ТАҲРИРИ НАВИ ҚОНУН БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ХИДМАТ МЕКУНАД

Дар шароити ислоҳоти низоми таълим таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи таълим” аҳамияти муҳим касб менамояд.

Дар шароити ислоҳоти низоми таълим таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи таълим” аҳамияти муҳим касб менамояд. 
Қонун соли 1992 қабул шуда буд, дар соли 1997 ба он тағйироту иловаҳо дохил карда шуданд. 
Дар самти рушди соҳаи иҷтимоии Стратегияи амалиёт бино ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017—2021  такмили соҳаи таълим махсус қайд шудааст. Соҳаи таълим муносибатҳои бисёрҷанбаро дар назар дорад. Дар тӯли се соли сипаригардида дар кишвари мо доир ба омода кардани кадрҳо дар бахши иқтисодиёт ва низоми идора дигаргуниҳои назаррас ба вуқӯъ пайвастанд. Доир ба ташкили кору фаъолияти Вазорати таълими томактабӣ ва муассисаҳои таълими томактабии хусусӣ бино ба талаби замон, пурзӯр намудани соҳибихтиёрии муассисаҳои таълими олӣ, вусъат додани ҳуқуқу озодиҳои омӯзгорону толибилмон, дар низоми таълим ҷорӣ кардани таҷрибаи пешқадами таълимгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ қарору ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии дахлдор қабул гардиданд, ки дар соҳа муносибатҳои ҳуқуқиро ба танзим хоҳанд даровард.
Дар таҳрири нави Қонун “Дар бораи таълим” ислоҳоти ба амал татбиқгардидаи соҳаи таълим инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, ба Қонун меъёру қоидаҳое, ба мисли таълиму тарбия бо назардошти арзишҳои милливу умумиинсонӣ, ба толибилмон додани донишу малака ва таҷрибаи зарурӣ тибқи барномаи такягоҳии таълими миёна, рушд бахшидани қобилияти таҳлилӣ ва мустақиландешии хонандагон, бо таълим фаро гирифтани бузургсолон, таълими инклюзив, фаъолияти педагогии хусусӣ, ки дар қонунгузориҳои пештара ҷой надоштанд, дохил шудаанд.
Ин меъёрҳо аз ҷониби депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар ҷараёни кор бо лоиҳаи қонун, тайёр карда шудаанд. Ҳангоми такмил додани он 238 меъёру қоида таҷдиди назар шуд, тибқи ихтисори теъдоди ҳуҷ-ҷатҳои меъёриву ҳуқуқии идорӣ аз лоиҳа 123 меъёр хориҷ карда шуд, 54-тояш  таҳрир хӯрд. Барилова, 7 моддаи характери маъмурию бюрократидошта соқит шуд. Дар натиҷаи ворид намудани меъёру қоидаҳои нав қонуни наве, ки 11 боб ва 75 моддаро дар бар мегирад, омода гардид.                                                                                                                                            
Дар ҷараёни коркарди лоиҳаи қонун қоидаҳои умумэътирофгардидаи конвенсияҳои байналхалқӣ ва қонуни таълими беш аз 20 давлат мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.                                                                                                           
Бояд қайд кард, ки ба қонун меъёрҳои аз истеҳсолот ҷудо нашуда гирифтани таълим, яъне таълими ғоибона, шабона, фосилавӣ, ҳамчунин, додани таълим дар оила, бо таълим фаро гирифтани бузургсолон, омода кардани кадрҳо дар соҳаҳои мудофиа, бехатарию ҳифзи ҳуқуқ, таълими бепул дар мактабҳои касбӣ, рушди таълими ғайридавлатӣ, истифодаи пурсамар аз иқтидори зеҳнии хусусӣ дар ҷамъият, тавсеа бахшидани объектҳои илмӣ ва маърифатпарварӣ низ ворид шудаанд.                                                                                                                
Қонуни нави Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи таълим”, ки бо назардошти талаби замони мо омода гардидааст, ба ҳалли мушкилоти соҳа, куллан такмил додани низоми таълим тибқи стандартҳои байналхалқӣ ва баланд бардоштани сифати он мусоидат менамояд.

Эркин ЗОҲИДОВ, 
раиси Кумитаи масъалаҳои оид ба илм, таълим, фарҳанг ва варзиши Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Гулноза САТТОРОВА,                                                                                                                           роҳбари шуъба доир ба тадқиқи масоили сиёсати иҷтимоӣ, тандурустии Институти  масоили қонунгузорӣ ва тадқиқоти парлумонии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
(ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: