Зери сарпарастии сулолаи Темуриён шеъру сухангустарӣ ба анъана табдил ёфта, хондани китоб ва таҳсил дар мактаб вазифаи ҳаётии ҳар як фарди кишвар шуда буд.
Зери сарпарастии сулолаи Темуриён шеъру сухангустарӣ ба анъана табдил ёфта, хондани китоб ва таҳсил дар мактаб вазифаи ҳаётии ҳар як фарди кишвар шуда буд. Занҳо низ чун тарбиятгари асосии фарзандон дар ин ҷода саҳми худро гузоштаанд ва шароити таълими духтаронро баробари писарон ороста сохтаанд.
Дар баҳористони назми доираи адабии Ҳирот бонуе бо мавзунии офариниши ашъори худ эҳтироми аҳли суханро ба худ ҷалб намудааст, ки намунаҳои абёти ӯ барои пажӯҳишгарон ва ҳаводорони адабиёт ва соҳаи таълим туҳфаи бебаҳо аст. Бону Исматӣ хоҳари кӯчаки шавҳари Меҳринисо мебошад. Дар тазкираи Фахрии Ҳиравӣ «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб» зикр шудааст, ки «Исматӣ аз вилояти Хоф буда ва бародар доштааст, ки он ҷо чанд гоҳе ҳаким буда ва бад-он муносибат Ҳакимӣ тахаллус дорад... Бағоят солиҳа ва соҷида буд». Маълум мешавад, ки хонум Исматӣ аз вилояти Хофи Эрон будааст. Дар тазкираи «Парданишинони сухангӯ»-и Могаҳ Раҳмонӣ низ ӯ чун Исматии Ҳиравӣ муаррифӣ гардидааст: «Исматии Ҳиравӣ хоҳари Мавлоно Ҳаким аст. Вай дар қарни нӯҳум (асри XV-уми мелодӣ) ҳаёт дошт. Соҳиби тазкираи нисвон ӯро бо номи Ҳакимӣ ёд мекунад ва мегӯяд, ки чанде худаш ва чанде бародараш сукунати Хоф кардааст».
Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум мешавад, ки ин бонуи отифа аслан аз шаҳри Хофи Эрон буда, ба Исмати Бухороӣ, ки он вақт дар Ҳирот буд, издивоҷ кардааст. Бону Исматӣ соҳибдевон буда, бо тахаллуси Исматӣ ё Бибӣ Исматӣ дар миёни мардум машҳур шудааст.
Абдураҳмони Ҷомӣ дар равзаи ҳафтуми «Баҳористон» дар бораи шавҳари Бонуи Исматӣ бо номи Хоҷа Исмати Бухороӣ (вафоташ соли 1436) маълумот дода, ӯро дар радифи шоирони барҷастаи нимаи аввали асри ХV ҷой додааст ва чунин мегӯяд: «Дигаре Хоҷа Исмати Бухороист, вай дар ғазал татаббӯи Хусрав мекунад». Дар тазкираи Давлатшоҳи Самарқандӣ дар бораи зери тарбияти ӯ қарор доштани шоҳзода, писари Султон Халил ва доимо анис ва ҷалиси шаҳзода буданаш қайд гардидааст ва ҳамин ишораро Алишер Навоӣ дар асараш «Маҷолис-ун-нафоис» тасдиқ карда мегӯяд, ки Хоҷа Исмат аз бузургони Мовароуннаҳр аст ва илми зоҳирро такмил карда, аз ғояти шӯхтабъӣ худро ба шеър мансуб сохт. Пас маълум мешавад, ки Исмати Бухороӣ таълиму тарбияро бо эҷод тавъам намудааст ва дар зиндагӣ пешаи муаллимӣ низ доштааст.
Шоир як девони мукаммал, ки аз ҳашт ҳазор байт иборат аст ва маснавие бо номи «Иброҳими Адҳам» дорад.
Пас аз издивоҷ кардани шоира ба шоири маъруф Исматӣ ӯ аз тахаллуси Ҳакимӣ даст кашида, тахаллуси шавҳарашро барои худ азиз медонад. Онҳо низ дар давраи ҳукмронии писари Амир Темур – Шоҳрух, дар Ҳирот зиндагонӣ кардаанд.
Зани бародари ӯ Меҳринисо низ дар сурудани ашъори ноб истеъдоди нотакрор дошт.
Намуна аз ашъори Исматӣ:
То фикандаст маро бахти бад аз ёр ҷудо,
Ғам ҷудо мекушадам, чархи ситамгор ҷудо.
* * *
Аз пошикастагон талаби Каъба мушкил аст,
Он Каъбае, ки даст диҳад – Каъбаи дил аст!
С.Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» шоира Исматиро аз рӯйи таҳқиқи соҳиби «Оташкада» ва «Қомусулаълом» чун духтари қозии Самарқанд муаррифӣ карда, вале маълум нашудани таърихи ҳаёти ӯро зикр намудааст. Сатрҳои зерин ба ӯ нисбат дода шудаанд:
Магар расвои ишқ аз мардуми олам ғаме дорад,
Ки ошиқ гаштаву расво шудан ҳам оламе дорад.
Муҳаққиқи тоҷик Тоҷӣ Усмон низ шоира Исматиро чун самарқандӣ муаррифӣ карда, давраи ҳаёти ӯро ба асри XI шомил донистааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ ва тазкираҳо маълум мешавад, ки ду шоира асосан чун духтари қозии Самарқанд муаррифӣ шудаанд, яке Исматӣ ва дигаре бо тахаллуси «Духтари қозии Самарқанд». Духтари қозии Самарқанд будани Исматӣ иштибоҳест, аз ҷониби баъзе тазкиранависони дигар.
Ҳамин тавр хонум Исматӣ завҷаи шоири шинохта Хоҷа Исмати Бухороӣ буда, тахаллуси ӯ аз номи шавҳараш гирифта шудааст. Нақши ин шоира дар тарбияи фарзандон ва фарогирии илму дониш зиёд буда, пажӯҳиши осораш дорои аҳамият аст.
Зебунисо ФАЙЗУЛЛОЕВА.
Асрори пухту пази кадбону
Агар хоҳед, ки гӯшт нармак пазад, дар ҷараёни бирёнкунӣ чоряки шарбати лимӯро андозед.
***
Нон сахт шуда бошад, панҷ дақиқа ба сачоқи тар печонда, баъд 20 дақиқа ба тобаи печ гузоред. Нони аз танӯр нав кандагӣ барин мешавад.
***
Лимӯро панҷ дақиқа дар оби гарм нигоҳ доред, аз он шарбати зиёд гирифтан мумкин аст.
***
Ҳангоми дар тобаи печ пухтани мурғ ё чӯҷа пойҳои онро боло карда гузоред, равғани он дар дарунаш монда, бомазза мешавад.
***
Дар дохили гулкарам ҳашарот зиёд мешавад. Агар, пеш аз пухтан гулкарамро ба намакоб гузоред, ҳашарот рӯйи об мебарояд.
***
Моҳиро хуб хушк карда, ё ба ордоба 3-4 дақиқа дошта, баъд пазед, он боз ҳам бомазза мегардад.
***
Гӯштро дар тобаи печ пухтанӣ бошед, ба болояш оби ҷӯш ва ё камтар оби шӯрбо резед, он нарм мепазад.
***
Пеш аз пухтан ба гӯшти мурғ қаймоқ, ё оҳори картошкаи ба қайлаи соя омехта молида шавад, он суп-сурх мебарояд.
***
Хоҳед, ки забони ҳайвонот нарм шуда пазад, ба оби ҷӯшида андохта, 2-3 соат дар оташи паст пазед, баъд зуд ба оби хунук андозед ва қисми болои онро гирифта партоед.
Н. НОДИРОВА
тайёр кард.