Қариб дар ҳамаи шаҳру навоҳии қаламрави вилоят барои пиёда сохтани лоиҳаҳо чӣ бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ ва чӣ бо ташаббуси бевоситаи соҳибкорон азму кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад.
Қариб дар ҳамаи шаҳру навоҳии қаламрави вилоят барои пиёда сохтани лоиҳаҳо чӣ бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ ва чӣ бо ташаббуси бевоситаи соҳибкорон азму кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад. Сармоягузорони хориҷӣ мехоҳанд бештар дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Ҷиззах» лоиҳаҳои худро амалӣ намоянд. Дар ин ҷо аллакай истеҳсоли навъҳои гуногуни ҷиҳозҳои рӯзгор ҷараён дорад. Ҳоло истеҳсоли мошинҳои сабукрав оғоз ёфтааст.
Назар ба гуфти муовини ҳокими вилоят оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Нодир Раҷабов лоиҳаи истеҳсоли мошинҳои «Лада», «КИА», «РЕНО» 74 миллион доллар қимат дорад. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин минтақаи иқтисодӣ соле 13 ҳазору 500 дона мошин истеҳсол карда шавад.
Дар ноҳияи Зафаробод бо иштироки сармоягузорони чиноӣ марҳилаи якуми фаъолияти корхонаи сементи «Хуаксинсемент» ба кор сар кардааст. Иқтидори корхона соле 60 миллион тонна семент баровардан мебошад. Барои бо қувваи барқ пурра таъмин намудани ин корхонаи саноатӣ аз масофаи 63 километр тавассути истгоҳи Сарибозори ноҳияи Ғаллаарал хати ҳавоии электр кашида шуд. Акнун дар ин масъала муаммо мавҷуд нест.
То охири сол марҳилаи дуюми заводи сементро ба кор андохтанианд. Дар он сурат эҳтиёҷи аҳолӣ нисбат ба ин навъи маҳсулоти бинокорӣ қонеъ мегардад ва боз ҷойҳои иловагии корӣ ба вуҷуд меояд.
Ноҳияи Пахтакор ҳам бо пешрафти саноати худ ва амалишавии лоиҳаҳо дар вилоят бартарӣ дорад. Соли ҷорӣ бо қимати 85,6 миллиард сӯм татбиқ кардани лоиҳаҳоро ба нақша гирифтаанд. То ин дам аз 17 лоиҳа 10 тоаш ба кор даромаданд.
Бо иштироки Ӯзбекистону Литва бо қимати 4,1 миллион доллар корхонаи истеҳсоли антифриз барои мошинҳои сабукрав ба кор даромад. Тавре ки мудири шуъбаи истеҳсолоти корхона Абдурашид Мадазимов иттилоъ додааст, бо ба кор даромадани марҳилаи дуюм полоишакҳои ҳавоӣ низ бароварда мешавад.
Кандашавии таъминоти газ, об ва қувваи электр гоҳо барои саривақт ба кор андохтани лоиҳаҳо монеъ мешавад. Ба наздикӣ як гурӯҳ кормандони девони Бизнес – Омбудсмани назди Маъмурияти Президент ба вилояти Ҷиззах омада, ин гуна муаммоҳоро омӯхтанд ва паи ҳаллашон чораҳо андешиданд. Дар кластери пахтаи ноҳияи Шароф Рашидов ва корхонаи истеҳсоли оҳаки ноҳияи Фориш муаммои электр ҷой дошт. Ин масъала ҳаллу фасл гардид. Назар ба маълумотҳо, аз ҷониби соҳибкорон ба Идораи шабакаҳои электри вилоят 182 бор муроҷиат карда шудааст. Аз ин бармеояд, ки ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳо саҳлу осон нест. Он дониши амиқи иқтисодӣ, ватанпарварӣ ва дурандешии беш аз пеши ҳамватанонро тақозо мекунад.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.