ТАВАҶҶУҲИ САРМОЯГУЗОРОНИ ЭРОНӢ МЕАФЗОЯД

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳокимияти вилояти Фарғона доираҳои ҳамкориҳо бо сармоягузорони хориҷӣ беш аз пеш доман фарох мекунад.

Дар ин замина ноиби ҳокими вилоят ва сардори раёсати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии вилоят Иқболҷон Эргашев бо директори ширкатҳои “Arash Holding” ва “Lajvar”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳамидризо Маҳдиниё дидору мулоқот кард. 
И. Эргашев қайд намуд, ки вилояти Фарғона дар ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Эрон саҳифаҳои тоза мекушояд. Вай, инчунин роҷеъ ба иқтидори иқтисодии вилоят ва имкониятҳои содиротии он маълумоти муфассал ироа намуд. Ба гуфтаи Эргашев дар вилоят 90 минтақаи хурди саноатӣ, инчунин минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқанд» фаъолият мекунанд. Ин минтақаҳои саноатӣ ва озоди иқтисодӣ имкон фароҳам меоваранд, ки  сармоягузорони эронӣ низ аз доираи васеи кафолатҳо ва имтиёзҳо метавонанд истифода кунанд. 
Дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят мегӯяд, Ҳамидризо Маҳдиниё дар навбати худ барои ташкили ин вохӯрӣ изҳори миннатдорӣ намуд ва изҳор дошт, ки Фарғона дар соҳаҳои сохтмон, кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ хеле пешрафт кардааст. Вай итминон ҳосил кардааст, ки вилоят манбаи фаровони ашёи хом низ мебошад. Барои ҳамин Эрон омодааст, ки барои роҳандозии корҳои тавлидот дар вилоят иҷрои нақшаҳояшро барномарезӣ кунад.
Ҳамидризо Маҳдиниё, инчунин бо дарназардошти талаботи зиёд нисбати лифт ва кранҳои сохтмонӣ дар Фарғона изҳор намудааст, ки бо кумаки онҳо соҳаи сохтмон метавонад ба яке аз муҳаррикҳои иқтисодиёт табдил  ёбад, зеро ба истеҳсоли ин таҷҳизот маҳз соҳибкорони эронӣ шуғл меварзанд. Агар ин лоиҳаҳо дар амал пиёда шаванд, имкониятҳои афзоиши истеҳсолот аз ҳар ҷониб тавсеа меёбад.
Дар мулоқот қайд шудааст, ки Фарғона бо соҳибкорони эронӣ дар соҳаи парвариши тухмиҳои маҳсулоти кишоварзӣ низ метавонанд ҳамкориҳои густурда ба роҳ монад. Баъд ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки замони ба марҳилаи амалӣ гузаштани ин ҳамкориҳо фаро омадааст ва аз вақт бояд фаровон истифода бурд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: