ТАВСИЯҲО ДОИР БА НАВИШТАНИ ДИКТАНТИ САНҶИШӢ ДАР СИНФИ IX

Дар Ӯзбекистон таълими ҳатмӣ ба ҳафт забон ба роҳ монда шудааст.

Боиси хурсандист, ки ба таълимгирандагон бо забони модариашон китобҳои дарсию дастурҳои таълимӣ нашр мешаванд. Вале дар мактабҳое, ки таълим ба забони тоҷикист,  то имрӯз барои навиштани диктант ягон дастури амалӣ нест. Аз ин рӯ ин тавсия барои омӯзгорон маводи хубест. 
Тибқи барномаи таълимӣ дар синфҳои нӯҳум қабули диктанти санҷишӣ ба роҳ монда шудааст. Аслан, диктанти санҷишӣ дар синфҳои болоӣ мувофиқи нақшаи зерин нишон дода шудааст. 
Синфҳои 
V – 100-120 калима,
VI – 120-130 калима,
VII – 130-150,
VIII – 150-170,
IX – 170-200.
Аз ин рӯ дар вақти навиштани диктанти санҷишӣ, омӯзгоронро зарур аст, ки нишондоди стандарти давлатии таълимро риоя карда, мавзӯъро барои донишомӯзон пешниҳод намоянд. Зеро, дар ин ҷо мавзӯъҳо мувофиқи синну сол ва дараҷаи азхудкунии талабагон интихоб карда мешавад. Бояд гуфт, ки баробари пешрафти соҳаи таълим, тарзи навишти диктантҳо ҳам тибқи талаби давру замон рӯ ба беҳбудӣ тағйир ёбад. Фаразан, аз тарзи схоластики (шахшудамонда)-и давраи пешин бояд парҳез кард. 
Чун ба ҳамагон маълум аст, мавзӯи диктанти санҷишӣ аз ҷониби омӯзгор ба хондани матне, ки ба ягон талабот ва ё эҳтиёҷи хонандагон барнамехӯрад, ба роҳ монда мешавад. Яъне, омӯзгор матнро тӯтивор мехонад ва талабагон аз рӯи он ки диктант навишта истодаанд, айнан  рӯйбардор карда мегиранд. Ва албатта, дар охир  барои дуруст кардани хатоҳои имлоиву услубӣ ва ё ишоратӣ омӯзгор матнро бори дигар мехонад ва талабагон хатоҳои худро дуруст мекунанд. Ва ҳамин сохтор то ҳоли ҳозир солҳост, ки давом меёбад, вале касе барои пешниҳод кардани варианти нави он ҳақдор набуд, ба вуҷуди он ки баъзе омӯзгорон аз тарзҳои нави он огоҳ буданд. Инак, тарзи навишти диктантро дар ҷараёни дарси «диктанти санҷишӣ” аз омодагии махсуси омӯзгор ва донишомӯзон оғоз менамоем. Зарур аст, ки омӯзгор мавзӯеро мутобиқи синну соли донишомӯзони синфҳои нӯҳум аз ягон асари бадеӣ ё ягон асари илмӣ ва ҳамчунин маводи матбуоти даврӣ ё адабиёти дидактиву ахлоқӣ интихоб намояд. Ва ҳатман онро дар дафтар ва ё варақаҳои алоҳида ба тарзе, ки худ мегузаронад, сабт намуда ба дарс ҳозир шавад. Хонандагон мебояд аз калимаҳои матн панҷто калимаро тибқи дилхоҳи худ интихоб намуда, ба онҳо мутазод (антоним) нависанд. Масалан, ба устод-шогирд, зиёд-кам, пеш-пас ва ғайраҳо.  
Он чӣ ки дар раванди дарс баён намудем, маҳз барои ташкили дарси диктанти санҷишӣ нигаронида шуда буд. Ва ин ҳама барои дарси як соати ҷудокардашуда  кифоя нест. Зеро ҳадаф аз навиштани диктант санҷидани фаъолияти талаба дар назар дошта мешавад. Омӯзгор бо воситаи  диктант набояд саҳву хатоҳои талабаро нишон додаву сарсарӣ  гуфта гузарад. Мебояд, ки сари ин масъала масъулияти ҷиддӣ ҳис намуда, ба ҳамаи ҷабҳаҳои омӯзиши талаба эътибор диҳад. Фаразан, якум ба эстетикаи навишти ҷумла, ҳусни хат ва ҳошияву сохтори диктант боэътибор бошад. Зеро баъзе хонандагон ҳастанд, ки ба қоидаҳои навишти эстетикӣ ва ҳошия аҳмият надода, дар синфҳои поёнӣ ба инобат нагирифтани муаллимонро ҳамчун сабаб нишон медиҳанд. Ин боиси қабул нест. Ҳатман бояд хотиррасон намуд, ки эстетикаи диктант ин зебоии ҳаёт аст. Ё дар вақти нависондани диктант омӯзгор байни курсиҳо гашта, ба ҳусни хати талабагон эътибор диҳад ва бадхатонро дар ҷараёни кор огоҳ созад, ки ба ин тариқи талабот эътиборнок бошанд. Мақоли зебои мардумӣ ҳаст, ки “Ҳусни хат нисфи ҳусни ботин аст” ва ин матлабро дар раванди дарс доимӣ ёдрас намудан талабот ва қоидаи диктант аст. 
Ва  албатта муаллимро зарур аст, ки аз аввали дарс қоидаи озоднависиро дар умқи фаҳмиши донишомӯзон ҷойгир намояд. Зеро таҷрибаҳо нишон додааст, ки бисёре аз донишомӯзон рӯбардоркуниро пеш аз ҳама муҳим дониста, нисбат ба навиштани диктант беэътибор мешаванд. 
Омӯзгори эҷодкор сари гузарондани ду соати диктанти санҷишӣ ба бисёр муваффақиятҳо соҳиб мешавад. Нахуст ба меъёрҳои стандарти давлатии таълим риоя карда, шогирдонро дар ҳамин рӯҳия тарбия менамояд. Сипас, бо ташкили методҳои нав ва дастрасии навъҳои гуногуни таълим донишомӯзонро ба олами нави соҳаи таълим раҳнамун месозад. Яъне метавонад ба саволу супоришот доир ба ибораҳои рехтаву устувор, ҳиссаҳои гуногуни нутқ, тарзҳои калимасозӣ, аъзои ҷумла, услубҳои нутқ ва як қабил соҳаҳои забоншиносӣ муроҷиат намояд, то донишомӯзон мавзӯъро азхуд намоянд. 

Ҳикмат СУЛТОНЗОДА,
устоди Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: