Таҳсили 750 нафар омӯзгорон аз рӯи методикаи олмонӣ оғоз ёфт

Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсия якҷоя бо Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва созмони «Sparkassenstiftung for Germania International» лоиҳаи «Таълим ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии касбро дар соҳаи таълими молиявӣ ва соҳибкорӣ» татбиқ менамояд.

Марҳилаи якуми лоиҳа оғоз гардид. Дар доираи лоиҳа то 5 март ба 34 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии касбӣ ва кормандони 14 раёсати вилоятӣ аз ҷониби мутахассисони олмонӣ ба таълим фаро гирифта, ба онҳо дастурҳои методӣ дода мешавад.

Машғулиятҳои омӯзишӣ дар Донишкадаи инноватсияҳои педагогӣ, раёсати таҳсилоти касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои педагогии назди вазорат гузаронида мешаванд.

Дар назар аст, ки дар соли ҷорӣ зиёда аз 750 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии касбӣ, ки дар соҳаи соҳибкорӣ таҳсил мегиранд, тибқи методикаи олмонӣ омода карда шаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: