Дӯстии байни миллатҳо дар барқарории оромиву субот ҳамеша омили муҳим шумурда мешавад.
Инро ҳар як фарди солимақлу боҳуш хуб дарк мекунад. Дар мамлакати мо намояндагони беш аз яксаду сӣ миллату халқият ба сар мебаранд. Дар байни онҳо теъдоди мардуми славянтабор, ки забони муошираташон забони русӣ аст, хеле зиёд мебошад.
Мо бояд ба қадри дӯстиву рафоқат ва ҳамгироии байни миллатҳои кишвар расем. Он натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев мебошад. Мо бояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоему рушду ривоҷ диҳем. Аҳолии славянтабор низ дар пешрафту тараққии кишвари ҷаннатмаконамон – Ӯзбекистон саҳми босазо мегузоранд. Дар айни замон як қатор намояндагони миллати рус, украин, белорус ва амсоли он дар корҳои гуногуни давлатӣ ва ҷамъиятӣ машғули кору иҷрои вазифа ҳастанд. Бархе аз онҳо соҳиби мукофотҳои давлатӣ гаштаанд, ки аз он мо ифтихор мекунем.
Сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро ба Ӯзбекистон бо шавқи том аз тариқи шабакаҳои телевизион тамошо кардем, аз матбуот хондем. Имзои санадҳои зиёди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ моро хеле сарфароз намуд.
Ман ба сифати раиси маркази фарҳангии славянҳои вилоят аз он хурсандам, ки дар муддати кӯтоҳ ҳаҷми табодули моли миёни Ӯзбекистон ва Русия хеле боло рафтааст. Ҳамкориҳо ба давраи нав ворид шуда, дар натиҷаи он байни вилоятҳои ду кишвар – Ӯзбекистон ва Русия домани ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фарох хоҳанд шуд.
Ӯзбекистону Русия ба сифати шарикони стратегӣ дар ҳамаи соҳаҳо ҳамкориро тавсеа мебахшанд ва он ба манфиатҳои мардуми ду кишвар хизмат хоҳад кард.
Ба Ӯзбекистон дар ҳайати намояндагони Федератсияи Русия ташриф овардани теъдоди зиёди ректорони донишгоҳҳои бонуфузи ин кишвар, ширкати онҳо дар Форуми Ӯзбекистон – Русия баёнгари он мебошад, ки ташрифи давлатии Владимир Путин дар байни донишгоҳҳои зиёд низ ҳамкориҳои босамарро роҳандозӣ менамояд.
Аз суханрониҳои намояндаи Иттиҳодияи ректорони мактабҳои олии Русия Илшод Ғафуров маълум шуд, ки дар ояндаи наздик якчанд мактаби олӣ дар Тошканд ва вилоятҳои кишвари мо қабули донишҷӯёнро ба факултетҳои алоҳида шурӯъ мекунанд. Гуфта мешавад, ин факултетҳо дар базаҳои бархе аз донишгоҳҳои Русия таъсис дода хоҳанд шуд. Гузашта аз ин, ҷавонони мо метавонанд ба мактабҳои олии қаламрави Русия низ рафта, таҳсил кунанд ва соҳиби диплом ва ин ё он касбу кор шаванд.
Дар вилояти мо тақрибан бисту чор ҳазор мардуми славянтабор кору зиндагӣ мекунанд. Дар маркази фарҳангӣ фаъолияти дастаҳои ҳунарии «Фантазия», «Илҳом», ҳамчунин дастаи ҳунарии бачагонаи «Офтобак» ба роҳ монда шудаанд. Дар фестивалҳои «Ӯзбекистон – маъвои умумии мо», «Ватан ягона аст, Ватан яктост», «Нерӯи мо дар ваҳдат ва ҳамгироӣ» ва амсоли он дастаҳои ҳунарии мо фаъолона ширкат карданд.
Дар арафаи сафари давлатии Президенти Русия Владимир Путин ба Ӯзбекистон мо, як гурӯҳ вакилони Маркази миллӣ-фарҳангии славянҳои вилоят ба шаҳри Петербург ва вилояти Ленинград сафар намудем. Дар ҷараёни ин сафар ба он муваффақ шудем, ки байни маркази фарҳангии вилояти мо ва хонаи «Дӯстӣ»-и вилояти Ленинград шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расад. Бар асоси ин шартнома мо ба қаламрави ҳамдигар сафари дастаҳои ҳунариро ба роҳ мемонем. Ҳамчунин дар бобати табодули таҷрибаи омӯзгорони забони русӣ ва аз вилояти Ленинград ба вилояти Фарғона даъват кардани омӯзгорони забони русӣ низ шартнома бастем.
Анҷоми ин корҳо мусоидат хоҳанд кард, ки Маркази миллӣ-фарҳангии славянҳо дар мустаҳкам шудани риштаҳои дӯстиву рафоқати ду мамлакат ва амалӣ намудани шартномаҳои зиёди ба имзорасида саҳми арзандаи худро мегузорад.
Галина АКОПҶАНОВА,
роҳбари Маркази миллӣ-фарҳангии
славянҳои вилояти Фарғона.