибатҳои офати табиӣ, муайян намудани чораҳои зарурӣ барои барҳам додани онҳо ва бевосита мулоқот намудан бо аҳолӣ 28 апрел дар вилояти Бухоро шуд.

Шамоли сахте, ки 27 апрел аз Туркманистон ба қаламрави кишвари мо вазида буд, ҳаёти аҳолиро зери хатар гузошта, ба инфрасохтор ва заминҳои кишоварзии вилоятҳои Бухоро, Навоӣ, Самарқанд ва Қашқадарё зарари ҷиддӣ расонд. Дар баъзе минтақаҳо суръати шамол дар як сония ба 40 метр расид. Бахусус офати табиӣ ба вилояти Бухоро зарари ҷиддӣ расонд. Ҳамин тавр, якчанд шаҳрвандон осеб диданд, як нафар мурд. Бар асари офат иншооти инфрасохторӣ, воситаҳои нақлиёт, хонаҳо хароб гардида, майдонҳои кишт зарар диданд.

Дар байни халқ буда, бо ташвиши одамон зистан, беҳтар кардани шароити зиндагии онҳо –  тамоюлҳои асосии фаъолияти Президенти кишвар мебошад. Роҳбари давлати мо, сарфи назар аз мавҷудияти бисёр масъалаҳои мубрам дар шароити пандемия ва номусоиди иқлим, то ки ба мардум илҳом бахшад, фавран роҳи вилояти Бухороро пеш гирифт.

Президент Шавкат Мирзиёев бо чархбол парвоз карда, бо вазъ дар ноҳияҳои Қарокӯл ва Олот шинос шуд.

Дар маркази ноҳияи Олот бо сокинони маҳаллӣ ва фаъолон мулоқот кард.

Роҳбари давлат бо таассуф таъкид кард, ки тӯфони рӯзҳои охир офати ғайричашмдошт ва қаблан мушоҳиданашуда гардид, ки ба ҳаёти одамон, фаъолияти кишоварзӣ ва соҳаҳои дигар таъсири манфӣ расонд.

– Шумо натиҷаи тамоми чораҳои ташкилии дар давраи пандемияи коронавирус ва тартиби қатъии аз ҷониби мо андешидашударо мебинед. Мо барои наҷот додани ҳаёти ҳар як шаҳрванд 24 соат кор мекунем. Ин озмоиш ҳамаи моро фаро гирифт. Тавре ки ман аллакай қайд карда будам, мо аз ин озмоиши мураккаб боз ҳам муттаҳидтар шуда, ҳатто боз ҳам қавитар ва бо ҳамдигар дилсӯз шуда мебароем. Офати табиӣ боз як озмоиши навбатӣ гардид. Ман шахсан омадам, ки ҳама чизро бевосита дида, ба шумо илҳом бахшам. Мо ҳамаи маълумотро  дорем. Мо то ҳадди зарурӣ маблағ ҷудо мекунем. Ягонто хона, корхона, хоҷагии фермерӣ зарар намебинад. Вазифаи муҳимтарин ин ҳифзи тартибот ва муҳофизати одамон аст, – гуфт Президенти мамлакат.

Роҳбари давлат қайд кард, ки ба ҳарос дода нашуда,  корҳои ҳаррӯзаро  идома додан муҳим аст. Оид ба фавран бартараф намудани оқибатҳои офат, таъмири манзил ва объектҳои инфрасохтор, расонидани кӯмакҳои ҳамаҷониба ба аҳолӣ супоришот дода шуданд. Чораҳои фаврии ба соҳаи кишоварзӣ, бахшҳои иқтисодиёт ва бехатарии ҷамъиятӣ  марбут муайян шуданд.

Ба раисони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо дастур дода шуд, ки ба ҳар як хона ташриф оварда, ба мардум фаҳмонанд, ки набояд дар ташвиш бошанд, зарари расонидашуда дар рӯзҳои наздик бо риоя намудан ба қоидаҳои карантинӣ бартараф карда мешавад. Ба ҳокимони ноҳияҳои Қарокӯл ва Олот зарурати дар ин рӯзҳои душвор муттаҳид намудани одамон ва нишон додани ба чӣ гуна корҳо қодир буданамон зикр гардид.

Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки дар ин рӯзҳои душвор васеъ гардондани сафи соҳибкорони олиҳиммат ва саховатманд, ки ба ҳаракати умумихалқии "Саховат ва кӯмак" ҳамроҳ мегарданд,  омили муҳими ободонии маҳаллаҳо ва минтақаҳо хоҳад шуд.

– Ҳамаи саъю кӯшишҳои дар се соли охир андешидашуда, дар болои худ ҳамарӯза кор кардан, ҷустуҷӯҳои пай дар пай, пеш аз ҳама, ба қаноатманд гардондани мардум, таъмини манфиатҳои онҳо нигаронида шудаанд. Агар дар ин рӯзҳои мураккаб  мардуми олиҳиммати мо муттаҳид шуда, ба корҳои давлат кӯмак расонанд, мо албатта ин озмоишро рафъ хоҳем кард, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Президент Шавкат Мирзиёев ҳангоми сафари худ ба вилояти Бухоро ба мақбараи Баҳуддин Нақшбанд ташриф овард.

Дар рӯзҳои Рамазони муборак аз даргоҳи Худованд ба халқамон сулҳу оромӣ, аз ҳар гуна офатҳо дар паноҳи худ нигоҳ доштанро хоста дуо хонда шуд.

Президенти кишвар ба масъалаҳои муҳими ба амиқ омӯхтани дини муқаддасамон, мероси илмии гузаштагони бузург дар ин самт алоҳида истода гузашт.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Бухоро ба роҳбарони вазорату идораҳо бинобар барҳам додани оқибатҳои офати табиӣ, дастгирӣ намудани аҳолӣ, фермерон ва соҳибкорон супоришот дода шуданд.

Бо ҳамин сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Бухоро хотима ёфт. Сарвари давлат худи ҳамон рӯз ба Тошканд баргашт.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: