ТАСВИРИ ВОҚЕОТ АЗ НАЗАРИ МАСЪУДИ МИРЗО

Иттифоқ афтод, ки маҷмӯаеро бо номи “Мозаика-3” ба даст гирам, ки бо ташаббуси олим ва устоди Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон Шоистаи Равшан мураттаб ва дар Бишкек интишор шудааст.

Иттифоқ афтод, ки маҷмӯаеро бо номи “Мозаика-3” ба даст гирам, ки бо ташаббуси олим ва устоди Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон Шоистаи Равшан мураттаб ва дар Бишкек интишор шудааст. Дар он намунаҳо аз эҷоди суханварони кунунии чанд манотиқи дунё гирдоварӣ шудаанд ва андаруни он ашъори ширини шоири навпардоз Масъуди Мирзо низ ҷойгоҳи худро дорад. Аз оғоз то анҷом хондани ин ашъор ба кас тавон мебахшад ва ӯро ба сайри зиндагии пурпечутоб раҳнамун месозад. Мисол:
Эй дӯст, эй азиз, эй ёр,
Ва  эй танҳотарин таманнои ин дили бедор.
Ман аз ту чӣ  мехоҳам?
Як салом, як паёми беминнат.
Ва як калом, ки паёмовари буданат бошад.
Ва ин буданҳои маро дар ин дунё,
Мақсадеву маъние бахшад.
Зиндагӣ аз рафтори девсиратон барои фариштагони рӯйи замин ҳамеша тангу тор аст ва дар ақсои олам бисёр шунидаему дида истодаем, ки инсон хуни инсонро рехта ва хоки аҷал бар сару сарои ӯ бехта. Ин ҳама зӯровариву ноҷӯриҳои зиндагии инсон қабл аз ҳама теғ бар дили шоир мезанад ва барои ҳимояи Инсон ӯ садо баланд мекунад:
Ҳар сар, ки дар он ғайри кулаҳ чизи дигар нест,
Ҷуз санги бало бар сари авлоди башар нест.
Андар сари латхӯрдаву сархораи ДОИШ,
Савдои сарӣ ҳаст, вале мағз ба сар нест.
Ҳар лаҳза хӯрад мағзи сари сабзхатонро,
Ӯ кист, фиристодаи Заҳҳок агар нест...
Шоир Масъуди Мирзо дар замири ашъораш ҳамеша арҷ ба арзишҳои миллӣ гузошта, нерӯи худу шеъри худро бар он харҷ карда, ки ин сарвати бебаҳои миллат аз коҳишу иллат дар амон бошад. Эҳсоси хавотирӣ аз фардои ҷомеа ва барбод рафтани суннатҳои миллӣ шоирро ором намегузорад. Ва воқеан ҳам баъзан аз муносибати инсон ба инсон дар ҷомеаи имрӯз кас ангушти ҳайрат мегазад. Зимни мутолиаи ғазали зер, ки ҳоҷат ба шарҳе нест, пеши назар манзараҳои  ҳаёти имрӯз ҷилва мекунад ва тавассути сухан падидор намудани ҳаёти дирӯзу имрӯзу фардои ҷомеа аз салосат ва балоғати каломи шоир гувоҳӣ медиҳад:
Ин манманиҳо офати имон нашавад шуд,
Зоҳирнигарӣ одати инсон нашавад шуд.
Ҳар лаҳза фиребанду фиребем, ки тарсам,
Донишгаҳи мо мактаби шайтон нашавад шуд.
Мо бандаи мазҳаб шудае(м), чокари шайтон,
Мазҳаб аҷали бандаи Раҳмон нашавад шуд.
Бо номи Худо сар бизанан(д) бандаи ӯро,
Сайёраи мо қабри мусулмон нашавад шуд.
Яктост Худо, Мусҳафу Пайғомбараш ҳам,
Ин фирқагароӣ хатари ҷон нашавад шуд.
Ноаҳлу парешон шудаас(т) бандаи Якто,
Бар коми адӯ туъмаи осон нашавад шуд.
Дар саллаву риш ҳуҷҷати ислом бубинем,
Бӯҷаҳл аз ин ҷоҳилӣ ҳайрон нашавад шуд.
Бин майкаи то ноф либоси маданӣ шуд,
Фарҳанги замон қисмати урён нашавад шуд.
Андоза накӯ нест дигар дар назари мо,
Андозашинос аблаҳи даврон нашавад шуд.
Булбул ба қафас рафт, ки ошиқ буду шоир,
Ин Боғи Ирам манзили зоғон нашавад шуд.
Хунташнаву дарранда чу як гурги ҳарисем,
Ҷамъияти мо тӯдаи гургон нашавад шуд.
Кас дар ҷомеа ба муқаддастарин мафҳумоти ҳаётӣ бояд сари таъзим фуруд орад ва барои пойдорӣ ва эҳтироми он хидмати шоистаеро ба анҷом расонад. Падар, Модар, Ватан яктост, муқаддамтар ва муқаддастар аз ҳама ашёи дунёст. Кас дар домони модар ба камол мерасад, ҳамеша такя ба қиблагоҳ мекунад. Меҳри волидону остонаи хонадон, табиати маҳалу мардуми онро наметавон аз сина берун кард. Тараннуми Ватан ва ҳифзи нангу номуси он аз ҳамин остона сар мезанад ва шоир ифтихор аз он дорад, ки  оби зулоли чашмаяки деҳааш, ки таъме аз оби Кавсар гирифта, мардуми диёрашро пок аз олоишҳо нигаҳ дошта, боиси идомаи сабзаҳо дар пуштаҳои ватани паҳновар гардида. Ин гӯшаи фирдавсоин сарзамини Сӯх аст, ки бо муъҷизаҳои табъи табиаташ сарматлаи нуру тароват,  ҷавҳари бунёну бунёд, сиришту сарнавишти шоир шуда:
Ало эй Сӯх,
Ало эй сарзамини нозанини ман,
Ало санги раҳат тахти барини ман.
Барои дигаре шояд ту танҳо манзили зи(с)тӣ,
Барои ман Ватан ҳастӣ, Ватан ҳастӣ, Ватан ҳастӣ!
Ту ҳастӣ хонаву хоки ҳама авлоду аҷдодам,
Ту ҳастӣ ҷавҳари бунёну бунёдам.
Ту ҳастӣ обу хоки ин сиришти ман,
Ало, эй сарзамини сарнавишти ман!
Муҳаббати кас ба Ватан  аз сарманзили аввал ҳусни ибтидо мегирад. Аз нигоҳи шоир Ватан  аз кӯҳу шаҳри азим иборат нест, ҳуввияту орияти ҳар инсон Ватан аст ва ҳоли  беватанро дар мисоли худ ба тасвир мегирад:
Бо Ватан дурри Адан дар садафам,
Бе Ватан санги раҳам, боди кафам.
Бо Ватан аз насаби халқи шариф,
Бе Ватан бенасабам, бе шарафам.
Беҳтарин лаҳазоти умри инсон бачагист, бо содагиҳо, бо дурӯғҳову гиряҳои хандаовар, ки онро бо худ мебарад, аммо:
Бачагӣ рафт,
Бачагию содагияш рафту лек,
Ҳамраҳи ман макру фандам шуд калон.
Аз паси ман мераван(д) бо ҷиддият,
Бо дурӯғам карда бовар одамон!
Аз назари шоир баччагӣ марҳилаи фариштагист ва дар ин давр ҳар кас Инсон будаву соҳиби Имону Меҳр ҳам ҳаст:
Дасту поям гардолуд,
Бетаҳорат будаам, аммо
Бо ҳама ношустагӣ покизаимон будаам.
Дар миёни обу гил,
Сар ба по дил будаам.
Бо ҳама нокомилӣ,
Инсони комил будаам.
Тарбияи инсони комил тавассути каломи бадеъ масъулияти ҳар соҳибқалам аст. Ҳарчанд мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, панду ахлоқ ва зебоиҳои табиату зиндагӣ аз мавзӯъҳои ҷовидонист, кушодани уқдаҳои мушкили рӯз ва касро аз падидаҳои номатлуби ҳаёт дур доштан, дар  онҳо парваридани рӯҳу ғурури  миллӣ, байни қавмҳову халқиятҳо тарғиби дӯстии ҷовидонӣ, бедор намудани ҳисси ватандориву ояндасозӣ яке аз вазифаҳои адабиёти имрӯзӣ аст.  Маҷмӯаи “Мозаика-3” ана ҳамин рисолатро низ ба инобат гирифтааст.

Хиромон ҶАМОЛОВА,
магистри Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: