Дар соли хониши 2017-2018 дар вилояти Сурхондарё талабу дархости мардумро ба инобат гирифта филиали Донишгоҳи давлатии Термиз дар Деҳнав таъсис дода шуд.
Баъдан 17 апрели соли 2020 Қарори Президент “Дар бораи чораву тадбирҳои васеъ намудан ва минбаъд такмил додани раванди тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар вилояти Сурхондарё” қабул карда шуд. Мувофиқи ин қарор филиали мазкур ба Институти соҳибкорӣ ва омӯзгорӣ табдил дода шуд. Ин институт муассисаи давлатии таълими олии дорои мақоми шахсӣ-ҳуқуқӣ ба шумор меравад ва ба системаи Вазорати таълими олӣ ва махсус дохил мешавад.
Ҳини таъсис додани институти мазкур дар Қарори Президент махсус таъкид гардидааст, ки он бо профессорону муаллимони баландихтисос, ки дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ таҷрибаи амалӣ доранд, дар асоси интихоб таъмин карда шаванд. Доктори фанҳои филологӣ, профессор Ғанишер Раҳимов роҳбари ин муассисаи таълими олӣ таъин гардид.
Фаъолияти институт аз соли хониши 2020-2021 оғоз гардид. Мақсади асосии дар ин минтақа ташкил намудани он сабабҳои амиқ дорад. Гарчанде ки барои дастгирӣ намудани хоҳиши ҷавонон ба гирифтани маълумоти олӣ дар ноҳияҳои дурдасти мамлакатамон тадбирҳои муайян андешида мешаванд, вале ин тадбирҳо кофӣ нестанд. Дар натиҷа шумораи муайяни хатмкунандагони мактабҳо ва донишкадаҳои миёнаи махсус маҷбур мешаванд, ки ба мактабҳои олии мамлакатҳои хориҷӣ рафта таҳсил кунанд. Дар ду соли охир аз вилояти Сурхондарё қариб 7500 нафар ҷавонон барои таҳсил ба мактабҳои олӣ ба кишварҳои ҳамсоя рафтаанд.
Бо мақсади дар сарҳадҳои ҷанубии кишварамон ба сатҳи нав баровардани низоми тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва баҳри бо технологияи пешқадами педагогӣ таҳсил кардани ҷавонон имкониятҳои нав фароҳам оварда шуд.
Яъне, бо мақсади таъмин намудани иҷрои консепсияи бо мутахассисони баландихтисоси соҳибкорӣ, педагогӣ таъмин гардонидани минтақаҳои ҷанубӣ талабу дархостҳои аҳолӣ, шӯрои депутатҳои халқи вилояти Сурхондарё ба инобат гирифта шуд ва дар Деҳнав, ки ноҳияи сераҳолӣ ба ҳисоб меравад, институти мазкур таъсис дода шуд.
Чунон ки маълум мешавад ба зиммаи институт вазифаҳои беҳад муҳим вогузор шудааст. Азбаски дар вилояти Сурхондарё шумораи тоҷикон зиёданду дар 82 мактаб таълим ба забони тоҷикӣ ва тоҷикӣ-ӯзбекӣ бурда мешавад ва қисми асосии тоҷикон дар минтақаи шимолӣ, яъне Олтинсой, Деҳнав, Сариосиё ва Узун зиндагӣ мекунанд, зарурати таъмини кадрҳои баландихтисос бештар ҳис карда мешавад. Аз ин рӯ, талаботи мардумро ба ҳисоб гирифта дар соли хониши 2022-2023 дар институти мазкур 4 гурӯҳи тоҷикӣ таъсис дода шуд ва қабули ҳуҷҷатҳо имрӯз ба поён расид. Дар соли хониши 2022-2023 дар Донишкада барои довталабон гурӯҳҳои зерини тоҷикӣ ташкил карда шуд:
1. Таълими томактабӣ – 5 нафар грант ва 15 нафар шартномавӣ;
2. Таълими ибтидоӣ – 5 нафар грант ва 10 нафар шартномавӣ;
3. Таълими фанни математика ва информатика – 5 нафар грант ва 10 нафар шартномавӣ;
4. Таълими фанни биология – 5 нафар грант ва 10 нафар шартномавӣ.
Ин аст имконияти Ӯзбекистони Нав барои тоҷикон. Аз он бояд самаранок истифода бурд. Боз чизи дигарро низ зикр карданием, ки барои дар оянда боз ҳам васеътар ва бисёртар ташкил намудани гурӯҳҳои тоҷикӣ имсол чӣ қадар ҳуҷҷат супоридани довталабон аҳамияти муҳим дорад.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти СУРХОНДАРЁ.