ТАСВИРГАРИ БОҲУНАРИ ХУШИВУ РАНҶҲОИ ЗИНДАГӢ

(Андешаҳо дар ҳошияи осори Юнуси Имомназар)

Юнуси Имомназар аввали соли 1964 дар хонаводае аз табақаи мутавассит дар рустои Эҷи Нурато зода шуд. Падараш духтур ва модараш зани ҳунарманд ва гӯяндаи сурудҳои мардумӣ буд. Таҳсилоти миёнаро дар зодгоҳаш гирифта, сипас дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон омӯзишро идома дод. Ҳоло дар ширкате ҳамчун тарҷумон ва коргузор хидмат мекунад.
Осори пурарзиши ӯ –  сафарномаи «Аз гулгашти Мусалло то Нақши ҷаҳон», маҷмӯаҳои насри бадеии «Аз санг сахт, аз гул нозук», «Ҷоми саргардон», рисолаи тадқиқотии «Деҳаи зархез» ва дигар таълифоташ баёнгари ҷустуҷӯҳои босамари бадеӣ ва чеҳраи хоси нависандагии ӯянд.
Юнуси Имомназар аз чанд ҷиҳат нависанда ва муҳаққиқи нодир аст: нахуст ин ки дар риштаи забон ва адабиёти форсиву тоҷикӣ шахси ихтисосманд буда, забон ва қонунмандиҳои адабиёт, аз ҷумла, осори бадеиро хуб медонад; дигар ин ки тафаккури бадеии ӯ дар заминаи воқеиятҳои зиндагӣ шакл гирифта, намояндаи насри вуқӯъгарост ва барои такмилу таҷдиди ин навъи наср талоши мустақим дорад; ниҳоят, дар роҳи эҷод мустақил буда, пойбанди тақлиду пайравӣ нест, балки навиштаҳояш мӯҳри инфиродӣ доранд. Ба ин далел меарзад, ки баъзе мулоҳизаҳоро доир ба эҷодиёти ӯ баён намоем.
Чунон ки ишора ҳам шуд, Юнуси Имомназар нависандаи вуқӯъгаро буда, навиштаҳояш ҷузъе аз тозакориҳои ӯ дар ин навъи наср мебошанд. Савқи табиии шинохти воқеъият ба ӯ имкон фароҳам овардааст, ки сарнавишти инсонҳо ва воқеиятҳои шигарфи рӯзгори ононро бо камоли диққат ба тасвир оварад ва ҳарфи дилашро дар бораи  сарнавишти инсон ва амалу кирдори ӯ ба  тарзи худ бигӯяд. 
Ҳикояҳои ӯ аз воқеиятҳо ва сарнавиштҳое ба ҳам омадаанд, ки ҳар кадоми мо дар зиндагии рӯзмарра ё бо онҳо рӯ ба рӯ шудаем ва ё дар бораи онҳо аз касе хабар ёфтаем. 
Китоби «Аз санг сахт, аз гул нозук» бо ҳикояи «Тақдири шум» оғоз меёбад. Воқеъияте, ки дар ҳикоя тасвир шудааст, ҳарфеву паёме барои гуфтан дорад. Яке аз аломатҳои  воқеӣ будани ин ҳикоя истисноӣ ва иттифоқӣ набудани мавзӯву мундариҷаи он аст. Агарчи дар бозгӯии он каме иғроқ шуда, аммо ҳаргиз аз воқеъияти зиндагӣ ба дур намеафтад.  Замони вуқӯъи  ҳаводиси ҳикояи «Тақдири шум» ба соат маҳдуд намешавад. Вай новобаста ба замон метавонад дар зиндагии инсонҳо рух диҳад. Усулан эҳсосоти манфӣ, кина ва нафрати мард нисбат ба зан дар ҷомеаи мо, бахусус табақоти маҳрум ва омӣ, эҳсосе табиӣ ва оддӣ аст. 
Омили аслии фаҷоеъе, ки дар ҳикоя тасвир мешавад, марди хона аст. Мардест, ки масъулияти инсониашро дар назди зану фарзанд эҳсос намекунад, балки сабабгори марги новақти занаш, худаш ва бадбахтии ягона духтараш мешавад. Ҳикоя сужаи қавӣ дошта, вақоеъ бо риштаҳои сабабу натиҷа ва мантиқе устувор ба ҳам пайвастааст ва воқеае иттифоқӣ ва истисноӣ дар он дида намешавад. Кӯшиши зан барои ҳифзи хонавода ва талоши духтар барои наҷоти падаре, ки бадбахтиҳоро барои хонаводааш дуруст кардааст, поёни қавӣ ва маъқули дигаре аст барои дарунмоя ва шахсиятҳои ҳикоя. Дар ин ҳикоя ҳеҷ чиз сохтагӣ, боварнакарданӣ ва иттифоқӣ нест. Хусусиёти фитрии шахсиятҳо, шеваи амалу кирдори онҳо, вижагиҳои хулқу хӯй ва одатҳои онҳо, замон ва муҳиташон, ҳама аз зиндагии воқеӣ гирифта шудааст. 
Нависанда дар ҳикояи дигараш – «Ғафлат» ба тасвири мавқеияти риққатомези шахсиятҳое мепардозад, ки нақш ва ҷойгоҳашонро дар зиндагӣ ва муҳити хонаводагӣ нашинохтаанд. Ирода, ки зани хонадон аст, бо таблиғу ташвиқ шавҳарашро барои ба Олмон ба мардикорӣ рафтан розӣ мекунад. Онҳо дар кишвари бегона кор ёфтанд, пул ёфтанд, вале ҳуввияти миллӣ ва инсониашонро аз даст доданд. Духтари ягонаашон – Амина худро бохт, ба фаҳшу фуҷур омехт. Падар ба ин ҳама беномусӣ тоб наоварда, ба зодгоҳаш – Самарқанд бармегардад. 
Дар ҳикоя воқеияти сарнавишти се нафар тасвир шудааст. Ироаи сареҳи шахсиятҳо дар ҳикоя бо ёрӣ гирифтан аз шарҳу тавзеҳи мустақим ба нависанда даст додааст. Ба иборати дигар, нависанда бо шарҳ ва таҳлили рафтору аъмол ва афкори шахсиятҳои ҳикоя онҳоро ба хонанда муаррифӣ мекунад. Муваффақият дар ироаи сареҳи шахсиятҳо ба ҳунари тасвиркории  нависанда вобаста мебошад. Дар ҳикояи ёдшуда хонанда шахсияти шавҳару зан ва духтари онҳоро пеш-пеш, аз ташреҳ ва тафсири нависанда мешиносад. Нависанда чун ақли куллӣ рафтор  карда, даруни шахсиятҳои ҳикояашро ба хонанда нишон дода тавонистааст, ки гувоҳи салоҳияти касбии ӯст. 
Ба назари банда, масъалаи дигаре, ки дар эҷодиёти Юнуси  Имомназар чизи муҳим буда, то дараҷае ба биниши бадеии нависанда хос мебошад, тасвири зиндагӣ ва амалу рафтори шахсиятҳои осораш дар ҷомеаи имрӯз мебошад. Омили аслии тағйиротро дар ин замина нависанда марбут ба фурӯпошии кишвар мебинад ва дар ин равиш ба масъалаҳои иҷтимоиву ахлоқӣ бештар диққат медиҳад. Нависанда ба вазъи иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷомеа ва шахсиятҳои мавриди тасвираш диққат дода, нобасомониҳои рӯзгори фардиро дар партави таҳаввулоти ҷомеаи муосир думболагирӣ ва тасвир менамояд. Ҳикояи ӯ «Ғафлат», ки дар боло ёд кардем, ҳикояҳои «Қалбҳои харошида», «Баъд аз беморӣ», «Ҷойи зан холӣ», «Нолаи хар», «Хиҷолат», «Духтари ноком» ва чанди дигар  маводи ҷолиб ва тарзи тасвири диққатангез доранд. Дар ин ҳикояҳо нависанда тавонистааст, ки тағйироти чашмраси иҷтимоиву ахлоқӣ ва равониро дар муосиронаш ба мушоҳида гирифта, дар ин замина чеҳраҳои таъсиргузори бадеӣ офарад. 
Зимнан як нуктаро бояд бигӯям, ки Юнуси Имомназар нависандаи мушоҳидакор буда, ба воқеанигорӣ гароиши хос дорад. Ин паҳлуи ҳунари нависанда гоҳо ба равиши ташреҳу тафсир дар навиштаҳои ӯ имтиёз додааст, ки назди  аҳли ҳунар чандон писандида нест. Ин равиш метавонад имтиёзе дошта бошад, аммо ҳаргиз наметавонад ба танҳоӣ ба кор биравад. Дар ҳикоя шахсият бояд амал кунад. Агар амал накунад ва нависанда бо ташреҳу тафсир кифоят кунад, ҳикоя ва ё жанри дигаре, шакли мақола ва гузориш пайдо мекунад. 
Юнуси Имомназар дар жанри қисса қувва озмуда, дар ин замина низ муваффақ  шудааст. Ӯ яке аз қиссаҳояшро «Мардикор» унвон кардааст. Ин қисса аз қисматҳои «Азми сафар», «Дар поезд», «Ҳавои мардикорӣ», «Бозгашт» ва «Инъоми худованд» иборат буда, рӯзгори пур аз доругири як нафар муаллими муҳоҷири корӣ дар он хеле ҷолиб ва таъсиргузор тасвир шудааст. 
Як мурури кӯтоҳ ба фаъолияти эҷодии Юнуси Имомназар маро ба ин натиҷа расонд, ки вай дар ин ҷода каси тасодуфӣ нест. Тафаккури пурвусъат, мантиқи қавӣ, захираи забонӣ ва хабардорӣ аз ҳунари нависандагиву муҳаққиқӣ  ба мо замонат медиҳанд, ки эҷодҳои тоза ва ҷолиби ӯро интизор бошем.

Ҷумъақул ҲАМРОЕВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд,
доктори илмҳои филология, профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: