ТАҲАММУЛПАЗИРӢ АРЗИШИ МИЛЛИИ МОСТ

Таҳаммулпазирӣ яке аз арзишҳои олитарини мардуми мо ба шумор меравад. Агар ба таърих назар афканем, дар замони қадим корвонҳои тиҷорӣ, ки аз Аврупо, Ҳиндустон, Чин ва Эрон меомаданд, тавассути Роҳи бузурги абрешим аз ҳудуди мамлакати мо мегузаштанд, ки корвонсаройҳо ба маркази ҳақиқии таҳаммулпазирӣ табдил ёфта буданд.

Тавсифи бародариву баробарӣ, меҳру оқибат  ва дӯстиву рафоқат дар зарбулмасалу мақолҳо,  афсонаву достонҳои халқӣ бештар ба назар мерасанд, ки маҳз тараннуми ғояҳои таҳаммулпазирӣ ба шумор меравад. Боз як мисоли дигар, солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳарчанд  ҳолати иқтисодиву моддии мардум хуб набуд, гузашта аз ин дар мамлакат қаҳтиву гушнагӣ дар авҷ буд, мардуми мо  ба ҳазорон нафар занону пиронсолону бачаҳои бепарастор, ки аз мавзеъҳои ноороми собиқ Иттиҳод омада буданд, аз хонаводаи худ ҷой дод, ки  саховатпешаву инсонпарварии онҳоро бори дигар собит намуда буд.

Таҳаммулпазирӣ тамоюлест, ки дӯстии халқҳо, осудаҳолии мардум, ҳамчун шахси комил ба воя расидани насли наврас ба он вобаста аст. Ҳоло дар мамлакати мо намояндагони зиёди миллату халқиятҳо аҳлу тифоқ умргузаронӣ мекунанд, чандин ташкилоту конфессияҳои динӣ низ дар фаъолият аст, ки ин низ намунаи равшани таҳаммулпазирии давлати мост.

Аз соли 1997 инҷониб, аз рӯйи қарори Сарассамблеяи СММ 16 ноябр ба сифати «Рӯзи байналхалқии таҳаммулпазирӣ» ҷашн гирифта мешавад, ки таҷлили ин сана дар мамлакати мо низ анъана шудааст. Аз соли 2019 бошад, бо ташаббуси роҳбари давлатамон Рӯзи таҳаммулпазирӣ ба тарзи ҳафтаина ҷашн гирифта мешавад. Дар доираи ҳафтаинаи имсола бошад, баргузор гардидани ҷамъомади пресс-клуби байналхалқӣ, суҳбатҳои мизи мудаввар, конфронс ва дигар чорабиниҳои маданиву маърифӣ ва илмиву амалӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ташкилотчиёни он Кумитаи муносибатҳои байналхалқӣ ва робитаи дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин ва ғайра мебошад.

11 ноябр дар медиа-маркази телевизиони миллии Ӯзбекистон нахустин  ҷамъомади ҳафтаина таҳти мавзӯи «Ӯзбекистон – мамлакати таҳаммулпазир» баргузор гардид. Дар он ҷонишини раиси Кумитаи муносибатҳои байналхалқӣ ва робитаи дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ Азамат Тошев, ҷонишини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин Давронбек Махсудов, ректори Академияи байналхалқии  исломии Ӯзбекистон Уйғун Ғафуров, раиси Маркази фарҳанги туркманони  ҷумҳурӣ Гулдана Авездурдиева иштирок карданд.

Баромадкунандагон доир ба нақша ва мақсад аз баргузории ҳафтаина фикру ақидаҳои худро изҳор намуданд. Таъкид гардид, ки туфайли сиёсати оқилонаи ҳукумат дар мамлакатамон баробари дини мубини ислом 16-то конфессияи динӣ низ  ҳамҷиҳат фаъолият мебаранд, тамоюлҳои таҳаммулпазирӣ дар Сарқонуни мо пурра акси худро ёфта, ба шаҳрвандони кишвар новобаста аз мансубияти миллӣ, этникӣ ва динии онҳо ҳуқуқҳои баробар дода шудааст. Яке аз самтҳои муҳим ва устувори сиёсати миллии давлатамон низ шароит ва имкониятҳо фароҳам овардан барои рушду равнақи ҳамаи халқиятҳо, мустаҳкам намудани муносибатҳои байнимиллӣ мебошад. Инчунин, ҷамъомадагон бобати дар насли наврас ва ҷавонон мустаҳкам намудани ҳисси ватанпарварӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, такмил додани маданияти муомила бо миллату халқиятҳо сухан ронданд.

Набия Нодирова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: