ТАҲХОНАҲО БА ИҶОРА ДОДА МЕШАВАД

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳокимияти шаҳри Қӯқанд ҳокими он Маъруфҷон Усмонов яке аз роҳҳои беҳбуди вазъи иҷтимоии сокинони ин шаҳрро дар он дидааст, ки таҳхонаи биноҳои баландошёна ба ихтиёри соҳибкорон дода шавад.

Гуфта мешавад, ки ба ин васила соҳибкорон як идда афроди бекори шаҳрро бо ҷои кор таъмин ва дар беҳбуди шароити иҷтимоии онҳо саҳм хоҳанд гузошт.
– Мо барои соҳибкорон ташкили корхонаҳои хурдро маслиҳат дода истодаем. Ин ҳам ба манфиати онҳо ва ҳам ба манфиати як гурӯҳ одамони бекор мусоидат мекунад. Одамони бекорро метавон ба намудҳои гуногуни ҳунармандӣ ҷалб намуд,  — гуфт Маъруфҷон Усмонов.
Шаҳри Қӯқанд ба шаҳри ҳунармандон табдил ёфтааст, ташкили кластерҳои ҳунармандӣ бошад, аллакай тақозои давру замон мебошад.
– Девони Вазирон роҷеъ ба тартиби истифодаи таҳхонаи иморатҳои баландошёна қарор содир намудааст. Бар асоси низоми ин қарор ташкили чунин корхонаҳо ҳукми қонунро касб намудааст, – изофа намуд М. Усмонов.
Аллакай дар ин шаҳр як идда соҳибкорон ба кор шурӯъ кардаанд, онҳо барои таъсиси корхонаҳои хурд вазъи таҳхонаи биноҳои баландошёнаро таҳқиқ мекунанд, то ки дар оянда фаъолияташон ба ягон монеа ва мушкилот рӯ ба рӯ нашавад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”. 

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: