ТАШВИҚОТИ ПЕШАЗИНТИХОБОТӢ ШУРӮЪ ШУД

19 ноябри соли ҷорӣ дар Маркази байналхалқии матбуот маҷлиси васеи навбатии Комиссияи марказии интихобот баргузор шуд.

Дар он раиси КМИ М. Абдусаломов таъкид намуд, ки бо барӯйихатгирии номзадҳо ба депутатӣ зинаи нав ва боз ҳам муҳими ҷараёни интихобот – ташвиқоти пешазинтихоботӣ шурӯъ гардид. Ҷараёни мазкур дар асоси талаботи қонунгузории интихобот амалӣ мешавад.
Рӯйихати номзадҳое, ки ба депутатӣ пешбарӣ шудаанд, дар матбуот эълон гардид. Акнун шаҳрвандони мо ба номзадҳои муносиб овоз дода, онҳоро ба депутатӣ интихоб мекунанд.
Мувофиқ ба моддаи 42-юми Кодекси интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳизби сиёсие, ки ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис номзад пешниҳод намудааст, қарори худро дар бораи ба номзадии депутатӣ пешниҳод кардани ин ё он шахс ҳақ дорад, ки дераш то понздаҳ рӯз то интихобот бекор кунад. 
Дар маҷлис муроҷиатҳо дар бораи аз рӯйихати номзадҳо ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис баровардани С. Холиқов, ки аз ҷониби Ҳизби экология аз ҳавзаи интихоботии рақами 78-уми Ҷарқӯрғон нишон дода шудааст, З. Зиёдуллоев, ки бо ташаббуси ҲСД Ӯзбекистон «Адолат» аз ҳавзаи интихоботии рақами 4-уми Амударё ба сифати номзад пешбарӣ гардидааст, дида баромада, қонеъ кунонда шуд.
Ба ин муносибат шахсони зикршуда аз мақоми номзадӣ ба депутатии Палатаи қонунгузорӣ маҳрум карда шуданд.
Дар маҷлис таъкид гардид, ки депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Қирғизбоев ба муносибати он ки ба ҳайси мудири департаменти рушди забони давлатии Девони Вазирон таъин гардидааст, бинобар дархости худи ӯ масъалаи оиди пеш аз муҳлат ба охир расондани ваколати депутатиаш низ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот дида баромада, қарор бо як овоз маъқул дониста шуд.
Тайёрӣ ба интихобот ва равшаннамоии ҷараёни баргузоршавии он ба зиммаи воситаҳои ахбори оммавӣ масъулияти калон мегузорад. 
Бинобар равшаннамоии маъракаи интихобот аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот боз як гурӯҳи журналистони ватаниву хориҷӣ аз қайд гузаронда шуданд. Ба сифати маълумот қайд кардан зарур аст, ки то имрӯз КМИ беш аз 225 журналистони маҳаллӣ ва беш аз 60 нафар журналистони хориҷиро ба рӯйихат гирифт. 
Дар маҷлис бинобар ташкил кардани қитъаҳои интихоботие, ки дар Фаронса ифтитоҳ гардидааст, бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ӯзбекистон дар Фаронса Сардор Рустамбоев алоқаи мустақим барқарор карда шуд. Дар сафоратхонаи Ӯзбекистон воқеъ дар шаҳри Париж 1-то қитъаи интихобот ташкил гардидааст.
Барои овоздиҳии интихобкунандагон ҳама шароит фароҳам оварда мешавад. Бинобар ин, қитъаи интихобот ташкил карда шуд. Мувофиқ ба Кодекси интихобот аз ҷониби сафорат тартиб додани рӯйихати интихобкунандагоне, ки барои интихоботи мазкур майл зоҳир намудаанд, шурӯъ шудааст. Барои шаҳрвандон боз як созгорӣ фароҳам оварда шуд: барои он ки интихобкунанда аз рӯйихати электронӣ пешакӣ ҷой гирад, имкони муроҷиат тавассути http://saylov.mfa.uz мавҷуд аст.
Дар маҷлис ахбори шуъбаи вилояти Қашқадарёи Маркази байналхалқии матбуот дар бораи омодагӣ ба ҷараёни интихобот шунида шуд. Бинобар маълумоти дастрас тавассути рӯзномаҳои даврии вилоят беш аз 145 мавод ба нашр расидааст.

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: