ТАСВИРИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ МАВЛАВӢ ВА СИПЕҲРӢ

Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхии Румӣ аз бузургтарин донишмандони маърифати ҷаҳони ислом ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ аст, ки осор ва андешаҳои арзишмандро тақдими ҷомеаи башарӣ кардааст.

Дидгоҳи Мавлоно ва Суҳроби Сипеҳрӣ дар мавриди ишқ ва баёни он дар ашъорашон вижагиҳоро барои ишқ шумурдаанд, ки дар мавриди муштарак ва мутафовут аз ҳаманд. Аз ҷумла, асоситарин тафовутҳое, ки ин ду дар вижагиҳои ишқ доранд, он аст, ки дар ишқ Мавлоно дар ашъораш  зуҳури Худоро зиёд дорад, ба тавре ки «ишқи бидуни Худоро ҳаргиз ишқ намедонад, мазҳари ишқро Худо медонад. Дар ҳоле ки ишқи Суҳроби Сипеҳрӣ ниёзи ботинии Сипеҳрӣ аст ва водор месозад то бо берун аз хеш аз тариқи шинохт ва ирфон робита эҷод кунад. Ишқи он муҳаббати илоҳӣ аст, ки фақат ба инсон ҳадя шудааст. Чун ишқ ягона роҳи ҳалли ихтилоф ва расидан ба хушбахтиҳо аст.
Яке аз мавзӯъҳои муҳими адабиёти форсӣ ишқ аст. Ишқ бо тамоми ҷузъиёташ дар ашъори шоирон  аз Рӯдакии Самарқандӣ шурӯъ шудааст. Ҳеч шоире нест, ки назари худро дар ин замина баён накарда бошад. Дарвоқеъ иштибоҳ нахоҳад буд, агар бигӯем, ки шеър ҳосили ошиқ шудан аст.
Ашъори амиқ ва мафҳуми Мавлоно дар бораи ишқ тарафдорони зиёде дорад, ки имрӯз ҳама ҷаҳон осори ӯро таҳсин мекунанд, борҳо шеърҳои ӯро мехонанд ва мешунаванд. Бо мусиқии каломи руҳангезаш мерақсанд. Зеро ӯ ишқи инсониро бо ҳама фарозу нишебҳояш дар осораш баён мекард.
Суҳроби Сипеҳриро яке аз шоири барҷастаи  адабиёти нави форсӣ медонанд, ки дар шаклгирии шеъри нави форсӣ нақши босазое дорад ва алорағми ин, ки осораш дар замони ҳаёташ мавриди интиқод қарор гирифта буд, аз пурхонандатарин ва маҳбубтарин шоири муосир ба шумор меравад.
Шеъри Мавлоноро баландтарин қуллаи шеъри ирфонӣ дар адабиёти классикии тоҷикӣ-форсӣ медонанд, навиштаҳои Сипеҳрӣ дар адабиёти модерн саршор аз муҳтавои фалсафӣ ва ирфонӣ аст ва шоир дар ҳар як аз шеърҳои худ ба гунае ба мавзӯи ишқ мепардозад.
Ишқ ниёзи дарунии Сепеҳрӣ аст ва ӯро водор месозад то ба берун аз хеш аз тариқи шинохт ва ирфон робитае эҷод кунад. Аммо шинохти ишқ осон нест, ба хусус, ки тариқи ишқ душвор ва шарҳи он сахт аст. 

Даст аз домони шаб бардоштам,
То биёвезам ба гесуи саҳар.
Хешро аз соҳил афкандам ба об,
Лек аз жарфои дарё бехабар.

Ин шеър шабоҳат ба шарҳи ишқ дар назди Мавлавӣ дорад:

Дарнагунҷад ишқ дар гуфту 
шунид,
Ишқ дарёест қаъраш нопадид.

Ҳеч шоире дар адабиёти форсӣ нест, ки аз осори Мавлавӣ баҳра набурда бошад ва албатта таъсири осори онро дар ашъори шоирон низ метавон эҳсос кард. Сепеҳрӣ низ аз  ин ҷумла шоире аст, ки бо вуҷуди сурудан ба сабки шеъри нав ва қарор додани зиндагии замони худ дар маъраз таҳлил ва пажуҳиши ҳунарӣ, то ҳудуде аз осори Мавлоно баҳра бурдааст. Бавижа, дар истифода аз мусиқии калом дар шеър, ҳалли мазмуни динӣ, руй овардан ба муҳтавои осори намояндагони тасаввуф аст. Масалан, ҳунари саҷъ дар ғазалиёти Мавлоно он қадар ба кор рафта, ки дар осори шоирони дигар хеле кам дида мешавад.
Сипеҳрӣ ин навъ ҳунарро дар шеъри ҷадиди худ таҷриба кард. Бо хондани бархе аз шеърҳои ӯ ҳолу ҳавои шеъри Мавлоно дар зеҳн мегузарад.
Илова бар ҳамаи ин мавзуъоте аст, ки дар ашъори ин ду шоири бузург бо дурустӣ ҳал шудааст ва ё яке аз онҳо мавзӯи ишқ аст.
Росташ, Мавлоно ҳама ашъорашро дар асари ишқ бо Шамс суруда ва Шамс аст, ки дили шоири мазкурро бедор карда ва қалами ӯро ба кор андохтааст. Беҳуда нест, ки мегӯяд: 

Ошиқӣ пайдост аз зории дил,
Нест беморӣ чу бемории дил.
Иллати ошиқ зи иллатҳо ҷудост,
Ишқи устурлоб асрори Худост. 
Яъне шоир ишқро василае мебинад, ки аз тариқи он асрори Худовандро дарк ва мушоҳада мекунанд.
Суҳроби Сипеҳрӣ гӯё назари Мавлоноро тақвият мекунад ва кори ӯ ошиқ кардани ҳама дилҳо мебошад:

Ман гиреҳ хоҳам зад, чашмонро
 бо хуршед,
Дилҳоро бо ишқ,
Сояҳоро бо об, шохаҳоро бо бод. 

Зеро ӯ ба хубӣ медонад, ки қалб бидуни ишқ наметавонад худ ва асли зиндагиро дарк кунад. Гоҳе пеш меояд, ки ишқ бо марг мухолифат мекунад.
Ба назари ӯ, ҷавҳари зиндагӣ ҳамин ишқ аст, агар ишқ набошад, ин нафас кашидан ранҷи беҳудааст, бидуни ишқ «ҳар хасу хоре» метавонад зиндагӣ кунад. Аммо ин навъ зиндагӣ беҳуда аст, муҳимтарин чиз дар зиндагии инсон бояд мулоқот, кумак ва ишқи мутақобил бошад:

Зиндагӣ нест ба ҷуз намнами 
борони баҳор,
Зиндагӣ нест ба ҷуз дидани ёр. 
Зиндагӣ нест ба ҷуз ишқ, 
ба ҷуз ҳарфи муҳаббат ба касе, 
Варна ҳар хору хасе зиндагӣ карда 
басе. 
Сипеҳрӣ дар шеъри «Нишонӣ» ба ҷустуҷӯйи хонаи Дӯст меравад ва нишонаҳои он хонаро ба сурати намодин мегӯяд. Ҳамчунин таъкид мекунад, ки «ба андозаи  парҳои садоқат обӣ будани ишқро». Байни ин шеър бо қисмати «Найнома»-и «Маснавии маънавӣ» робита вуҷуд дорад. Яъне дар ҳар ду шеър ошиқ аз ғурбат мегӯяд ва дунболи хонаи дӯст мегардад.  Аммо шеваи баёни шоирон комилан мутафовут аст. Қаҳрамони Сипеҳрӣ ба суроғаи хонаи дӯсташ меравад ва аз роҳгузаре нишонаҳои онро мепурсад ва ӯ низ мегӯяд, ки бидуни ҳеч иддаое ба он хона биравад.
Аммо «Най»-и Мавлоно аз «найистон» ҷудо шуда ва мехоҳад ба ҷойи аслии худ бозгардад. Нависандаи маснавӣ дар байти охири «Найнома» мегӯяд: «хом», яъне бехабар аз таҷрибаи ишқ, «ҳолоти расида»-ро намефаҳмад, бинобарин «гуфтор бояд кӯтоҳ бошад». Қаҳрамони ашъори Сипеҳрӣ низ аз «роҳгузар», ки роҳро балад аст, дар бораи хонаи дӯсташ мепурсад ва ба зебоӣ аз ӯ посух мегирад. Марди «убур»-и Сипеҳрӣ намунае аз марди «пухта» аст, ки дар «Маснавӣ» омадааст. Бешак ин «убур» ҳамон ҳудҳуд аст, ки дар «Мантиқ-ут-тайр» зикр шудааст. 
Сипеҳрӣ дар шеърҳои ҷудогона ва ду манзумаи бузург «Садои пои об» ва «Мусофир» ба баёни андешаҳои худ дар бораи ишқ ва ҷавонӣ ба он пардохта ва бо тасвири зебоии шоирона, ҷавҳари ишқро тафсир кардааст, ки аз як сӯ нишон аз азамати шоир дорад. Алоқа ба ин мавзӯъ, аз сӯйи дигар маҳорати шоирии ӯро дар шеъри нави форсӣ таъриф мекунад. Дарвоқеъ ин Сипеҳрӣ аст, ки шеъри нави форсиро ба сабку саёқи худ нишон дода ва бештар таҳқиқот дар мавриди зиндагӣ ва ашъори ӯ анҷом мешавад, ки нишон медиҳад ӯ соҳибҳунари аслӣ ва бо унвони фардӣ машҳур ва ошиқ аст.
Бо нигоҳи куллӣ ба тасвири ишқ дар ашъори Мавлоно ва Сипеҳрӣ ба ин натиҷа мерасем: ишқ яке аз мазомини ҷовидонаи адабиёти форсӣ аст, ки дар ашъори намояндаи барҷастаи адабиёти классикӣ Мавлоно ҷойгоҳи вижае дорад ва дар осори Сипеҳрӣ бо чеҳраҳои нав зоҳир мешавад; дар ашъори Мавлоно ишқи воло бештар сутуда шудааст, дар осори Сипеҳрӣ ишқи хоссаи инсон ба муҳити атрофро метавон дид ва шоир низ барои гулу гиёҳ эҳтироми хосса қоил аст; бо таҳлили шеъри «Нишонӣ»-и Сипеҳрӣ маълум мешавад, ки ин шеър бо муҳтавои «Найнома»-и Мавлоно носозгорӣ надорад. Ҳар ду шеър аз фироқ ва ҷустуҷӯи ҷойгоҳи маъшуқ суҳбат мекунад; Сипеҳрӣ тавонист муҳтавои ишқи орифонаро дар қолаби нав арза кунад ва андешаҳои адабиёти классикии форсиро дар ашъори худ идома диҳад. 

Наргис ШОАЛИЕВА,
дотсенти кафедраи забони ӯзбекӣ ва адабиёти классикии Шарқи Академияи байналхалқии исломии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: