Дар арафаи Рӯзи ходимони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ бо ташаббуси дафтари матбуоти ҳокимияти вилояти Фарғона пресс-тур ташкил карда шуд.
Дар арафаи Рӯзи ходимони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ бо ташаббуси дафтари матбуоти ҳокимияти вилояти Фарғона пресс-тур ташкил карда шуд. Дар он ходимони шабакаҳои радиову телевизиони давлативу хусусӣ, нашрияҳои чопиву интернетӣ ширкат карданд.
Дар оғози ин саёҳат журналистон аз корхонаҳои бонуфузи саноатии вилоят, мисли “Иброҳимҷон гиламлари”, «Uzwoolentex», «Moderna Ceramic Industries Ferghana», ҳамчунин Маркази технологияҳои рақамӣ, Донишгоҳи байналмилалии Ӯзбекистон ва Куриё боздид намуданд.
Баъд ҳокими вилоят Шуҳрат Ғаниев барои журналистони дохиливу хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор намуд. Вай аввал онҳоро бо фарорасии иди касбиашон табрик намуд ва дар пайи он роҷеъ ба дастовардҳои вилоят маълумоти мухтасар низ ироа кард.
– Аз ташрифи ҳамаи шумо ба вилоятамон хеле хушҳолам. Имрӯз дар зиммаи ҳар як роҳбар масъулияти зиёд бор шудааст ва ин масъулият дар давраи пандемияи коронавирус ба чанд карат афзудааст, – гуфт ӯ.
Баъд саволу ҷавоб оғоз ёфт. Ш. Ғаниев ба саволи мухбири “Овози тоҷик” дар бораи он ки “Чаро дар лавҳаи калон номи аксари нашрияҳои марказиву вилоятӣ акс ёфтаанд, аммо номи “Овози тоҷик”, ки нашрияи Олий Маҷлис ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст, зикр наёфтааст?”, чунин посух дод:
– Ин хатои дафтари матбуот аст ва барои чунин беаҳамиятӣ ман аз идораи рӯзномаи шумо маъзарат мехоҳам.
Ш. Ғаниев ҳамчунин дар робита ба он ки чаро дар вилояти Фарғона солҳои охир теъдоди муштариёни “Овози тоҷик” хеле кам шудааст, ин гуна ибрози назар кард:
– Дар ҳар мавсими обуна ба мо аз идораи нашрияҳои зиёд номаҳо мерасанд. Вале имрӯз ҳама медонад, ки обуна маҷбурӣ нест. Худи ман низ обунаи маҷбуриро намепазирам.
Агар ҳар як нашрия матолиби хонданӣ интишор кунад, ҷои шубҳа нест, ки теъдоди муштариёнаш беш аз пеш меафзояд.
Ҳоким оиди ноҳияи Сӯх сухан ронда, таъкид намуд, ки дар ноҳияи Сӯх 85 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Аҳолии вилоят чаҳор миллион нафарро ташкил менамояд. Сӯх аз ноҳияҳои кӯчактарини вилояти мо маҳсуб меёбад. Дар баъзе ноҳияҳои вилоятамон 250-300 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.
Ҳар як ноҳияи анклав муаммоҳову мушкилоти худро дорад. Ин нуктаро онҳое дарк мекунанд, ки дар чунин шароит кору фаъолият менамоянд. Дар ин ҷо мардумон садҳо сол ба ин сӯ дар ҳамсоягӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ зиндагӣ мекунанд. Бо мардуми Қирғизистони ҳамҷавор дину бозору қабристони муштарак дорем.
Моҳи равон дар ноҳияи Сӯх 2563 ҷои нави кор фароҳам оварда шуд. Ба ивази 390 миллиард сӯм оҳиста-оҳиста корҳои зиёд ба иҷро расонида мешаванд. Дар ноҳия якчанд захираи иловагии обу замин мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
– Барои дар ноҳия бунёд намудани корхонаҳои муштарак гурӯҳи махсус таъсис ёфтааст, ки ба он Сарвазири мамлакат роҳбарӣ мекунад. Ҳоло дар ин ноҳия ноибони сарвазири ҷумҳурӣ бевосита ба мардум кумаки амалӣ мерасонанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.