ТАТБИҚ СОХТАНИ АФЗАЛИЯТҲОИ МУҲИМТАРИНЕ, КИ ДАР СУХАНРОНИИ БАРНОМАВИИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МАРОСИМИ ШУРӮИ Ӯ БА ВАЗИФА САДО ДОДАНД, БИДУНИ ШУБҲА, ҶУМҲУРИРО ИНКИШОФ ХОҲАНД ДОД

Маърӯзаи Президент Шавкат Мирзиёев дар маросими шурӯъ ба вазифа, ки 6 ноябр дар ҷамъомади муштараки Сенат ва Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис дар Тошканд ба вуқӯъ пайваст, дар байни намояндагони доираҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва коршиносии кишварҳои хориҷӣ акси садои зиёд пайдо кард.

Маърӯзаи Президент Шавкат Мирзиёев дар маросими шурӯъ ба вазифа, ки 6 ноябр дар ҷамъомади муштараки Сенат ва Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис дар Тошканд ба вуқӯъ пайваст, дар байни намояндагони доираҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва коршиносии кишварҳои хориҷӣ акси садои зиёд пайдо кард. Онҳо дар гузоришҳои худ таъкид мекунанд, ки ба муҳлати дуюм интихоб гардидани сарвари Ӯзбекистон шаҳодати аз ҷониби халқ дастгирӣ шудани роҳи ӯ ва самаранокии ислоҳоти татбиқшаванда мебошад.
Владимир Галперин, сарвари Хонаи савдои Ӯзбекистон дар Латвия:
– Тӯли солҳои охир дар Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев ҳам дар соҳаҳои иқтисодиёту сиёсат ва ҳам дар ҷанбаҳои ҳуқуқу иҷтимоиёти давлат ва ҷамъият тағйироти зиёд амалӣ шуданд. Дар самти рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байнидавлатӣ низ бисёр тағйироти мусбат ба амал омаданд.
Сиёсати ислоҳсозӣ ва навгониҳо ба дараҷаи назаррас барои фаъол гардидани ҳамкориҳои сармоявӣ ва тиҷоративу иқтисодии Латвия ва Ӯзбекистон таъсири бевосита расониданд.
Бо вуҷуди тамоми мураккабиҳои пандемия соли равон пурмаҳсул гардид. Аз ҷумла, давраи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ гузаронида шуд, дар Рига ба Хонаи савдои Ӯзбекистон асос ниҳода, идораи нахустини ригагии биржаи молу ашёи хоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон (UZEX) дар Авроиттиҳод боз гардид.
Алҳол Ӯзбекистони Нав ба муҳаррики тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ муътамадона сарварӣ мекунад.
Татбиқсозии афзалиятҳои муҳимтарине, ки аз ҷониби роҳбари давлат дар маросими ба вазифа оғоз кардани ӯ садо доданд, бешубҳа, ҷумҳуриро ба пеш мебарад, ба бозсозии иқтисодиёт, идораҳои давлатӣ ва озодкунии ҷамъият мусоидат менамояд.
Ботарелли Транквилли-Леали, президенти Созмони оид ба ҳамоҳангсозии лоббии занонаи Аврупо  Мария Людовик дар Италия:
– Ман дар интихоботи президентии Ӯзбекистон ба сифати мушоҳиди байналхалқӣ иштирок карда, шараф ва имкон доштам шоҳиди аз нав интихобшавии Шавкат Мирзиёев ба мансаби Президент бошам.
Ин қарори шаҳрвандони мамлакат собит намуд, ки мардум ҷонибдори ислоҳоти демократӣ, қонунгузорӣ, иқтисодӣ ва сохторие мебошанд, ки дар доираи интихоботи пешинаи Шавкат Мирзиёев оғоз гардида буд, он пешоҳангии Ӯзбекистонро дар Осиёи Марказӣ ва мавқеи фаъоли онро дар доираи созмонҳои байналхалқӣ низ тасдиқ кард.
Абба Приев, раиси Иттиҳодияи байналхалқии зиёиёни эҷодкори «Суғдиёна» (Исроил):
– Шахсан ба ман, ба сифати корманди факултаи тиббии Донишгоҳи Аврупо дар Байтулмуқаддас он чиз писанд омад, ки Президент Шавкат Мирзиёев суханронии аз нав ба сари вазифа нишастани худро бо мушкилоти экологӣ, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, захираҳои об ва баҳри Арал оғоз намуд. Дар байни мушкилоти рӯзмарра ҳамчунин масъалаҳои ҳифзи нигаҳдории тандурустӣ ва пешгирии бемориҳо низ ҷой доштанд. Аз ҷумла, бобати ошкор кардани бемориҳое, ки дар байни аҳолӣ хеле паҳн шудаанд, пешниҳоди ройгони доруворӣ, пурзӯр намудани тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим чораҳо андешида мешаванд.
Солҳои охир дар Ӯзбекистон ислоҳоти назаррас татбиқ шуданд, ҳамдиёроне, ки дар Исроил зисту зиндагӣ доранд, аз идомаи минбаъдаи ислоҳоти демократӣ ва ҳамкории байни кишварҳои мо дар тамоми соҳаҳо барои пешрафти минбаъда умеди калон доранд.
Анор Азизов, Директори генералии оҷонсии иттилоотии «Интерфакс – Озарбойҷон»:
– Сарони Озарбойҷон ва Ӯзбекистон сиёсатеро ҷонибдорӣ мекунанд, ки ба ҳамаҷониба вусъат додани муносибатҳои дуҷониба нигаронида шудааст.
Дар байни ду мамлакат рӯзномаи зиёди сиёсӣ мавҷуд аст ва ба мансаби Президенти Ӯзбекистон интихоб гардидани Шавкат Мирзиёев ба вусъат додани ин робитаҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.
Раҳмон Ӯлмасов (Тоҷикистон), профессори Донишгоҳи русиягиву тоҷикистонӣ (славянӣ):
– Дар маърӯзаи худ Президент Шавкат Мирзиёев ҳафт самти рушди ҷумҳуриро мушаххас намуд. Ин дар давраи кунунӣ, ки иқтисодиёти Ӯзбекистон чун иқтисодиёти давлатҳои дигар таъсири бузурги душвориҳои иқтисодии ҷаҳониро аз сар мегузаронад, хеле муҳим мебошад. Ҳамаи ин оқибат барои баланд бардоштани фаъолияти иқтисодӣ ва шаҳрвандии табақаҳои васеи аҳолӣ такони пурқувват мебахшад.
Ӯзбекистони мустақил орзуву омоли бисёрасринаро бобати озодӣ ва истиқлоли Ватан амалӣ намуд. Бародарони ӯзбеки мо ба бисёр комёбиҳо муваффақ шуданд, андешаҳои зиёди худро, ки дар сар доштанд, тӯли ҳамагӣ 30 сол амалӣ намуданд.
Интихобот моҳиятан эътимоди умумихалқиро ба Президенти Ӯзбекистон намоиш дод.
Ӯзбекистон ният дорад дар соли 2022-юм барои таълим ва тиб 58 триллион сӯм (тақрибан 5,45 миллиард доллар) ҷудо кунад. Аз суханронии Президент Шавкат Мирзиёев ба ман ду ҷиҳат хеле маъқул шуд: Аввало «Дар маҳаллаҳо низ намояндагии Оҷонсии оид ба корҳои ҷавонон амал хоҳад кард, ки мунтазам ба масъалаҳои ҷавонон машғул мегардад». Дуюм: «Барои то соли 2025-ум ба баробари 1 ҳазор доллар расондани музди меҳнати омӯзгорони тоифаи олӣ чораҳо андешида мешаванд». Ин ду ҷузв байни ҳам алоқаманд мебошанд. Эътибор ба муаллим ва таълими ҷавонон ин эътибор ба пешомади бузурги мамлакат аст. Омӯзгори соҳибэҳтиром ин шаҳодати эҳтиром ба  пояи мамлакат мебошад.
Сергей Толстов, директори Пажӯҳишгоҳи таҳлили сиёсӣ ва тадқиқоти байналхалқии Украина:
– Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон, ки дар он Президенти дарамал Шавкат Мирзиёев пирӯзии боварибахш ба даст овард, тасдиқи ҷонибдорӣ гардидани роҳи рушди муттасили соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ шуд. Дар тафриқа аз бисёр кишварҳое, ки ноустувории сиёсӣ аксаран ба ғалатҳои ҷиддии иқтисодӣ ва нобасомонӣ меоварад, роҳбарияти Ӯзбекистон ислоҳоти мустақими иқтисодӣ, ҷалби сармояҳо, вусъат додани содирот, рушди соҳаҳои нави саноат, даромаднокии истеҳсолоти кишоварзиро таъмин менамояд.
Комёбиҳое, ки Ӯзбекистон ба даст овардааст, стратегияи мустақими роҳбарияти сиёсии мамлакатро инъикос менамоянд, ки озодкунии иқтисодиёт, рағбатноксозии фаъолнокии соҳибкорӣ, вусъат додани озодии шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ҷузвҳои муҳими он ба шумор мераванд.
Дар рушди ҳамкориҳои бисёрҷанбаи байни давлатҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон нақши асосӣ дорад. Соли 2017 бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон мулоқоти мунтазами панҷҷонибаи байни роҳбарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва сохторҳои коршиносии кишварҳои минтақа дар шакли Осиёи Марказӣ-5 оғоз ёфт, ки таҳкими эътимоди тарафайн ва ҳаллу фасли як қатор мушкилоти тӯлонӣ, ки ба ҳамкориҳои муфиди тарафайн монеа мешуданд, натиҷаи он гардид.

Жак Микуловик, директори Пажӯҳишгоҳи олии миллии таълим ва тадқиқоти Фаронса дар соҳаи таълими ҷавонони имкониятҳояшон маҳдуд ва таълими адаптатсияшуда:
– Ман мушарраф шудам, ки бори аввал ба сифати нозири хориҷӣ дар интихоботи Президенти Ӯзбекистон ба кишвари шумо сафар кунам. Дар ҷараёни он, ҳамчунин дар доираи вохӯриҳои дуҷониба ман шоҳиди ислоҳоти васеъмиқёсе гардидам, ки тӯли 5 соли охир аз ҷониби Ҳукумати Ӯзбекистон татбиқ шудаанд. Ман аз Мактаби президентии воқеъ дар Тошканд, ки рӯҳи рушди замонавии Ӯзбекистонро инъикос менамояд, боздид ба амал овардам. Мушоҳида мегардад,  ҳукумат ба кадрҳои замонавӣ, ки қодиранд ба рушди минбаъдаи кишвар такони иловагӣ бахшанд, такя мекунад.
Президенти навинтихобшудаи Ӯзбекистон дар ҷараёни маърӯзаи ҳангоми ба вазифа оғоз намудани худ таъкид намуд, ният дорад моҳонаи омӯзгоронро зиёд кунад, ки чораи бағоят муҳим ба шумор рафта, баҳри беҳтар кардани сифати таълим ва тайёркунии кадрҳо зарур мебошад. Муътақидам, ки Президенти Ӯзбекистон ислоҳоти дар соҳаи таълим оғозкардаи худро идома медиҳад ва бобати минбаъд такмил додани он ташаббусҳои навро пеш мегузорад.

Иван Сафранчук, директори Донишгоҳи давлатии Маркази тадқиқоти авроосиёии муносибатҳои байналхалқии Маскав (МГИМО)-и Вазорати корҳои хориҷии Русия:
– Маърӯзаи ҳини ба вазифа шурӯъ кардан эроднамудаи Президент Шавкат Мирзиёев аз дарки пурраву васеъмиқёсии вазифа ва масъалаҳои дар назди мамлакат истодаи роҳбарияти олии Ӯзбекистон шаҳодат медиҳад. Масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба якдигар сахт алоқаманд мебошанд. Агар дар ҷомеа адолати пойгоҳӣ мавҷуд набошад, барои мардум макроиқтисодиёти пайваста ва суръати баланди афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ чӣ зарурате хоҳад дошт? Ва баръакс, агар ҷомеа бинобар мавҷуд набудани афзоиши иқтисодиёт накӯҳолии умумиро таъмин карда натавонад, ҷустуҷӯи адолат чӣ маънӣ дорад?
Ба ман он чиз хеле маъқул шуд, ки роҳбарияти Ӯзбекистон вазифаҳои стратегии мамлакат ва чи тарз ташаккул додани онро хуб дарк менамояд. Тавре ки мегӯянд, «дар саволи дуруст гузошташуда нисфи ҷавоб ҳам ҳаст», ҳамчунон дар стратегияи дуруст як қисми комёбӣ ҳам мавҷуд аст.

Умед Раҳимӣ, шореҳи сиёсии Эрон, коршинос оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ:
– Тавре ки маълум аст, модели стратегияи Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оғоз намуда, ҳам баланд бардоштани нишондиҳандаҳои демократии мамлакат ва ҳам таъмин сохтани ягонагиву ҳамҷиҳатии иҷтимоии дохили давлатро дар назар дорад.
Ба ҳамаи мо таҷрибаи ислоҳоти сиёсӣ дар минтақа ва қисмҳои дигари сайёра, ки чандон бомуваффақият набуданд, маълум аст. Вале стратегияи Президенти Ӯзбекистон аз моделҳои бомуваффақияти ислоҳоти сиёсӣ гардид ва дар оянда метавонад дар шароити кишварҳои дигар ҳам истифода гардад. Ба тарзи дигар гӯем, интихоботи бомуваффақият ба вуқӯъ омада нишондиҳандаи равшани натиҷаҳои олии ислоҳот ва дигаргуниҳоест, ки дар мамлакат татбиқ шуданд.
Баробари ин бояд ба он чиз эътибори махсус дод, ки дар натиҷаи овоздиҳӣ Шавкат Мирзиёев бори дуюм Президенти Ӯзбекистон интихоб шуд, ки ба минбаъд идома додани ислоҳоти дар мамлакат оғоз ёфта, ҳамчунин ташаббусҳои наве, ки ӯ барои таъмин сохтани рушди бештари Ӯзбекистон дар назди худ гузоштааст, имкон медиҳад.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: