ТАҲСИЛ ДАР КИШВАРИ ТУЛӮЪИ ОФТОБ

Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Кумитаи давлатӣ доир ба сармоягузорӣ байни ҳукумати Ҷопон шартномаро оиди ба амал татбиқ намудани лоиҳаи «Тақдим намудани стипендияҳо доир ба омодакунии кадрҳо» (JDS) ба имзо расонд.

Дар чорабиние, ки ба ҳамин муносибат баргузор шуд, ҷонишини раиси Кумитаи давлатӣ доир ба сармоягузорӣ Шуҳрат Вафоев ва сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Ӯзбекистон Нобуаки Ито таъкид намуданд, ки муносибати Ӯзбекистон бо Ҷопон дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла таълиму фан, торафт мустаҳкам мегардад. 
Дар мамлакатамон оиди ислоҳсозии соҳаи таълим як қатор корҳо ба амал татбиқ мегарданд, барои дар асоси андозаҳои ҷаҳонӣ дониши пухта гирифтан, мутахассиси малаканок шудан ва истеъдоди худро намоиш додани ҷавонон шароити васеъ муҳайё карда шудаанд. Дар мамлакатамон филиали донишкадаҳои бонуфузи дунё созмон ёфта, ҷавононамон дар давлатҳои хориҷии мухталиф дониш ва таҷрибаи худро такмил медиҳанд.
Лоиҳаи мазкур ҳам ба кадрҳои ҷавоне, ки дар вазорат, идора ва ташкилотҳои гуногуни давлатии мамлакатамон фаъолият мебаранд ва соҳиби таҷрибаи сесола ҳастанд, таъмини таҳсили онҳо дар самти магистратураи муассисаҳои бонуфузи таълими олии Ҷопон, такмили дониш ва таҷрибаи онҳо нигаронда шудааст.    
Аз соли 1999 инҷониб ин лоиҳа якҷо бо ҳамкории ҳукумати Ҷопон ба амал татбиқ карда мешавад. Дар тӯли ин солҳо 311 нафар мутахассиси ҷавон дар мамлакати тулӯъи офтоб доир ба самтҳои бонку молия, иқтисод, сиёсат, тиб, филология таҳсил гирифта баргаштанд.
Лоиҳа дар солҳои 2019-2020 дар Ҷопон таҳсил гирифтани 17 нафар соҳибистеъдоди ҷавонро ба назар гирифтааст. Барои ин ба миқдори 2,4 миллион доллари ИМА маблағ ҷудо карда мешавад.
Дар чорабинӣ доир ба васеъ намудани ҳамкорӣ дар соҳаи илму фан, фаъолтар намудани муносибат байни муассисаҳои таълими олӣ ва илмиву тадқиқотӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Г. САТТОРОВА,
мухбири ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: