ТАҲТИ САРВАРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН АНҶУМАНИ ИДМ БАРГУЗОР ШУД

Бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 18 декабр ҷамъомади Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шакли конфронси видеоӣ ба вуқӯъ пайваст.

Бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 18 декабр ҷамъомади Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шакли конфронси видеоӣ ба вуқӯъ пайваст.
Дар кори анҷуман Президентҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷумарт Тоқаев, Ҷумҳурии Молдово Игор Додон, Федератсияи Русия Владимир Путин, Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Талант Мамитов, раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ва раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонӣ Валентина Матвиенко иштирок карданд.
Мувофиқи рӯзномаи ҷамъомад ҳолати ҳамкории бисёрҷанба баррасӣ шуд, афзалиятҳои ҳамкориҳои тарафайн муҳокима гардида, нақшаҳои муштарак бобати таҳкими муносибатҳои шарикӣ дар доираи ИДМ мушаххас шуданд.
Сарвари давлати мо дар суханронии худ изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори аввал вазифаи ифтихорӣ ва масъули роҳбарӣ ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба зиммаи худ гирифт.
Изҳори бовар шуд, ки истифодаи имкониятҳои бузурги ИДМ, муттаҳид кардани кӯшишҳои умумӣ, мустаҳкам сохтани эътимоди тарафайн ва ҳамкориҳо имкон медиҳанд роҳҳои дурусти ҳарчи зудтар раҳо ёфтан аз буҳрон, ки бинобар пандемияи коронавирус ба миён омадааст, дарёфт шаванд.
– Ӯзбекистон ба коркард ва татбиқсозии муносибатҳои нави муштарак, ғайримеъёрӣ ва муфиди тарафайн бинобар ҳаллу фасли мушкилоти умумӣ тайёр аст, – таъкид намуд Президент Шавкат Мирзиёев.
Кишвари мо зина ба зина ба соҳати сифатан нави ҳамкорӣ, баланд бардоштани механизмҳои самараноки ҳамкории тарафайн ва амалан татбиқ намудани ҳуҷҷатҳои дар доираи ИДМ қабулшуда ворид мегардад. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати вусъат додани ҳамкориҳои бисёрҷанба дар доираи Иттиҳод як қатор таклифҳояшро изҳор дошт.
Чунончи, дар шароити кунунӣ ҳарчи зудтар барқарор кардани иқтисодиёт, робитаҳои тиҷоративу кооператсионии кишварҳои мо вазифаи аввалиндараҷа ба шумор меравад. Таъкид гардид, ки бо вуҷуди таҳдидҳо афзоиши устувори табодули моли Ӯзбекистон бо кишварҳои ИДМ мушоҳида мешавад. Соли равон бо баъзе шарикон савдо зиёда аз 20 фоиз афзуд.
Муҳимияти дар амал васеъ ҷорӣ намудани гузаргоҳҳои «сабз» ва сода, ба роҳ гузоштани соҳати ягона ва қабул кардани «Харитаи амалиёт» бинобар рушди савдои электронӣ дар доираи ИДМ таъкид карда шуд.
Роҳбари мамлакати мо зарурияти коркарди Барномаи маҷмӯии кооператсияи саноатиро таъкид сохт.
Сухан дар бораи созмон додани кластерҳои муштарак дар сектори агросаноатӣ, соҳаҳои мошинсозӣ, электротехника, саноати сабук ва хӯрокворӣ, доруворӣ ва дигар ҷанбаҳои афзалиятнок меравад.
Таъкид шуд, ки муаррифии барномаи мазкур, ҳамчунин лоиҳаҳои инноватсионӣ ва технологияҳои пешқадам дар ҷараёни Анҷумани кооператсияҳои саноатии кишварҳои ИДМ дар Тошканд гузаронида шавад.
Баланд бардоштани рақобатбардории гузаргоҳҳои нақлиётӣ, ҳамоҳангсозии регламент ва меъёрҳо, татбиқ намудани сиёсати ягонаи тарифӣ ва пешниҳоди сабукиҳои тарафайн дар соҳаи нақлиёт ҳамчун вазифаҳои асосӣ мушаххас карда шуданд.
Ӯзбекистон низ дар пояи барои ҷонибҳо муфид, бо риоя кардан ба тамоми талаботи санитарӣ ҷонибдори ҳарчи зудтар ба роҳ мондани хатсайрҳои авиатсионӣ мебошад. Ин ба барқарор гардидани мубодилаҳои корчаллонӣ, инсонпарварӣ ва сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.
Масъалаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони кишварҳои ИДМ, ки дар давлатҳои Иттиҳод фаъолияти меҳнатӣ доранд, тезутунд мебошад. Тавре ки Президенти Ӯзбекистон зикр сохт, замоне фароҳам омад, ки механизми ягонаи эътирофи тарафайни ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ тартиб дода шавад ва дар ин соҳа Барномаи махсус қабул гардад.
Ташаккул додани низоми самарабахши мониторинг ва ҳозирҷавобӣ ба вазъиятҳои фавқулоддаи дорои ҷиҳати санитариву эпидемиологӣ низ хеле рӯзмарра мебошад. Вобаста ба ин тайёр кардани Муоҳидаи дахлдор дар дораи ИДМ тезонида хоҳад шуд.
Ба мақсади пешгирии бемориҳо ва тарғибу ташвиқи тарзи солими ҳаёт пешниҳод шуд, ки ҳар сол «Марафони саломатии ИДМ» бо ба роҳ мондани чорабиниҳои оммавии варзишиву фарҳангӣ гузаронида шавад.
Сарвари кишвари мо пешниҳод кард, ки дар доираи Анҷумани навбатии зиёиёни илмӣ ва эҷодии ИДМ дар Ӯзбекистон конфронси «Мероси мадании кишварҳои Иттиҳод» баргузор шавад, ки ба таҳкими робитаҳои қарини анъанавии инсонпарварӣ мусоидат хоҳад кард. 
Дар бораи таҳдид ва хурӯҷҳо ба амнияти соҳати ИДМ сухан ронда, Шавкат Мирзиёев муҳимияти дастгирии ҳамаҷонибаи ҷараёни сулҳхоҳонаро, ки дар Афғонистон пешбинӣ мегардад, қайд намуд.
– Сулҳу салоҳ дар ин мамлакат омили муҳими таъмин шудани амният ва эътидол дар тамоми соҳати Иттиҳод мебошад. Ин ҳамчунин барои рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии мамлакатҳои мо бо Осиёи Ҷанубӣ имкониятҳои нав фароҳам меоварад, – изҳор дошт Президенти кишвари мо.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои наву бесобиқа ҳамчунин масъалаҳои таъмин сохтани амниятро дар соҳаҳои идеологӣ ва иттилоотӣ тақозо менамоянд. Соли оянда дар Тошканд Ҷамъомади байналхалқии коршиносии пештар мавқуфгузошташуда оид ба мавзӯи мазкур баргузор мегардад.
Ғайр аз ин пешниҳод шуд, ки барои мубодилаи ахбори ҳуқуқӣ ва коркарди Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи дерадиликализатсия Платформаи ягонаи электронии ИДМ таъсис дода шавад.

Нақши рӯзафзуни парлумонҳо бинобар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои қарини тарафайн дар соҳати ИДМ таъкид гардид. Ӯзбекистон тайёр аст соли оянда дар Тошканд яке аз ҷамъомадҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ-ро баргузор кунад, қайд кард Президент Шавкат Мирзиёев.
Сипас роҳбарони ҳайати давлатҳои иштирокдори ИДМ ба сухан баромада, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои татбиқ намудани корҳои азим миннатдории бузург изҳор карданд, ки нафақат раисии самарабахши кишварро дар Иттиҳод таъмин намуд, балки ҳамкориҳои бисёрҷанбаи амалиро дар доираи Созмон хеле вусъат дод.
Дар баромадҳо бобати амиқсозии ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаҳои иқтисодиёт, нақлиёт, амният, ҷанбаи инсонпарварӣ, ки ба таъмин кардани сулҳу субот, эътидол ва рушди устувор дар ИДМ нигаронида шудаанд, ташаббусҳои муҳим пеш гузошта шуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш роҳбари давлати мо қайд намуд, ки бо вуҷуди тамоми душвориҳое, ки ба оқибатҳои пандемия алоқаманд мебошанд, бо саъю кӯшишҳои муштарак имкониятҳои ИДМ вобаста ба обсозиши самарабахшаш ба воқеиятҳои нав намоиш дода шуд.
Бинобар натиҷаи ҷамъомад Баённомаи рушди минбаъдаи ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳои асосӣ бобати татбиқ намудани он, изҳороти муштарак ба муносибати 75-умин солгарди таъсисёбии СММ ва дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои таъмин сохтани амнияти байналхалқии иттилоотӣ қабул гардиданд.
Ғайр аз ин қарор дар бораи раисии Ҷумҳурии Белорус дар ИДМ барои соли оянда ва баргузор кардани ҳамоиши навбатӣ дар шаҳри Минск, ҳамчунин як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими ба самтҳои гуногуни ҳамкории бисёрҷанба алоқаманд, ба имзо расиданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: