ТАТБИҚИ НАХУСТИН ЛОИҲАИ МУШТАРАКИ КИНОСОЗОН ДАР ДАВРАИ НАВ

Қасри кино ва санъати ба номи Навоӣ воқеъ дар пойтахт вақтҳои охир ин гуна серодам нашуда буд.

Дар ин ҷо ба муносибати 90-солагии адиби барҷаста Чингиз Айтматов нахустнамоиши филми бадеии «Дилбари сарвқомати ман» аз рӯи қиссаи ҳамноми ин нависанда баргузор гардид. 
Анҷуман ва намоиши асарҳои Ч. Айтматов, ки қабл аз премера рӯи кор омад, ҷолиби диққат буд. Баромади дастаҳои хунарӣ бо иштироки санъаткорони ӯзбек ва қирғиз як олам завқ бахшиданд.
Сардиректори ҶС «Ӯзбеккино» Фурқат Зокиров дар баромади худ оиди дар ҳамаи соҳаҳо ба роҳ андохта шудани ҳамкорӣ байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳарф зад ва изофа намуд филмофарон низ дар таблиғи дӯстӣ ва наздикшавии халқҳо, ки дар як минтақа паҳлӯ ба паҳлӯ  кору зиндагӣ карда омадаанд, саҳм мегиранд. 
Таҳти ҳамкорӣ бо филмофарони туркман ва қазоқ филмҳои ҳуҷҷатӣ бардоштем, инак, амалӣ гардонда шудани лоиҳаи муштарак бо эҷодкорони қирғиз – офарида шудани филми бадеии «Дилбари сарвқомати ман» боз як воқеаи муҳим дар ҳаёти фарҳангии мо, – гуфт Ф.Зокиров дар фуроварди сухан. 
Дар маросими муаррифии филми мазкур намояндагон аз сафоратхонаи Қирғизистон дар мамлакати мо, масъулон аз кинодепартаменти ҷумҳурии ҳамсоя, як қатор шахсиятҳои маъруфи илм, фарҳанг ва адабиёт аз ду кишвар иштирок ва баромад намуданд.
Қиссаи «Дилбари сарвқомати ман» соли 1958 таълиф ва ба чандин забон, аз ҷумла, ба тоҷикӣ тарҷума шудааст. То имрӯз дар асоси ин асар ду филми бадеӣ бардошта шуд, вале фикр мекунем картинаи мо, ки самараи ҳамкории устодони кинои ду халқ аст, ба рӯҳи Чингиз Айтматов наздиктар мебошад, гуфт актёри ӯзбек, яке аз иҷрогарони нақшҳои асосӣ Матёқуб Матҷонов. Нақшҳои марказӣ – Илёс ва Асалро ҳунарпешаи ӯзбек Адиз Раҷабов ва актрисаи қирғиз Мадина Талиббек бозидаанд.
Дар картина ҳамчунин тимсолҳое, ки Бобур Йӯлдошев, Улуғбек Қодиров, Елена Абай қизи, Алишер Узоқов, Нигора Каримбоева офаридаанд, эътибори тамошобинонро ба худ мекашанд. Продюсери филм Паризод Ҷакарбекова, муаллифи сенария ва коргардон Сарвар Каримов.
Филм дар як вақт бо ду забон – ӯзбекӣ ва русӣ дар ҳарду толори қасре, ки бо номи «Панорама» низ машҳур аст, намоиш дода шуд.

Ш. МУҲАММАД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: