Тавсеаи ҳамкориҳо дар самти коркарди пилла

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз намояндагони сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати саноат ва технологияи нав, корхонаҳои хусусии саноатӣ ва масъулини лоиҳаи Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат ба Ӯзбекистон ташриф оварданд.

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки ба ҳайати кишварҳои Роҳи абрешим шомиланд, ба истеҳсоли пилла, ҳунари бофандагии атласу адрас диққати аввалиндараҷа дода, дар эҳёи ин ҳунарҳои мардумӣ корҳои шоистаеро амалӣ карда истодаанд.
Ҳайати корӣ аз корхонаҳои истеҳсоли атласу адраси Ӯзбекистон дидан карда, масъалаи раванди дастгириҳои давлатӣ, низоми андозбандӣ, бозори фурӯш, раванди истеҳсолот, интихобу истифодаи нақшу нигор дар матоъ ва ҷалби тарроҳон барои пешбурди соҳа ва маҳсулоти тайёр ба базорҳои хориҷи кишварро  мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
Меҳмонон нахуст бо роҳбарияти Ассотсиатсияи “Ӯзбекипаксаноат” вохӯрӣ карда, аз қитъаи намунавии боғи тут, намоишгоҳи маҳсулоти ашёи хом ва газвори тайёр, тарҳи либосҳо дидан намуданд. 
Дар рафти мулоқот раванди таъсиси корхонаҳои муштарак дар самти кирмакпарварӣ, коркарди пилла, истеҳсоли газвори абрешим, инчунин мубодилаи таҷрибаи тарроҳон муҳокима шуд.
Боздиди ҳайат аз корхонаю коргоҳҳои шаҳрҳои Тошканд, Марғелон ва Фарғона пешбинӣ гардидааст.

(Мухбири худамон).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: