Таътили донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва литсейҳо то 24 январ дароз шуд

Таътили барои донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ ва касбӣ, литсейҳои академикӣ то 24 январи соли 2022 дароз карда шуд.

Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус сабаби дароз кардани таътилро номбар кард. Маълумки, 24 декабри соли 2021 Сарвари давлатамон ба ду қарор дар бораи ба муассисаҳои таълими олӣ додани мустақилии молиявӣ, академикӣ ва ташкилӣ, ки ба тағйиротҳои мусбати куллии низоми таълими олӣ мероад, имзо кард. Ин ба оғоз ёфтани давраи нави низоми таълими олии Ӯзбекистон ибтидо гузошт.

Қарор дар бораи додани мустақилии молиявӣ ба 35 муассисаи таҳсилоти олии ояндадор аз моҳи январи соли 2022 дар ин соҳа хушсифат иҷро намудани вазифаҳо ва фароҳам овардани заминаи мустаҳкамро тақозо мекунад.

Ин, дар навбати худ, ба идоракунии мактабҳои олӣ муносибати нави системавиро талаб мекунад.

Бо ин мақсад бори нахуст дар таърихи низоми таҳсилоти олӣ барои ректорон, проректорҳо, деканҳо ва масъулин оид ба молия бо мақсади такмили маҳорати касбии онҳо ва шурўи кор дар шароити нав семинарҳои амалӣ ташкил карда мешаванд.

Дар баробари ин ба муносибати пурра ба системаи кредитӣ-модулӣ гузаштани мактабҳои олӣ дар ҳамаи мактабҳои олӣ ба ғайр аз кори асосӣ тайёр кардани мудирони кафедраҳо ва профессорон ташкил карда мешавад. Ба ин раванд инчунин роҳбарони тамоми муассисаҳои таълими касбӣ ва литсейҳои академии назди муассисаҳои таҳсилоти олиӣ ҷалб шудаанд.

Дар асоси гуфтаҳои боло, бо мақсади бо омодагии пурра ва ҳамаҷониба шурӯъ намудан  ба нимаи дуюми соли хониши 2021/2022 давраи таътили зимистонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ, литсейҳои академӣ то 24 январи соли 2022 дароз карда шуд.

Қайд карда мешавад, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои бозгашти донишҷӯён аз муассисаҳои таълимӣ ба хона мӯҳлати 50% тахфифи чиптаҳои ҳавопаймо ва роҳи оҳан то 24 январи соли 2022 дароз карда шуд.

Билетҳои ҳавопаймоҳо ва роҳи оҳан, ки то 11 январи соли 2022 харид шудаанд, ба муҳлати дахлдор бепул иваз карда мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: