ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО ОИД БА ТАШКИЛИ ТЕХНОПАРКҲО БАРРАСӢ ГАРДИД

Президент Шавкат Мирзиёев 13 феврал бинобар масъалаҳои рушди соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва ташкил кардани инфрасохтори зарурии замонавӣ ҷамъомад баргузор кард.

Соли 2020 дар мамлакати мо Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодёти рақамӣ эълон шуд. Низоми «Ҳукумати электронӣ» бо мақсади таъмини рӯшодӣ, шаффофият ва самарабахшӣ дар ҳама соҳаҳо васеъ ҷорӣ карда мешавад. Аз ҷумла, расондани 178 хидмат тавассути портали ягонаи интерактивии давлатӣ ба роҳ монда шудааст, ки вақтро сарфа гардонда, хароҷоти мардумро коҳиш медиҳад.
Саҳми иқтисодиёти рақамӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИМА 10,9 фоиз, дар Чин ин нишондиҳанда 10 фоиз, дар Ҳиндустон 5,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар Ӯзбекистон бошад, ин рақам аз 2 фоиз зиёд нест.
Бо мақсади рушди минбаъда ва баланд бардоштани иқтидори содиротии ин соҳа дар ҳамкорӣ бо Вазорати оид ба рушди  технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷамъияти паркҳои технологияҳои барномавии назди Вазорати электроника ва технологияҳои иттилоотии Ҳиндустон дар мамлакатамон  IT- парк таъсис дода мешавад. Девони Вазирон 10 январи соли 2019 қарори дахлдор қабул кард ва дар ноҳияи Мирзо Улуғбеки Тошканд сохтмони Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ оғоз ёфт.
Сарвари давлат 20 ноябри соли гузашта ба технопарк ташриф оварда, бо шароити дар он муҳайёгардида шинос шуда, аввалин санги рамзии сохтмони марҳилаи нави технопаркро гузошт.
Дар айни замон 350 корхонаи ватании соҳаи технологияҳои иттилоотӣ резидентҳои IT-парк буда, дар онҳо  4 ҳазор мутахассисон кор мекунанд. Якҷоя бо шарикони хориҷӣ лоиҳаи «1 миллион барномасоз» татбиқ карда мешавад.
Дар солҳои 2020-2024 дар 14 минтақа ташкил кардани филиалҳои технопарк, се баробар зиёд кардани шумораи резидентҳо ва то 40 ҳазор нафар расондани кормандон ба нақша гирифта шудааст. Ин спектри хидматрасонии иттилоотӣ ва барномасозӣ, инчунин содироти онҳоро афзун мегардонад.
Дар мулоқот масоили бунёди технопарк ва филиалҳои он, созмон додани инфрасохтори баландтехнологӣ баррасӣ шуд.
Оид ба ташкил кардани IT- академия, IT- лаборатория, маркази коворкинг, Маркази коркарди иловаҳои мобилӣ, Маркази технологияҳои фосилавии иттилоотӣ супоришот дода шуданд.
Пешниҳод шуд, ки механизми таҳия ва татбиқи таъминоти замонавии муосир барои соҳаҳо ва ҷанбаҳо дар асоси фармоиши давлатӣ ба роҳ монда шавад.
Аҳамияти ҳамқадами тамоюлҳои ҷаҳонӣ шудан, фаъолона ҷорӣ намудани коркардҳои нав, густариш додани ҳамкорӣ бо технопаркҳои бонуфуз қайд гардид.
Ба масъалаҳои сохтмони манзилҳои бисёрошёна, меҳмонхонаҳо, маҷмӯъҳои варзишӣ барои коргарон ва мутахассисони Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, ки аз хориҷ ҷалб карда мешаванд, эътибори ҷудогона дода шуданд.
Шахсони масъул дар бораи рафти корҳои сохтмон ва лоиҳакашӣ ҳисобот доданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: