ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД...

Баъди истиқлолиятро ба даст даровардани мамлакатамон ба рушди ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ҳунари навозандагию овозхонӣ, рӯйи эътибор гардонда шуд.

Бино ба барномаи давлатӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ ва ноҳияву вилоятҳо биноҳои нави мактабҳои мусиқӣ ва санъати бачагон бунёд гардиданд. Дар ин иқдоми муҳим мутахассисони соҳа – бинокорон, омӯзгорони касбӣ ва аҳли санъат саҳми муносиб гузоштанд. Яке аз онҳо хатмкардаи омӯзишгоҳи маданияти шаҳри Қаршӣ, Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзодаи Тоҷикистон, шоири зуллисонайн, аълочии маданият ва таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Карим Тошқулови деҳқонободист.
Таърихнигории ин марди фарҳангӣ дар он зоҳир мегардад, ки ӯ китоберо бо номи «Деҳқонободи бостонӣ ва ҷавон» («Қадимий ва навқирон Деҳқонобод»), иборат аз чор қисм, таълиф намудаст. Барилова, дафтарҳои шеъриаш: «Ватан мадҳи» («Мадҳи Ватан»), «Қалб наволари»(«Оҳангҳои қалб»), «Ҷаннатмакон диёр» («Кишвари биҳиштосо») ба забони ӯзбекӣ, «Орзӯи дил» (ба забони тоҷикӣ) рӯйи чопро дидаанд. Суҳбати мо бо мавсуф сари як пиёла чой, ба қавле, қӯр гирифт. 
– Акаи Каримҷон, инҷониб аз китоби Шумо «Деҳқонободи бостонӣ ва ҷавон» донистам, ки номи аввалаи ноҳияи Деҳқонобод Тангиҳарам будааст. Шумо дар ин китоби арзишманд ба дирӯзу имрӯзи ноҳия нигоҳи густурда афкандаед, ривоятҳои зиёдеро ҷамъоварӣ кардаед, бо ғояти ифтихор аз дастовардҳои дирӯзу имрӯзи он ҳарф мезанед. Ба фикрам, ин ҳама кори осон набуд?
– Ташаккур. Вожаи Тангиҳарам дар бисёр сарчашмаҳо, аз ҷумла «Зафарнома»-и Шарафиддин Алии Яздӣ, «Зафарнома»-и Низомиддини Шомӣ, «Тузукот»-и Амир Темур ва «Очеркҳои хонигарии Бухоро»-и Н. А. Маев, бо назардошти ҳамин мавзеъ, омадааст. Дар рафти таълифи китоб донистам, ки ба таърихнависон осон набудааст. Лозим меомадааст, ки ба як ҷо чанд бор равед, маъхазҳоро аз назар гузаронед, факту рақамҳоро муқоиса намоед, бо донишмандон ва пирони рӯзгордида суҳбат ороед...
– Мегӯянд, ки таърих чашми насли ҷавонро барои дидани имрӯзу фардо равшан мекунад...
– Бале, насли ҷавон бояд донад, ки аҷдоди ӯ чӣ урфу одат, арзишҳои миллӣ ва барору нобарориҳо дошт. Дастовард ва диловариҳои пешинагон барои ҷавонони мо дарси ибрат аст. Ҳангоми таълифи китоби мазкур ҳамин ҷиҳатҳо пеши назар буд.
Чӣ хубӣ дошт, агар мо таърихро бетаҳриф, бо тамоми шукӯҳу шаҳомат ва бурду бохташ, пеши назари имрӯзиён менамудем. Насли имрӯз, ҳамчунин, бояд донад, ки аҷдоди сарбаланди ӯ бо чӣ забоне такаллум дошт ва ин забон ҳунари сухангустарии пешинагонашро то куҷо густариш додааст. Таассуф, аксарияти ҷавонони тоҷики Қашқадарё ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ, бигирем, намедонанд, ки шеъри бобои бузурги онҳо Сайидои Насафӣ, ки рӯзгоре ғазалҳояшро дар мулки Исфаҳону Ҳинд мехондаанд, чӣ дарунмоя дорад. Ин шоири классик дар майдони фарохи шеъри беш аз ҳазорсолаи тоҷик то куҷо ҳунарнамоӣ кардааст? Агар медонистанд, намегуфтанд, ки забони матбуоти тоҷик мушкил аст ва рӯзномаи ягонаи сартосарии ҷумҳурӣ – «Овози тоҷик» ба ҳолати назъ намеафтод... Пас, таърих пеши назари онҳо комилан таҷассум намеёбад ва муҳити парвариши забони меъёрӣ табъи дил нест...
– Бародар, дар шарҳи ҳолатон омадааст, ки Шумо, баъди хатми омӯзишгоҳи маданияти шаҳри Қаршӣ ду сол бори директории Хонаи маданияти ноҳияи Деҳқонободро бар дӯш доштед, сипас роҳи Донишкадаи ҳунарҳои зебои Душанбешаҳрро пеш гирифтед...
– Шумо гуфтаниед, ки аз рӯйи ихтисос вазифа доштед, магар донишкадаро хатм карданатон шарт буд?         
– Дарёфтед.
– Дар навбати аввал хостам, ки доираи донишу ҳунарамро тавсеа бахшам. Сониян, ба рӯйи касе, ки маълумоти олӣ дорад, дари бисёр муассисаҳо боз аст. Ман худ намедонам, вале дӯстонам ва онҳое, ки бо ман кор кардаанд, мегӯянд, ки қобилияти ташкилотчигӣ дорам. Шояд сухани онҳо то ҷое ҷон дорад. Баъди хатми Донишкадаи ҳунарҳои зебо тӯли солҳои 1977 –2013 бори вазифаи директории мактаби мусиқӣ ва санъати ноҳияи Деҳқонободро бар дӯш доштам. Тӯли фаъолияти корӣ таҷрибаи кории ҷамоаи мактаби мо чанд бор дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ ба муассисаҳои таълимие, ки бо мусиқӣ сарукор доранд, пешниҳод карда шуд. Дастпарварони мактаб дар озмунҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюмро ба даст даровардаанд. Тибқи талаби замон соли 2013 дар доираи барномаи давлатӣ сохтмони бинои нави мактаби мусиқӣ ва санъати ноҳия оғоз ёфт. Аз давлатҳои хориҷӣ фортепяно, роял барин асбобҳои мусиқӣ оварда шуданд. Мактаб имрӯз дорои созҳои миллӣ ва аврупоист, ки мушкили мутахассисонро бобати омӯзондани асрори мусиқии миллӣ ва ҷаҳон осон мекунанд.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар Мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи рақами 5 - уми ноҳияи Деҳқонобод шуъбаи бахшиёна низ кушода шуд, ки дар он Бахшии мардумии Ӯзбекистон Абдумурод Раҳимов (писари Қодир бахшии машҳур) ба бахшиёни ҷавон асрори ҳунар меомӯзад. Ҳамчунин, дар мактаби мазкур ба омӯзондани савту суруди миллии «Шашмақом» эътибори ҷиддӣ дода мешавад. 
– Алоқамандони рӯзномаи «Овози тоҷик» дар Деҳқонобод кам нестанд, яке аз онҳо Шумоед, ки  бо навиштаҳои ҷолибатон ба сермазмун гардидани саҳифаҳои он саҳм мегузоред. Назари шумо ба ин рӯзнома. 
– Ду-се соли охир дар матбуот фазои рӯшодгӯӣ як андоза боз гардид, мушкили мардум бепарда гуфта мешавад. «Овози тоҷик» низ ба гуфтани печидагӣ ва мушкилоти мардум ҷуръат пайдо кардааст. Рӯзнома солҳои охир мушкили мактабҳои тоҷикӣ ва дигар масъалаҳоро, ки чанд сол қабл имкони гуфтан набуд, ба миён мегузорад. Муҳим он аст, ки мушкилиҳо роҳи ҳаллу фасли худро пайдо кунанд. Ба фикрам, рӯзномаҳо ба мушкилоти мардум ҳар чӣ бештар рӯ оранд, хонандаашон ба он андоза зиёд мешавад. Ин рӯзнома барои ман бисёр азиз аст. Яке аз хонандагони ҳамешагии онам. Дигаронро ҳам ба хондан ва гиромидошти он даъват менамоям.
– Шумо, барилова, ба ду забон – ӯзбекию тоҷикӣ шеър  менависед. Яъне шоири зуллисонайнед...
– Бале, вақтҳои фориғ аз кору бори мактабу рӯзгордорӣ шеър машқ мекунам. Онҳо тавассути китобҳои алоҳида ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба дасти хонандаҳои худ расидаанд. Дар таърихи адабиёти тоҷику ӯзбек шоирони дузабона кам набудаанд. Алишер Навоӣ, Заҳириддин Муҳаммад Бобур, Нодирабегим, Гулханӣ, Садриддин Айнӣ, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдурауф Фитрат, Чустӣ, Ҷонибек... Имрӯз низ ин анъанаро чанде сарбаландона давом медиҳанд. Банда низ, дар пайравӣ ба онҳо, хостам ба ду забон нависам. Дуруст аст, ки мегӯянд: тоҷикону ӯзбекон як халқи дузабона ҳастанд.  
Дастпарварони мактаби мусиқӣ, ки имрӯз овозхонони шинохтаанд, ба чанд шеърам оҳанг бастаанд. Вақте онҳо дар ҳузурам овозхонӣ мекунанд, шукр мегӯям, ки меҳнатҳоям зоеъ нагардидаанд. Мисли боғбоне, ки аз шаҳди меваи ниҳолҳои парваришнамудааш баҳра мегирад, шод мешавам. Як сухани онҳо – «Устод» бароям як олам завқ мебахшад. Оё барои инсон саодате бузургтар аз ин вуҷуд дорад? Имрӯз яке аз шогирдонам  Зафар Тошқулов корамро идома медиҳад...
– Бо Шумо доир ба оилаатон низ суҳбат карданӣ будам. Дар омади гап, худ ба он оғоз бахшидед. Идома диҳед, чанд фарзанду набера доред, онҳо бо чӣ кор машғуланд?
– Донишманде фармудааст, ки ёри мувофиқ ними дастоварду комёбиҳост. Ҳамсари вафодорам Меҳринисо як умр дар корҳоям ёвари ман буд. Мо бо ӯ 4 писар ва 4 духтарро ба воя расондем. Аз онҳо Зафар, Фарҳод ва Маҳбуба пайрави падаранд. Вақте 30 нафар набера ва фарзандон дар хона ҷамъ меоянд, манзиламон ба тӯйхона табдил меёбад...
– Донистан мехостем, ки Шумо имрӯз бо чӣ кор машғулед?
– Бо эҷод машғулам. Ба ҷуз ин, ният дорем, ки бо зиёиён ва фаъолони ноҳия, ба мақсади рушди мактабу маориф ва фарҳанги миллӣ Маркази фарҳанги миллии тоҷикони ноҳияи Деҳқонободро созмон диҳем.
– Тавфиқ ёратон бод, барои суҳбати пурмуҳтавоятон ташаккур.

Суҳбаторо 
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Бо акои Карим суҳбат ороста, натиҷа гирифтам, ки тавоноиашон бо доноӣ, заковат ва фаросаташон иртиботи ногусастанӣ дорад. Китобҳояшон ба забони ҳол мегӯянд, ки дороии маънавиашон низ кам нест. Барои исботи сухан тасмим гирифтем, ки як шеъри тоҷикиашонро ба хонандагони дақиқназар пешниҳод намоем. 

Роҳи оҳани Деҳқонобод

Шуд обод ин замин аз зӯри деҳқон,
Зи зӯри бозуи мардони майдон.
Пас аз чандин замону соли бисёр,
Бишуд боғу чаман ин дашту кӯҳсор.
Зи кӯҳи Бойсун роҳе кушоданд,
Раҳи ободу кӯтоҳе кушоданд.           
Ба Қумқӯрғон – 
Ғузор пайванд гардид,
Чунон зебо, бубин, 
Дарбанд гардид.
Ба ин мулки азиз ҷонам фидо аст,
Чунин сарвар ба мо доди Худо аст.
Ҷаҳон дар ҳайрат аз ободии мо,
Ҳама дилшод аз озодии мо.
Базургии Ватан ин ифтихор аст,
Карим доим барояш 
ҷоннисор аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: