(Репортаж)
Ба осоишгоҳи солимгардонии кӯдакони ноҳияи Сӯх вақте омадам, офтоб аллакай баъди тулӯъ чанд қади найза боло рафта, нурҳои заррини он оламро мунаввар менамуд. Ин осоишгоҳ дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Истиқлол»-и маркази ноҳия воқеъ гаштааст. Масоҳаташ дастикам панҷ гектар майдонро ташкил мекунад ва манзараҳои ҷаззобу табиати гуворои он роҳатбахш аст.
Аз шафати он рӯди шӯхи Сӯх ҷорист, дар самти дигар анбӯҳи дарахтони сарзабзу хуррам осоишгоҳро, ки ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон марбут аст, иҳота намудааст. Бо директори он – Таваккалҷон Эркаев ин манзара ва иморату иншоотҳои гуногунро тамошокунон вориди утоқаш мешавем. Дарвоқеъ, як замон ҷои осоишгоҳ замини бекорхобидаву санглох буда, ба ёди касе намерасид, ки вақташ омада дар ин ҷо иморату иншоотҳои бо дизайни хос сохташуда арзи вуҷуд хоҳанд кард. Ифтихорам боло гирифт, ки кӯдакони ноҳияи дурдасти вилояти Фарғона низ аз ғамхориҳои Президенти мамлакат баҳраманд гардидаву мисли миллионҳо ҳамтоёни худ таътили тобистонаашонро хушу хуррам мегузаронанд.
– То се соли пеш фақат як гурӯҳ кӯдакону наврасони сӯхӣ таътили тобистонаи худро дар осоишгоҳи «Коинот»-и шаҳри Қӯқанд мегузарониданд. Равуо ва убури марзи миёни ду кишвар мушкилоту азиятҳои худро дошт, барои ҳамин аксарияти падару модарон аз фиристодани фарзандони худ ба ин осоишгоҳ худдорӣ мекарданд. Ҳоло, баъди нонушта, дар ҳамаи гурӯҳҳо машғулиятҳо оғоз ёфтаанд. Барои ҳамин чунин хомӯшӣ ҳукмфармост, – мегӯяд Т. Эркаев. – То ин муддати соли равон дар се баст 542 нафар фарзандони аҳли шаҳраку рустоҳои ноҳияи Сӯх ва берун аз қаламрави он таътили тобистонаи худро дар чунин осоишгоҳи замонавӣ ва пурра муҷаҳҳаз сипарӣ намуданд. Онҳо дӯстони нав пайдо карданд ва бо кайфияти аъло ба назди падару модари худ баргаштанд.
15 июл ба басти чорум 160 нафар кӯдаконро қабул кардем. Дар байни онҳо 8 нафар кӯдакону наврасонеро пайдо мекунед, ки бо роҳхати Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ аз шаҳрҳои Фарғонаву Риштон ва пойтахти мамлакат – шаҳри Тошканд ба ин осоишгоҳ омаданд. Дар басти сеюм низ чаҳор нафар кӯдакон аз ноҳияи Олтиариқ ва шаҳри Қӯқанд бо чунин роҳхат 12 рӯзи таътилашонро сипарӣ намуданд.
Синни кӯдакону наврасон аз 7 то 14-соларо ташкил мекунад. Бо тафовут аз ду соли пеш кӯдакону наврасон бо панҷ маҳал хӯроки гарм таъминанд. Ҷамъи корҳо бар асоси барномаи намунавии 12-рӯза сурат мегирад ва ҳар рӯзи кӯдакон пурмазмуну шавқовар мегузарад. Дар ихтиёри онҳо ду хонаи алоҳидаи бо рахти хоб муҷаҳҳаз, утоқи баргузории маҳфилҳо, осорхона, майдони варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ қарор дода шудааст. Таваккалҷон Эркаев қайд мекунад, ки тамоми чорабиниҳо, мисли мулоқоту вохӯриҳо бо шахсиятҳои маъруф, адибон, кормандони идораҳои интизомӣ, намоиши барномаҳои консертӣ дар амфитеатр баргузор мегарданд.
– Аз оғози мавсими қабул дар шаш гурӯҳ фаъолияти худро ба роҳ мондаем. Ба ҳар як гурӯҳ як нафар роҳбар ва як нафар тарбиячӣ вобаста карда шудааст. Ғайр аз ин, ҳар як мутахассис дар вақти барояш муқарраршуда маҳфил баргузор мекунад ё кӯдакону наврасон ба бозиҳои гуногуни варзишӣ машғул мешаванд, – мегӯяд директор.
Бино ба қарори Президенти мамлакат аз 29 майи соли 2024 «Дар бораи чораҳо оид ба васеъ намудани фарогирии кӯдаконе, ки дар марказҳои солимгардонии кӯдакон истироҳат мекунанд», ба осоишгоҳҳое, ки таҳти тасарруфи Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон қарор доранд, маблағи на бештар аз 50 фоизи нархи ҳар як роҳхат ё чипта ҷуброн карда мешавад.
– Аз тарафи Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ барои 12 рӯз якуним миллион сӯм муқаррар шудааст. Агар падар ё модари кӯдак узви иттифоқи касаба бошад, онҳо аз пардохти ин маблағ озод ҳисобида мешаванд, зеро қисмати боқимондаи он, яъне 50 дарсади дигар аз ҳисоби суғуртаи иҷтимоӣ ҷуброн мешавад, – мегӯяд Т. Эркаев.
– Кадом маҳфилҳо роҳандозӣ гардидаанд?
– Кӯдакону наврасон дар муддати 12 рӯз метавонанд дар маҳфил забонҳои хориҷӣ омӯзанд, кор бо компютер ва навохтани асбобҳои мусиқӣ, расмкаширо ёд гиранд, ба бозиҳои гуногуни варзишӣ машғул шаванд, китоб хонанд.
– Ман аз рӯи тахассус муаллими фанни ҷуғрофия мебошам. Донистани ҷуғрофияи кишвари маҳбуб, номи шаҳрҳои таърихӣ, иқлим, табиат, инчунин ҳаракат ва ҷойгиршавии замин ҳамчун сайёра дар системаи офтобӣ, атмосфера, ҳаёти органикӣ ва амсоли он барои ҳар як кӯдаку наврас шавқу завқи зиёд хоҳад бахшид. Талош меварзам, ки ин маҳфил дар сатҳу савияи баланд баргузор гардад, – ба суҳбат ҳамроҳ мешавад Ғоибназар Ғоибов.
– Омӯзиши ҳар як забон дар маҳфилҳои мо аз тарафи мутахассисон ба амал бароварда мешавад. Ба таври мисол, ман дар басти чаҳорум низ дар баробари тарбиячигӣ масъулияти маҳфили забони олмониро низ бар дӯш дорам, – мегӯяд Ихтиёр Абдукаримов.
Кӯдакону наврасон вақтҳои фориғ аз машғулияту маҳфилҳо ба боғи марказии истироҳати ноҳия рафта, сайругашт мекунанд, ба атраксионҳо савор шуда, бо кайфияти хуб ба осоишгоҳ бармегарданд. Бар замми он, ҳамчун сайёҳони хурдсол аз ҷойҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳо боздид менамоянд.
Аз суҳбат бо тарбиячиён Мӯъминҷон Додомаҳматов, Офарида Қосимова, Сафарҷон Домуллоев, Парвиз Бобошарипов, Малоҳат Раҳимова, роҳбарони гурӯҳ Нодиршоҳ Илёсов, Шоҳрух Ҳакимҷонов, Шаҳзод Файзиддинов, Мафтуна Мадкаримова, Гулёра Раҷабова ва Фаррух Нурматов дарёфтам, ки онҳо аз шароити фароҳам овардашуда шоду мамнунанд ва басти чорумро низ муваффақона ба анҷом хоҳанд расонд. Пизишк Умарҷон Умаров ва ёвари ӯ Саъдулло Зиёдуллоев ҳамеша саломатии кӯдакону наврасони осоишгоҳро таҳти назорат қарор додаанд.
– Дарвоқеъ, аз ходимони корҳои дохилӣ, вазъияти изтирорӣ, гвардияи миллӣ ва стансияи санитарӣ-эпидемиологии ноҳия ҳар рӯз якнафарӣ дар навбат меистанд ва дар сурати зарурӣ бо ходимони осоишгоҳ ва кӯдакон суҳбатҳо мегузаронанд, – суханашро идома медиҳад Т. Эркаев. – Агар ҷоиз бошад, як падидаи хубро баён кунам. Соли 2023 осоишгоҳи солимгардонии кӯдакони ноҳияи Сӯх дар ҷумҳурӣ аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин маскани солимгардонӣ» ҷои ифтихории якумро ба даст овард ва бо диплом ва мукофотҳо рағбатнок кунонида шуд.
Оре, бахту саодат аз ин зиёд намешавад. Дар ҳавзи обаш зулолу шаффоф кӯдакони зиёд таҳти назорати Салимшоҳ Додобоев бо шӯру мағал машғули оббозӣ мебошанд, дар майдончаи варзишӣ ба кӯдакон Имомназар Имомназаров бозии тенниси рӯи мизро ёд медиҳад. Як гурӯҳ дар ҳавои оҳанги шӯх рақсу бозӣ карда, вақташонро хуш мегузарониданд. Ба як гурӯҳ китобдори осоишгоҳ Гулзода Эргашева доир ба манфиати мутолиаи китоб дарси ибрат мегузарад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.