ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР РӮҲИ ТАНҚИДӢ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

Президент Шавкат Мирзиёев дар бобати масъалаҳои тезондани татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои электротехника ва дорусозӣ, инчунин истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ҷамъомад баргузор намуд.

Дар натиҷаи чорабиниҳо доир ба такмили ин соҳаҳо ва васеъ намудани номгӯйи маҳсулоти онҳо бо арзиши баланди изофа миқдори содирот дар се соли охир ба 1,7 маротиба афзуд. Интизор меравад, ки дар соли ҷорӣ содирот ба 350 миллион доллар мерасад.
Аммо, дар ҷамъомад таъкид шуд, ки дар ин ду соҳа бисёр имконоти роҳандозинагардида вуҷуд доранд, онҳо бояд «нуқтаи тараққиёт»-и иқтисодиёт гарданд. 
– Дар даҳ моҳи гузашта дар ҳар ду соҳа маҳсулот ба беш аз 2 миллиард доллар ворид гаштааст. Худи ин рақам онро нишон медиҳад, ки мо дар кадом самт бояд ҳаракат кунем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Соли ҷорӣ дар сектори электротехника татбиқ намудани 55 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст. Аз он 26 лоиҳа татбиқ гардида, ба амал ҷорӣ намудани лоиҳаҳои боқимонда кашол меёбад.
Роҳбари давлат аз сабабҳои кашол ёфтани онҳо пурсон шуд ва барои бартараф сохтани мамониатҳо супориш дод.
Ногузирии муайян намудани самтҳо таъкид гардид, ки дар инкишофи соҳаи электротехника таҳрикдиҳанда ба шумор меравад.
Имрӯз ба мамлакат дар ҳаҷми беш аз 500 миллион доллар маҳсулоте оварда мешавад, ки истеҳсолаш сода буда, кашонданаш пурхароҷот аст.
Бинобар ин ба ассотсиатсияи «Ӯзэлтехсаноат» тартиб додани рӯйхати чунин маҳсулот ва роҳандозии истеҳсоли онҳо дар минтақаҳои саноатии шаҳри Тошканд ва вилояти Хоразм тавсия дода шуд.
Аз ҳисоби ин афзудани содироти соҳавӣ то 310 миллион доллар то охири соли ҷорӣ ва соли оянда то ба 370 миллион доллар баромадан ба нақша гирифта шудааст. Истиқболнокии истифодаи майдонҳои онлайни савдои ҷаҳонӣ ва иштирок дар тендерҳои байналхалқӣ зикр гардид. Соли 2021 ташкил намудани лаборатория ва маркази сертификатсияи татбиқи стандартҳои байналхалқӣ чун вазифа гузошта шуд.
Дар ҷамъомад инчунин татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи дорусозӣ муҳокима гардиданд.
Он нукта зери танқиди сахт гузошта шуд, ки аз 37 лоиҳаи сармоягузорӣ ба миқдори 100 миллион доллар, ки барои соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, фақат яктоаш ба анҷом расидааст.
Таъкид шуд, ки соли оянда кори амалӣ аз рӯи 37 лоиҳа ба миқдори 149 миллион доллар бояд шурӯъ гардад.
Боз як камбудии соҳа ин аст, ки нимаи 16 корхонаи бузург, ки дар солҳои охир ба вуҷуд омадааст, ба иқтидори пурра кор намекунанд. Ба шахсони масъул таҳлил намудани кори ин корхонаҳо ва мадад ба онҳо барои ба иқтидори пурра баромадан супориш дода шуд.
Бо вуҷуди он ки дар корхонаҳои дохилӣ беш аз 3 ҳазор номгӯйи доруворӣ истеҳсол мегардад, инҳо асосан ҷенерикҳое мебошанд, ки аз лиҳози истеҳсол мураккаб нестанд.
– Пандемия чашми моро кушод, нишон дод, ки саноати дорусозӣ аз нуқтаи назари натанҳо иқтисодиёт, балки бехатарӣ низ сектори стратегӣ ба шумор меравад. Мо беҳуда дар навбати аввал минтақаҳои дорусозиро ташкил накардем. Мо ба бисёр чизҳо муносибати худро бояд дигар кунем, – гуфт Президент.
Бинобар ин ногузирии гузаштан ба истеҳсоли дорувории дараҷаи бехатарӣ ва самарабахшиаш баланд таъкид гардид.
Ҳамин тариқ имконоти соли оянда ба роҳ андохтани истеҳсоли доруворӣ барои корбурди парентералӣ дар вилояти Намангон, муқаррароти гормоналӣ дар вилояти Самарқанд ва дорувории хун дар вилояти Тошканд вуҷуд дорад. Дар натиҷаи парвариши растаниҳои доруворӣ дар плантатсияҳо ва роҳандозии азнавкоркарди саноатии онҳо дар даҳ моҳи охир ҳаҷми содироти доруворӣ дар асоси онҳо 40 миллион долларро ташкил намуд. Дар минтақаҳо 14 кластер ба миқдори 42 миллион доллар оид ба азнавкоркарди растаниҳои доруворӣ ба вуҷуд оварда шудааст.
Соли ҷорӣ майдони плантатсияи растаниҳои шифобахш ба 16 ҳазор гектар расид, ҳаҷми ашёи хоми таҳиягардида 22 ҳазор тоннаро ташкил намуд. Аммо ин ҳанӯз кифоя намекунад, таъкид шуд дар ҷамъомад.
Бинобар ин соли оянда афзудани ҳаҷми истеҳсолот, азнавкоркард ва содироти чунин маҳсулот ҳадди ақалл ба ду баробар чун вазифа гузошта шуд. Дар иртибот бо парвариши стевия, ки аз он зимни диабет ивазкунандаи қанд истеҳсол мегардад, азнавкоркарди саноатии растаниҳои ивазкунандаи содирот мисли алтей, настаран, топинамбур, хори каррок, заъфарон супоришҳо дода шуд.
Таъкид ёфт, ки аз 207 корхонаи мавҷуд дар 157-тоаш стандартҳои байналхалқӣ татбиқ нагаштааст, аҳамияти афзоиши кор дар ин соҳа таъкид шуд. Вазифа гузошта шуд, ки соли 2021 содироти маҳсулоти дорусозӣ то 55 миллион доллар афзуда шавад.
Роҳбарони секторҳо ва минтақаҳо  бобати ҳалли вазифаҳои дар ҷамъомад муқарраргардида маълумотҳо пешниҳод намуданд.
ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: