ТАВЛИДИ «СУРУДИ СУЛҲ»

Устод Мирзо Турсунзода соли 1950 аз Маскав бо поезд ба Душанбе меомаданд.

Устод  Мирзо Турсунзода соли 1950 аз Маскав бо поезд ба Душанбе меомаданд. Чун  ба  вагон  мебароянд, ногоҳ  чашмашон ба ҳунарпешаи маъруф Абдусалом Раҳимов меафтад.
Бо амри тасодуф купеи ҳардуяшон дар як вагон будааст. Аз ин ҳол  Турсунзода шод мешаванд, зеро медонистанд, ки Абдусалом Раҳимов инсони наҷиб, хушсуҳбат ва рафиқи хуб буда, кас дар аснои сафар бо он кас зиқ намешавад.
Рӯзе Абдусалом Раҳимов дар аснои сӯҳбат чунин арзи ҳол менамоянд:
– Мирзо-ако, худатон медонед, ки ба қарибӣ дар пойтахтамон анҷумани тарафдорон ва муборизони сулҳ барпо мегардад. Мувофиқи барномаи консертӣ, ки ба ин муносибат доир мешавад, ман бояд шеъре дар васфи сулҳ хонам. Ҳарчанд ҷустуҷӯ кардам, шеъри дилхоҳе пайдо нашуд. Чӣ мешавад, ки шумо чанд сатр менавиштед ва ман мехондам.
Мирзо Турсунзода табассумкунон мегӯянд:
–  Абдусалом, о, ту одами аҳли фаҳмӣ, як ба тарақ-туруқи поезд гӯш андоз. Магар  дар чунин аҳвол шеър гуфтан мумкин аст? Наход ту шеърнависиро инқадар кори саҳлу осон пиндорӣ?
– Хоксорӣ накунед Мирзоако, – мегӯяд Раҳимов. – Мумкин дигарон натавонанд, аммо аз дасти шумо меояд. Ҳамин тарақо-туруқи поезд ҳам ба шоири ҳақиқӣ илҳом мебахшад.
Мирзо Турсунзода бо завқ хандида мегӯянд:
– Хайр, биё, камтар шоҳмот бозем. Зиқ нашав, ягон  гап мешавад.
Субҳи  рӯзи дигар дар аснои субҳона Турсунзода мегӯянд:
– Ҳамин шаб, Абдусалом, хоҳиши дирӯзаат маро ором нагузошт. Ана, чанд сатре рӯи коғаз омад, хонда бин, шояд маъқул шавад.
Абдусалом Раҳимов  варақро аз дасти  Турсунзода гирифта, бо таваҷҷӯҳи зиёд ба он дида дӯхта, сипас бо хурсандӣ мегӯяд:
– Мирзо-ако! Шеъре, ки дилам мехост, ана ҳамин аст. Шеъри олиҷаноб! Боварӣ доштам, ки хоҳиши маро ба инобат мегиред.
Баъд Абдусалом Раҳимов хаёлан худро рӯйи саҳна пиндошта, дастонашро ба ҳаракат дароварда, бо ҷӯшу хурӯши ба худ хос шеъри ба тозагӣ иншошударо ба хондан сар мекунад:
Менависам ман 
суруди сулҳро бо 
хуни дил,
Бо тапиданҳои 
ноороми
рӯзафзуни дил.
То яроқи тез 
гардида ба дасти 
дӯстон,
Ҷангҷӯёнро  кунад 
шармандаи
 рӯи ҷаҳон...
–  Нӯшат бод, Абдусалом, –  мегӯянд Турсунзода, –  ҳақиқатан дар шеърхонӣ ҳамто надорӣ.
Пас аз он ки дар Душанбе анҷумани тарафдорони сулҳ барпо мегардад, дар охир барномаи ҷолиби консертӣ  доир мешавад, ки барандаи он Абдусалом Раҳимов  буданд. Он кас аз саҳна ба аҳли толор рӯ оварда мегӯянд:
– Дӯстони азиз, ба ифтихори ин анҷуман  шоири маҳбуби мо  Мирзо Турсунзода шеъре иншо кардаанд, ки ҳоло консертамонро бо қироати он оғоз менамоем.
Абдусалом Раҳимов  шеърро бо санъати баланд ва бо садои мутантан мехонанд ва чун арзи сипос  мавҷи кафткӯбиҳо баланд мешаванд.
–  Ман, –  нақл мекарданд  Раҳимов, –  аз рӯйи саҳна истода медидам, ки Мирзо Турсунзода низ бо шавқ чапак мезаданд ва табъашон болидаву чеҳраашон гул-гул мешукуфт, чашмонашон барқ мезад.
Абдусалом Раҳимов нақл карда  буданд, ки сипас Мирзо Турсунзода он шеърро такмил дода, ба он байтҳои нав илова карда, бо номи “Суруди сулҳ” чоп карданд. 
Пас аз он  шеъри мазкур дар даҳҳо  анҷуману ҷамъомадҳои бузург баланд садо дода ва ба суруди сулҳхоҳон табдил ёфт.

Аз китоби “Бар фарози қуллаҳо”-и Раҷабалӣ ҚУДРАТЗОДА.  
Таҳияи 
Раҳимшоҳи ШАРИФЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: