ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО ДАР МАҶМӮИ КӮЛҲОИ АЙДАР–АРНАСОЙ

Пайдоиши ин маҷмӯи кӯлҳо ба солҳои 70-уми қарни сипаригардида рост меояд.

Дар ибтидо ин ҷо, яъне ҳавзаи Сирдарё танҳо дорои оби ширин буд. Баъдан бо мурури вақту замон ба туфайли шӯршавии заминҳои корами дашти Мирзочӯл, хосса дар давоми бист соли охир  ҷойи оби ширинро оби шӯр гирифт. Дар натиҷа олами зиндаи ин кӯлҳо ба оби шӯр мутобиқат  намуданд.
Ҳоло он дар қаламрави ҷумҳуриамон яке аз ҳавзаҳои оби нодир ба шумор меравад. Дарозии кӯл аз самти шарқ ба ғарб қариб 200 километр, бараш аз шимол ба ҷануб 30-35 километрро ташкил медиҳад. Майдони умумии кӯлҳо 3000 километри мураббаъ буда, дар ин ҳавза 34 миллиард метри мукааб об меғунҷад.
Бо мақсади босифат ва саривақт ба иҷро расонидани қарори Президент «Дар бораи чораву тадбирҳои такмил додани идоракунии низоми кӯлҳои Айдар-Арнасой» аз 22 феврали соли 2022 ба нақша гирифта шудааст, ки дар кӯли Тузкон бунёди маскани истироҳатӣ ба роҳ монда шавад. Ин нақша аз ҷониби «Pro Fish Line» роҳандозӣ гардидааст.
Баҳри баланд бардоштани салоҳияти сайёҳии маҷмӯи кӯлҳои Айдар-Арнасой дар об сохтани маскани истироҳатӣ, аз ҷумла пляж, бунёд намудани маҷмӯи меҳмонхонаҳо, масканҳои солимгардонӣ-истироҳатӣ, нуқтаҳои савдо, ҷойҳои вақтхушӣ дар назар аст. Бо ин роҳ адади сайёҳони хориҷӣ афзун хоҳад шуд.
Ҳамчунин дар ноҳияҳои ба ин кӯлҳо ҳамҳудуди Фориши вилояти Ҷиззах ва Конимехи вилояти Навоӣ бобати инкишоф экотуризм ва шикорчигӣ популятсияи ҳайвоноти ёбоӣ ва пас ба оғӯши табиат сар дода шудани он дар назар дошта шудааст.
Ба нақша гирифта шудааст, ки тайи солҳои 2023-2027 корхонаҳои азнавкоркарди моҳӣ ташкил ёбад ва барои ин ва ба ҳамин монанд лоиҳаҳо 30 миллион доллари Амрико ҷалб карда шавад. Дар натиҷаи ин ҳазорто ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешавад.
Дар ин замина қарори   Президент «Дар бораи пурзӯр намудани ҳифзи олами ҳайвонот ва рустании маҷмӯи кӯлҳои Айдар– Арнасой ва баланд бардоштани самаранокии таъмини амнияти ҷамоатии он»  басо муҳим мебошад.
Ба қарибӣ ҳокими вилоят ҳам дар ин ҳудуд бо аҳолӣ вохӯрд ва қабули сайёр гузаронд. Доир ба масъалаҳои номбаркардашуда  ҳарф зад. 

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: