Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев бо имзои қарор «Дар бораи суръат бахшидан ба тадбирҳо оид ба ислоҳоти соҳаи гидроэнергетика» аз 12 июли соли равон Барномаи панҷсолаи рушди соҳаи гидроэнергетика то соли 2028-ро муайян намуд.
Ин бар он маъно мебошад, ки раванди рушди соҳаи гидроэнергетика куллан тағйир дода мешавад, иқтидори мавҷудаи 2 ҳазору 228 МВт қариб 2,5 баробар афзоиш дода мешавад, ки дар маҷмӯъ он 5 ҳазору 508 МВт-ро ташкил мекунад. Инчунин ҳаҷми солонаи истеҳсоли маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тозаи қувваи барқ ба 15,7 миллиард киловатт-соат мерасад.
Иҷрои ин корҳои бузург бидуни маблағи кофӣ имконнопазир аст, аз ин лиҳоз барои бунёди ин лоиҳаҳо 6,5 миллиард доллар сармояи сармоягузорӣ ҷалб карда хоҳад шуд. Дар натиҷаи ба амал баровардани барнома шумораи неругоҳҳои барқи обии дохилии таҳти тасарруфи «Ӯзбекгидроэнерго» ду баробар, яъне 120 адад афзуда, 3 ҳазор ҷои нави кор фароҳам оварда мешавад. Дар ин миён 4,2 миллиард метри мукааб гази табиӣ сарфа мегардад.
Тибқи барномаи панҷсола тадбирҳо оид ба баланд бардоштани иқтидори ҳаҷми неруи барқ барои ҳар сол барномарезӣ шудааст. Аз ҷумла, дар соли 2025 бар ивази 430 миллион доллари амрикоӣ дар 12 минтақа 16 неругоҳи барқи обии дорои иқтидори умумиаш 203 МВт, аз ин шумор 10 неругоҳи барқи обии омода бо иқтидори умумии 197,9 МВт ва 6 НБО бо иқтидори 5,1 МВт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Дар натиҷа ба таври илова 900 миллион киловатт-соат кувваи барқ истеҳсол гардида, 375 ҳазор хонавода бо неруи барқ таъмин мегарданд.
Ба тараққиёти саноати гидроэнергетикии ҷаҳон назар андозем, ҷумҳурии мо нисбат ба дараҷаи истифодабарии иқтидорҳои гидроэнергетикӣ аз ҷиҳати шумораи неругоҳҳои барқи обии дар зарфи як сол ба кор андохташаванда ва бунёдшаванда дар ҷои аввал меистад.
Ногуфта намонад, ки мутобиқи Барномае, ки дар асоси қарори зикргардидаи сарвари давлат тасдиқ шудааст, дар соли оянда 17 лоиҳаи неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 2 ҳазору 204 МВт ба марҳилаи фаъол гузаронида мешавад.
Барои ҳамин то охири соли равон дар доираи 9 лоиҳаи иқтидори умумиаш 449 МВт оид ба ҷалби қарзҳои хориҷӣ бар асоси кафолати давлатӣ бо ташкилотҳои молиявӣ созишномаҳо ба имзо расида, ба марҳилаи фаъол гузаронида мешаванд. Дар соли ҷорӣ 4 неругоҳи бузурги ГТЭС бо иқтидори умумии 1 ҳазору 600 МВт, тавлиди нерӯи барқи 2,8 миллиард кВт/соат, арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард доллари амрикоӣ таҳия шуда, аз соли 2025 бо сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати имзои созишномаҳо гуфтушунидҳо баргузор хоҳанд шуд. Асосҳои иқтисодӣ-фаннии ин неругоҳҳо аз ҷониби ширкатҳои русӣ ва чинӣ (China Southern Power Grid International) тарҳрезӣ мешаванд, ки таҷрибаи баланди чандинсола дар бобати тарҳрезӣ ва сохтани чунин иншоотро ба даст овардаанд.
Бунёди ин неругоҳҳо дар Қорақалпоқистон, вилоятҳои Ҷиззах ва Тошканд пешбинӣ шудааст, зеро дар ин минтақаҳои кишвар эҳтиёҷ нисбат ба нерӯи барқ хеле зиёд эҳсос мегардад. Неругоҳҳои бунёдшаванда хеле самаранок мебошанд. Дарвоқеъ, дар кишварҳои пешрафта истгоҳҳои зиёди ГТЭС сохта шудаанд ва ин раванд босуръат идома дорад. Мутахассисон ин гуна неругоҳҳоро иншооти асосии тавлидкунандаи нерӯи барқ ва дар нигоҳ доштани мувозинати системаи энергетикӣ хеле муҳим арзёбӣ мекунанд.
Дар айни ҳол масъалаи маҳалликунонӣ дар соҳаи гидроэнергетика низ омили муҳим мебошад. Албатта, барои сохтмони истгоҳҳои барқи обӣ пеш аз ҳама таҷҳизоти ҳозиразамон талаб карда мешавад. То имрӯз дар доираи лоиҳаҳо чунин асбобу таҷҳизоти ба замон мувофиқ ворид карда мешаванд. Ҳамакнун ба мақсади коҳиш додани ҳаҷми воридот аз ҳисоби маҳаллисозӣ ва рушди кооператсияи саноатӣ дар соли 2025 як корхонаи замонавӣ бо иқтидори истеҳсоли агрегатҳои ҳаҷмашон то 40 МВт ва дар Осиёи Марказӣ ягона сохтаву ба истифода дода мешавад.
Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар ин соҳа низ яке аз омилҳои асосии рушди минбаъдаи гидроэнергетика маҳсуб меёбад. Дар ин росто, дар навбати аввал ҳудуди 50 нафар конструктор, муҳандисон ва технологҳои баландихтисос аз як ширкати пешрафтаи чиноии дорои таҷрибааш баланд ба кор ҷалб гардида, мутахассисони маҳаллӣ бевосита дар раванди истеҳсолот аз онҳо таълим мегиранд. Дар марҳилаи аввал кормандони «Ӯзбекгидроэнерго» дар Чин таҳсил намуда, таҷрибаашон афзоиш медиҳанд.
Ҳамзамон, татбиқи лои-ҳаҳои ояндадори зикршуда боиси равшании садҳо ҳазор хонаводаро таъмин мекунад, эҳтиёҷоти табақаи васеъро нисбат ба неруи барқ коҳиш медиҳад, инчунин барои бисёр субъектҳои соҳибкорӣ ҷойҳои нави кор фароҳам меоварад ва ҳаёт боз ҳам шукуфотару зиндагӣ фаровонтар мегардад.
Ҳулкар ҶӮРАЕВА,
сармутахассиси бахши матбуоти
ҶС «Ӯзбекгидроэнерго».
Ба мақсади омодагирӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дар НБГ-и Сирдарё корҳо тибқи нақша ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла, дар хатти ЛМ-2 сохтори тақсимкунии нерӯяш 220 кВ, ки тобеи сехи электрии корхона мебошад, корҳои таъмир дар арафаи анҷомёбианд.
Ҳамчунин, дар қисмҳои ҳавогузаронии истгоҳ низ камбудиву нуқсонҳо бартараф карда мешаванд.
Баъди ба анҷом расидани корҳо дар истгоҳи мазкур сифати бо энергияи барқӣ таъминкунии истеъмолгарон беҳ мегардад.
Дар акс: рафти корҳои омодагирӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон.