ТАВАҶҶУҲ БА ТАШАББУСҲОИ ТОШКАНД АҲАМИЯТИ ОНРО ДАР МУКОЛАМАИ БАЙНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ФАЪОЛОНИ ҒАЙРИМИНТАҚАВӢ БАЛАНД МЕБАРДОРАД

Президенти Ӯзбекистон дар нишасти нахустини сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки 27 октябр дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона баргузор шуд, иштирок кард.

Ширкати сарвари давлатамон дар ин нишаст ва пешниҳоду ташаббусҳои ӯ ҷиҳати густариши ҳамкориҳо, ки зимни суханронии ӯ дар нишаст садо дод, акси садо ва дастгирии намояндагони доираҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва коршиносию таҳлилии байналмиллалиро пайдо мекунад. 
Роҳбари клуби сиёсатшиносони «Қавкази Ҷанубӣ» Илгар Велизода:
– Нишасти «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» таваҷҷуҳи марказҳои гуногуни байналмилалии қудратиро дар ин минтақа нишон медиҳад.
Танҳо дар оғози сол нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ – Чин», моҳи октябр мулоқот дар формати «Осиёи Марказӣ – ИМА» баргузор гардид.
Мавқеи марказии Ӯзбекистон дар минтақа, таваҷҷуҳ ба ташаббусҳои Тошканд аҳамияти онро дар муколамаи байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва фаъолони ғайриминтақавӣ баланд мебардорад. Дар ин бобат ташаббуси Президенти Ӯзбекистон дар бораи таъсиси Кумитаи ҳамкории иқтисодии «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» дар сатҳи ноиби сарвазирон сазовори таваҷҷуҳи махсус аст. Он ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав бардоштани муносибатҳои кишварҳои ду минтақа, таҳкими ҳамкориҳои институтсионалии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо пешбинӣ шудааст.
Коршиноси Осиёи Марказӣ, президенти Ассотсиатсияи «Полша – Шарқ», профессор Ежи Брилл:
– Нишаст дар шароити ба вуҷуд омадани низоми нави геосиёсӣ, бозсозии аҳамияти сиёсӣ ва иқтисодии қудратҳои пешрафтаи ҷаҳон сурат гирифт. Ҳамоишро мо ҳамчун кӯшиши санҷиши дараҷаи эътимод ва омодагӣ барои идомаи наздикшавии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ нисбат ба ҳамдигар, ҷилавгирӣ аз шикасти дастовардҳои дар даҳсолаҳои охир байни ниҳодҳои бисёрҷониба ва дуҷониба дар соҳаи сиёсат, тиҷорат, ҳуқуқи байналмиллалӣ ба даст омада, имзои созишномаҳои институтсионалии Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ қабул менамоем. 
Чи хеле ки натиҷаҳои ҳамоиш нишон дод, ин формат аҳамият ва муҳимияти худро гум накарда, бинобар мақсаду вазифаҳои худ, ки дар рафти вохурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, рӯз аз рӯз фаъолтар, пешгӯишаванда мегардад. Барои Иттиҳоди Аврупо, ва, албатта, то андозае барои ҳар як кишвари Аврупо, минтақаи Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, аз нигоҳи геоиқтисодӣ аҳамияти хосса дорад. 
Президенти Ӯзбекистон зимни суханронӣ дар нишаст аз Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки ҳамкориҳоро дар заминаи рушди «сабз, рақамигардонии соҳаҳои иқтисодиёт, рушди кишоварзии «оқил», ҷорӣ намудани усулҳои пешрафтаи аврупоӣ дар соҳаи таълим, фановариҳои муштарак ва тадқиқоти амалӣ фаъол гардонанд. Инчунин аҳамияти мустаҳкам намудани ҳамкории амалӣ дар таъмини бехатарии минтақавӣ ва зарурати иқдомоти муштарак ва дастгирии воқеии тамоми ҷомеаи ҷаҳон дар масъалаи кумак ба Афғонистон таъкид шуд. Ташаббусҳои ба миён гузошташуда аз мавҷудияти иродаи қавии сиёсӣ ва хоҳиши ҳамаҷониба инкишоф додани  ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои мубрами замони ҳозира, густариши фаъолонаи муколамаи ошкоро, мунтазам ва самарабахш дар «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» баҳри шукуфоӣ ва беҳбудии кишварҳои ду минтақа шаҳодат медиҳанд. 
Шумо ҳамсояи наздики мо мебошед, ки ин чунин маъно дорад, ки муколамаи байни мо бояд минбаъд ҳам инкишоф ёбад. Чунин аст лейтмотиви мулоқот дар Остона ва чунин аст бархӯрди Иттиҳоди Аврупо нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ. Аврупо минтақаи Осиёи Марказиро шарики иқтидорноки тиҷоратӣ бо доираи васеи молу хидматрасонӣ медонад, ки имрӯз ба он ниёз дорад. 
Ҳар як кишвари Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси дуҷониба ҳамкорӣ мекунад. Аммо, имрӯз ҷаҳон ҷаҳонишавӣ дорад ва Иттиҳоди Аврупо дорои сарҳадҳои берунии худ, иқтисоди муттаҳидшуда, санадҳои ҳуқуқӣ ва асосҳои умумии ҳуқуқӣ мебошанд. Ин ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, савдои одам, таҳдидҳои паҳншавии навъҳои анъанавӣ ва муосири маводи мухаддир ва дигар ҷанбаҳо дахл дорад. 
Мо медонем, ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои муттаҳидсозии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳалли мушкилоти дохилидавлатӣ ва байнидавлатии минтақа корҳои зиёдеро анҷом дода, саъй дорад, ки ҷараёни рушдро ба самти мусбат гардонад, ихтилофҳоеро, ки дар давоми солҳо ҷамъ шуда буданд ва имрӯз аз худ дарак медиҳанд, бартараф созад. Ин тамоюлҳо ба вазифаҳои асосие, ки ба рушди устувори ҳар ду минтақаи мо нигаронда шудаанд, пурра мувофиқат мекунанд. Маҳз аз ин рӯ имрӯз муваффақ шудем, дар бораи нақшаҳои оянда, лоиҳаҳои эҳтимолӣ ва амиқсозии мулоқоти иқтисодӣ ва сиёсӣ ошкоро сухан ронем.
Раиси раёсати Ассотсиатсияи авруосиёии равобити иқтисодии «Eko-Avrasya» Ҳикмет Эрен (Туркия):
Нишасти сарони  давлатҳои «Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ»-ро бо таваҷҷуҳи зиёд мушоҳида намудам. Маълум аст, ки Иттиҳоди Аврупо бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунад ва рушди мустақилонаи онҳоро дастгирӣ менамояд. Аввалин Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ соли 2007 қабул шуда, соли 2019 такмил дода шуда буд. 
Дар ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ рушди иқтисодиёт ва фаъолгардонии муколамаи сиёсӣ ҷанбаҳои муҳиме мебошанд, ки дар он Брюссел иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва парлумонҳоро қайд менамояд. Таҳкими суботи минтақавӣ, амният, ҳамчунин мубориза бо фасод ва ислоҳот дар рӯзномаи Иттиҳоди Аврупо дар равобит бо Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Демократия ва волоияти қонун низ мавзӯъҳои асосии Иттиҳоди Аврупо мебошанд.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ба шарофати сиёсати фаъоли минтақавии Президенти Ӯзбекистон дар солҳои охир муносибатҳои  байнидавлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба куллӣ тағйир ёфта, бисёр мушкилоти дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳаллу фасл гардиданд.
Боварӣ дорам, ки баргузории нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» дар Остона саривақтӣ буда, баррасии масъалаҳои мубрами рӯз бо раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ҳамкориҳои гуногунҷанбаро ба сатҳи сифатан нав бароварда, ба рушди иқтисодӣ ва таҳкими субот дар Осиёи Марказӣ хидмат мекунад. 

АИ «Дунё».     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: