Вақте шогирди мактаби миёна будам, рӯзе дар «оинаи нилгун» филми солҳои мудҳиши ҷангро бо майли тамом тамошо мекардам.
Вақте шогирди мактаби миёна будам, рӯзе дар «оинаи нилгун» филми солҳои мудҳиши ҷангро бо майли тамом тамошо мекардам. Ин филм аз корномаҳои солҳои ҷанги хонумонсӯз ҳикоят мекард. Ғарқи тамошои филм будам, ки баногаҳ ба китфонам расидани дасти касеро эҳсос намудам. Ин як дасти солими бобои қаҳрамонам буд, ки иштирокчии бевоситаи он ҷанги мудҳиш буд. Ман, ки ғарқи хаёлоти тамошои филм будам, худ аз худ бо нигоҳҳои рамузомез ба бобоям нигаристам. Бобоям як оҳи амиқе кашиду сипас ба китфонам паиҳам чанд бор навозишкорона дасташро гузошта гуфт:
– Набераам, оё ту эҳсос менамоӣ, ки ин ҷанг, чи тавре ки ту аз филмҳо мебинӣ, набуд. Ин ҷанги хонумонсӯз буд, – китфи чапи худро, ки нишонаи захми он солҳо буд, бо азобе боло бардошта ба ман нишон дод.
... Он лаҳза филми хотирмонро тамошо менамудаму боз хаёлотам ба китфи захмини бегӯшти бобоям сайр мекард. Чизеро нафаҳмида моту мабҳут будам. Намефаҳмидам, ки давоми филмро тамошо кунам ё ба ҳикоятҳои вазнину дардзои бобоям гӯш бидиҳам.
Чӣ тазоди аҷибе!
Солеҳ МУҲАММАДҶОН,
вилояти СУРХОНДАРЁ.