Меҳру оқибати байниякдигарӣ миёни ҳамаи халқҳои дунё мавҷуд.
Вале чунин ба назар мерасад, чунин ришта ба сифати яке аз зеботарин шаклҳои арзиши миллию маънавӣ байни мардуми мо ҷиҳатҳои ба худ хос дорад.
Маълум, ки дар урфу одат, анъана, тӯй ва маърака, маросимҳои гуногун, қабл аз ҳама, дунёи маънавии халқ таҷассум меёбад. Чӣ дар рӯзҳои хурсандӣ, чӣ дар рӯзҳои ташвиш, ки рӯзгор аз маҷмӯи онҳо таркиб ёфтааст, одамон сарҷамъ шуда, коре, ки пеш истодааст, бо маслиҳат пеш мебаранд. Русуми аҷдодӣ бобати гузаронидани тӯй ва маъракаҳо мӯҷиби ифтихори мост. Камхарҷ, зебо, пурмазмун ташкил шудани онҳо ҳамеша талқин шуда омадаанд.
Падар ва бобоёни мо бо таровати ба худ хос ва файзнок суратгирии тӯйҳои пештараро гаштаю баргашта хотиррасон менамоянд. Мегӯянд, пештар тӯйи як хонадон ба шодиёнаи тамоми маҳалла табдил меёфт. Ҳамсоя, хешу табор ва аҳли маҳалла гӯё маҳз барои изҳори ниятҳои нек ба хонадони тӯйдор қадам мегузошт. Пиру ҷавон дар атрофи дастурхон шукронаи неъмат сохта, тӯйдорро муборакбод намудаву ба аҳли хонадон рӯзҳои аз ин ҳам нек ва саодатнишон хоста, суҳбатҳои ширин меоростанд. Ҷавонон дар хидмат буданду калонсолон дар иззат. Ҳурмат ва эътибори аз ҳама зиёдтар нисбати мӯйсафедон зоҳир мешуд. Ҷамъомадагон баробари истироҳат то дараҷае ба чизҳои нав, маълумоти тоза оиди одобу ахлоқ, маънавият ва таҷрибаҳои пешқадами ҳаётӣ шинос мешуданд.
Зимнан, тӯй ё маърака кори шахсии соҳибхона ҳисоб намеёфт. Кори ҳамагон буд он ба ҳисобе. Қабл аз тӯй «ба мо чӣ хидмат?» гӯён омадани ҳамсоягон таомули хос буд. Норасоиҳо дар якҷоягӣ буд карда мешуданд. Бо шарофати ин дидорбиниҳо, риштаҳо мустаҳкамӣ касб мекарданд. Баъди чанд рӯзи тӯйҳои арӯсию суннатӣ файз ва як рӯҳи идона хонадонро тарк намекард.
Бӯи мушку бӯи ҳино мекунад,
Хонаи чун бӯстони наварӯс.
Лолаи боғу чаман бишкуфтааст,
Бар дару бар остони наварӯс.
Ҷуз ин бӯи меҳру оқибати азалии мо мекард хонадони тӯйкарда.
Ҳоло-чӣ?
Замонҳо тағйир ёфтанд. Албатта, намегӯем, ки меҳру оқибат аз байн рафт. Вале бо то андозае дараҷаҳои дигар касбнамоии рӯзгори мардум акнун чизе, ки ҳамсояро ба ҳамсоя, маҳалларо ба маҳалла мепайваст, он риштаи пештара нест. Тавре ба назар метобад, одамон ба тӯйҳо гӯё барои хӯрдан-нӯшидан ва маҳз хурсандӣ кардану дами беғам задан меоянд. Ба соҳиби маърака ташвиши дигар зам шудааст: таъмири замонавии манзил ва ҷиҳозонидани он. Онҳое, ки «хуш омадед» мегӯянд, кирояанд ва барои хидматгузорӣ нағзакак ҳақ мегиранд. Қатори меҳмонон мешавад ҳамсояи девордармиён низ аз дарвозахона даромада, аввал ба чаҳор самт – хонаву иморатҳои соҳибтӯй зеҳн монад. Ин аст баъзеҳо шӯхиомез мегӯянд: «Ба ошхӯрӣ не, ба хонатамошо рафтем».
Қисме аз соҳибтӯён, ҳамин тарз, нафақат бо харҷҳои гӯшношуниду дастархонҳои шоҳона, ҳамчунин бо иморатҳои қасрмонанд, ороишоти махсуси булаҷаби ҳавлӣ сарвати худро менамоянд.
Панҷ панҷа баробар нест. Дар маҳаллаҳо ҳар хел одамон зиндагӣ мекунанд. Баъзеашон дар манзилҳои оддӣ базӯр рӯз мегузаронанд. Ин табақа тӯй ва маъракаҳои худро чӣ тарз бояд гузаронанд?
Дар шаҳр, тавре мушоҳида кардаем, одамон «ба кӯрпаи худ нигоҳ карда пой дароз мекунанд». Ҳар кас ба ҳоли қудрат ва имконият. Ҳамсояам дар фалон тӯйхона маърака гузаронд, ман низ бояд аз ӯ кам набудани худро исбот кунам, гӯён шахси камтаъмин зӯр намезанад. Зӯри беҳуда – бинобар ба бой «таассуб» сохта, харҷи беандоза сохтану «миён шикастан»-ҳо асосан, дар деҳот. Ӯ кӣ ва ман кӣ намегӯянд. «Вай кард, ман низ бояд кунам». Дигар, дар шаҳрҳо тӯйхона бисёр, ба киса нигоҳ карда, имконияти интихоб кардан мавҷуд. Вале дар ҳудудҳо чунин имконият камтар. Модоме маъракаи худро дар тӯйхона гузаронданист, ночору сарватманд водор мегардад дар як тӯйхона гузаронад.
Маърака дар тӯйхона ҷиҳати хуб дорад: даъватшудагон дар як вақти муайян меоянд ва мераванд. Ташвиши косаю табақ нест...
Вале нархи тӯйхонаҳо, ҳатто тӯйхонаҳои нисбатан арзон, на ҳамеша ба кисаи соҳибтӯй созгор.
Қисме аз аҳолии деҳот низ дар манзилҳои бисёрошёна истиқомат мекунанд. Ё гарчӣ дар ҳавлианд, бинобар тангии ҷой аз имкони меҳмони зиёд қабул кардан бебаҳраанд. Бинобар ҳамин хуб мешуд чӣ дар шаҳр ва чӣ дар деҳот маъракаҳо дар гузари маҳалла – агар вуҷуд дошта бошад, ташкил карда шаванд.
Ҳурмати одам баланд. Ҳурмати меҳмон боз баланд. Пул равад, обрӯ наравад, гуфта, рӯи мизро бо анвои таом ва нӯшокӣ пур мекунем. Шоколад, пиставу бодом... Меваҷот дар зимистон ва аввалбаҳор дар бозорҳо камёфт ва қиммат. Банан ё анҷир фалон пул. Ангурҳои ҳусайнӣ, масалан, то 70-80 ҳазор сӯмӣ мебарояд. Вале рӯи дастархон бояд гузошта шавад...
Ҳурмат гӯем ва бе «миёншиканӣ»-и оилаҳои ниёзманд лоқайд нигарем, хуб аст?
Гоҳо дастархони бойи мо ба исрофкорӣ сабаб намегардад?
Тӯйҳои ҳозира ҷиҳатҳои хуб надоранд? Доранд, албатта. Оқибат ва одамгарӣ, ки барқарор, вақте таклиф шудем, ба рафтан ҳаракат мекунем. Гоҳ субҳи бармаҳал, гоҳ, масалан, соати ёздаҳ – дар вақти кор. Вале наравӣ, чӣ хел мешавад? Меравӣ, ҳама корро гузошта. Душворӣ масалан, дар шаҳри азими Тошканд боз дар он ки тӯйхонаҳо хеле зиёд. Тӯйхонаҳо дар мавзеъҳои нав бунёд мегарданд, ки куҷо будани онҳоро ёфтан ва дар вақташ расида рафтан ташвишҳои ба худ хос дорад. Мекобӣ, меёбӣ, ба гузоштани мошин ҷой нест. «Гарон» афтоданаш мумкин зиёфат. Бо ин гуфтанием, ба тӯйҳо, қабл аз ҳама, барои иҷрои қарзи инсонӣ, ҳурмати одам ва канда нашудани риштаҳои меҳру оқибат мераванд шаҳриҳо. Ва барои озуқаи маънавӣ гирифтан: амри маъруфе, ки чанд дақиқа давом мекунад, мазмуни чанд соат дарси тарбиявиро дар худ муҷассам карданаш мумкин.
Бале, ба тӯйҳо маҳз ба хотири зиёфат намераванд. Вале аз миёни одамони зиёд боз нафароне ба чашм хӯрданашон мумкин, ки гӯё маҳз ба «шикамчаронӣ» омадаанд. Ба ину он даст дароз мекунанд. Майлаш, ош шавад. Вале бо рӯи дастархони тозаи тӯйхонаро пури пучоқ сохтанҳо савоби бештар мерасида бошад?
«Баррачеки масти ман» ном шеъри Деҳотӣ ба хотир мерасад, ки байте дорад:
Наоӣ, медиҳам ба гов,
Ки мехӯрад фашар-фушур.
Баъзан, бинобар тангии ҷой ва бисёрии меҳмон, даъватшудагонро бо навбат медароранд.
Барои гузаронидани тӯй ё шодиёнаи як ё дурӯза чӣ қадар заҳмат мекашем, тайёрӣ мебинем. Пуламон нарасад, қарз мегирем. Чӣ будани балои қарз ва чӣ қадар мушкилии соф кардани он ба ҳамаамон маълум. Пештар ёру дӯст ба кӯмаки тӯйдор омада, борашро сабук мекарданд, гуфтем дар оғози сухан. Ва бо ин риштаҳои меҳру оқибат боз мустаҳкам мешуданд. Акнун тӯйдор қарз гирад ва дар вақташ пардохта натавонад, байни ӯ ва ёру дӯсти қарздода сардиҳо ба амал намеоянд?
Дар бораи роҳ нагузоштан ба маъракаҳои сердабдаба фармон ва қарорҳо баромаданд. Фаъолон дар ҷойҳо барои татбиқи амалии ин ҳуҷҷатҳо, ки ба хотири душворӣ накашидани мардум қабул шудаанд, ҳаракат мекунанд. Намунавӣ ташкил шудани тадбирҳои оилавӣ омили муҳими тарзи солими зиндагӣ буданашро ба омма мефаҳмонанд. Чорабиниҳо самара бахшида ва тӯйҳо ба тартиб андохта мешаванд, вале як муддати муайян халос. Баъд «мусобиқа» боз барқарор шуда, зумрае тӯйро ба воситаи худнамоишдиҳӣ табдил медиҳанд. Як-ду нафар, ки худро нишон дод, иқдоми номатлуб зуд ба «расм» табдил ёфта, ба дигарон сироят мекунад. Ҷабрро пештар оне мекашад, ки бо арақи ҷабин ва меҳнати ҳалол рӯзгор ҷунбонда, нахӯрда ва напӯшида маблағ ғун кардааст.
Дарвоқеъ, тӯй, хусусан тӯйи арӯсӣ, ҷуз аз дастурхону зиёфат боз ташвишу тараддудҳои зиёд дорад, ки харҷи калонро талаб мекунанд. Масалан, мебел ва дигар ҷиҳозҳо. Ба иҷора гирифта шудани гулҳои ороишӣ, либоси арӯсӣ ва мошинҳои замонавӣ низ миллионҳо сӯм. Маош ё даромади оилавӣ мутобиқат мекунад ё не? Баъди тӯй хонаи тӯйдор бӯи меҳру оқибат кунад ё бӯи қарз?
М.ШОДИЕВ.