«ТАВОНГАРӢ БА ҲУНАР АСТ, НА БА МОЛ...»

Солҳои бачагиам дар деҳаи дурдасти қаторкӯҳҳои Нурато паси сар шуданд.

Он солҳо ба деҳаи мо дуконҳои сайёр меомаданд ва мардум чизи даркориашро аз он харид мекард. Хира-хира дар ёд дорам, мӯйсафеди нуроние харсавор дар кӯчаҳои деҳа мегашт ва дарвозаи ҳар як хонадонро тақ-тақ зада «савдогар омад» мегуфт. Мардум баромада чизҳои ба рӯзгор зарур, ба монанди шиша ва пилтаи чароғи керосинӣ, шонаи чӯбин, барои дарзу дӯз сӯзан ва ғалтакҳои гуногун, гӯшвора, дастбанд, шаддаҳои мухталиф ва дигар майда-чуйдаро мехарид. Баъзан аз момою очаамон мепурсидем, ки ин чизҳоро аз куҷо мебиёрад. Онҳо аз роҳи хеле дур, аз Каттақӯрғону Самарқанд оварданашро ба мо мефаҳмонданд. Аз қадимулайём мардум барои таъмини рӯзгор ба шароити душвори замон нигоҳ накарда, ҳаракат кардааст, ки меҳнат кунад ва ҳунар омӯзад.
Имрӯзҳо дар мамлакатамон ба фаъолияти соҳибкорон ва ҳунармандон эътибори алоҳида нигаронда мешавад. 
– Кашида, қуроқдӯзӣ, зеҳбофӣ ва дар матоъ гул андохтанро аз модарам омӯхтам,– мегӯяд зимни суҳбат ҳунарманд аз ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд Мадина Қосимбоева.
– Мактаби санъати амалии халқро хатм намудам. Аз имкониятҳо истифода бурда соли 2007 ба Иттиҳодияи «Ҳунарманд» аъзо шудам ва соҳибкории хусусиро ташкил намудам. Дар атрофи худ 10 нафар занону духтарони қобилиятноки маҳаллаамро ҷамъ кардам. Ба дӯхтани сӯзанӣ, зардевор, ҷомаи миллии занона, сумка, ҳамён, гарданпеч оғоз намудем. Маҳсулоти мо пурра аз нахи пахта омода карда мешавад. Ҳаракат мекунам, ки дар намоишгоҳҳои шаҳр, ноҳия ва ҳатто хориҷи кишвар иштирок кунам ва аз онҳо навгоние барои худ дастрас намоям. 
Ба қарибӣ дар намоишгоҳи  VIII савдои Осиёи Марказӣ иштирок кардам. Дар он аз таҷрибаи соҳибкорон ва ҳунармандони ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва хориҷ баҳраманд гардидем. Бо Нилуфар Ҷумъабоеваи тоҷикистонӣ шинос шудам. Нилуфар бо усули қуроқдӯзӣ кӯрпа, болин, дастархон, сӯзана, сачоқ барин зиёда аз 60 номгӯй маҳсулотро ба намоишгоҳ овардааст. Маҳсулоти ӯ таги коса, чойник, гулдон, дастурхон, ҳошияи сачоқҳоро оро медоданд ва ба ҳунари ӯ ҳаваси кас меояд. Дар ҳар як қисм ҳам намуди миллӣ ва ҳам аврупоӣ муҷассам аст. Нилуфар бо маҳсулоти худ дар намоишгоҳҳои ҳунармандии Амрико, Ҳиндустон, Куриё ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ иштирок кардааст. Назар ба гуфти ӯ маҳсулоти ӯро бисёртар барои оро додани меҳмонхона, ошхона, хонаҳои истироҳатии вокзалу аэропортҳо харидорӣ мекунанд. Ҳунари дастии ӯ ба ман хеле маъқул шуд ва аҳд кардам, ки ин намуди дӯхтанро мо низ ба роҳ монем.
Оре, ҳар як кадбону ва духтари хона бояд ҳунарманд бошад. Саъдии Шерозӣ панде дорад: «Тавонгарӣ ба ҳунар аст на ба мол, бузургӣ ба ақл аст на ба сол».    

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: