ТЕАТР – ИФОДАГАРИ АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ

Санъати театр яке аз ҳунарҳои асилест, ки дар ташаккули маънавиёти мардум нақши намоён дорад, зеро маҳз дар саҳнаи театр фалсафаи рӯзгори инсон зинда таҷассум меёбад. Беҳуда нест, ки донишмандон театрро «модели дунё» номидаанд.

Махсусан имрӯз дар замони ҷаҳонишавӣ, ки назар ба арзишҳои умумиинсонӣ ва миллӣ дигаргун шудааст, нақши театр дар тарбияи ахлоқию эстетикӣ беҳамтост. Зеро эътирофи ҳар як миллат дар арсаи тамаддуни ҷаҳонӣ дар пояи устувори фарҳангии ӯст.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо театри касбии тоҷик, ки соҳиби роҳи эҷодӣ, дастовардҳои назарраси ҳунарист, ҷашни 90-солагии хешро ба таври шоиста таҷлил менамояд.
Қабл аз он, ки роҷеъ ба марҳилаҳои асосии пешрафти театри касбии тоҷик, аз ҷумла театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ андешаҳои хешро баён созам, мехостам бо камоли эҳтиром ва ифтихору сипос аз асарҳои пурмӯҳтавои тадқиқотии доктори улуми санъатшиносӣ, театршиноси маъруф, профессор Низом Нурҷонов ёдовар шавам. Поягузори илми санъатшиносӣ дар Тоҷикистон устод Низом Нурҷонов дар асарҳои худ саҳифаҳои дурахшони  санъати театрии тоҷикро бо дақиқназарӣ ва муҳаббату заҳмати беандоза мавриди таҳлил қарор додааст, ки имрӯз осори эшон хазинаи тиллоии фарҳангӣ, маводи гаронбаҳо барои омӯзиш мебошанд. «Драмаи халқии тоҷик», «Театри анъанавии тоҷикон», «Мактаби актёрии тоҷик», «Таърихи театри шӯравии тоҷик», «Рангомезиҳои саҳна», силсилаи монографияҳо доир ба ҳунармандони номӣ – Аслӣ Бурҳонов, Муҳаммадҷон Қосимов, Тӯҳфа Фозилова, София Тӯйбоева, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Ато Муҳаммадҷонов, Маҳмуд Воҳидов, Ҳошим Гадоев, Малика Собирова, Хайрӣ Назарова, Фаррух Қосимов ва дигар асарҳои нотакрори устод бо ҷанбаи таърихӣ, назарӣ ва эстетикии худ ба пойдории фарҳанги миллӣ мусоидат намуда, дастовардҳои беҳтарини санъати театрии тоҷикро муҷассам намудаанд.
Бино ба маълумоти Низом Нурҷонов  театри солҳои бистум театри ташвиқотӣ мебошад, ки дар асоси равияҳои эстетикии он театри касбӣ ба вуҷуд омадааст. Аввалин ҳайати эҷодӣ, ки расман моҳи октябри соли 1929 таъсис ёфта буд ва аз ҳафт нафар ҳунарпеша иборат буд:  Ҳомид Маҳмудов, Шариф Бақоев, Гулчеҳра Бақоева, Тубиё Бобоева, Пӯлод Аҳмадов, Ғуломризо Ҳусейнов, Михаил Ягудоев.
7 ноябри соли 1929 дар ҷашни 12 солагии Инқилоби октябр театри давлатии Комиссариати маорифи халқии Тоҷикистон бо иҷрои консерт кушода шуд ва дар бинои Хонаи деҳқонон ба фаъолияти худ оғоз намуд.
Минбаъд аз дигар шаҳрҳои қадимии тоҷикнишин – Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Хуҷанд, Исфара, Конибодом ҳунарпешагони соҳибистеъдод – таҳиягар Фатҳулло Умаров, ҳунарпешагон – София Тӯйбоева, Миркарим Саидов, Муҳаммадҷон Қосимов, Муҳаммад Халилов, Аслӣ Бурҳонов, Туҳфа Фозилова, Саломат Маҳмудова, Санавбар Бақоева, Наим Ғиёсов ва дигарон омада, пояи мустаҳками санъати театрии тоҷикро гузоштанд.
Давраи фаъолияти навбатии театри тоҷик ба эҷодиёти таҳиягари нав – В. Тихонович вобаста аст, ки он дар соли 1934 оғоз гардид. Ин таҳиягар бештар на ба тасвири ботинӣ, балки ба машғулиятҳои назарӣ майл дошт. Тарзи нигориши ӯ дар таҳияи намоишномаҳои «Шоҳнома»-и Ҷонон, «Платон Кречет»-и А. Корнейчук имкон надод, ки асарҳои номбурда бо бадеияти мукаммал ва мазмуни баланд арзи ҳастӣ намоянд, чунки дар тафсири ӯ ҷанбаҳои зоҳирӣ дар навбати аввал қарор гирифтааст.
Таҳиягари соҳибистеъдод Ефим Мителман, ки соли 1936 аз Маскав ба вазифаи режиссёри театри ба номи Лоҳутӣ даъват гардид, дар асоси мактаби эҷодии пешқадами К. Станиславский намоишномаҳои аз ҷиҳати ғоявӣ ва эстетикӣ мукаммал офарид, ки дар онҳо имконияти ҳунарии актёрон ба назар гирифта шуда, асрори санъати таҷассумсозӣ намоён мегардад. «Калтакдорони сурх»-и С. Улуғзода, «Отелло»-и В. Шекспир, «Рустам ва Сӯҳроб»-и А. Пирмуҳаммадзода ва В. Волкенштейн аз ҷумлаи чунин асарҳо мебошанд, ки дар даҳаи санъати тоҷик дар Маскав сазовори баҳои баланд гардиданд.
Театр аз рӯзҳои нахустини Ҷанги дуюми ҷаҳон ба таҷассуми корнамоиҳои мардуми тоҷик таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Ташкили театри фронт дар охири соли 1943, арзи ҳастӣ намудани намоишномаҳои «Хонаи Надир» (Ҷ. Икромӣ, А. Файко), «Дар оташ» (С. Улуғзода), «Нурхон» (К. Яшин), «Таҳмоси Хуҷандӣ» (М. Қосимов, С. Саидмуродов), «Арӯси панҷсӯма» (М. Урдубодӣ), «Бемори хаёлӣ» (Ж. Молер) ва зуҳуроти ҷанбаи қаҳрамонию ҳамосӣ, намоишӣ, ки аз сарчашмаҳои мардумӣ бархурдор аст, комёбии асосии давраи номбурда аст. 
Мувофиқи мавзӯъ ва мундариҷа театри баъдиҷангӣ аз инъикоси асарҳои классикии русу Ғарб, саҳифаҳои таърихӣ, таърихии инқилобӣ ва муосир иборат аст.
Асарҳои миллие, ки маҳз дар ин давра офарида шудаанд, аз «назарияи бенизоӣ» бебаҳра намонда буданд ва дар онҳо рақсу суруд чун нишонаи ягонаи халқият ба назар мерасид. Бо вуҷуди ин, арзи ҳастӣ намудани намоишномаҳои «Шоҳ Лир», «Ромео ва Ҷулетта» (В. Шекспир, таҳияи Е. Мителман), ҳунарнамоии М. Қосимов, С. Тӯйбоева, А. Бурҳонов, Г. Бақоева, А. Қосимов, Б. Наматиев, З. Дӯстматов, А. Сулаймонов ва дигарон қобили таваҷҷӯҳ аст.
Дар солҳои 60-ум намоишномаҳои таҳиягари маъруф Ҳоҷиқул Раҳматуллоев дар асоси драмаҳои Файзулло Ансорӣ «Ҳукми модар», «Ҳаёт ва ишқ», «Имтиҳон», намоишномаи машҳури «Рӯдакӣ» (С. Улуғзода), офариниши драмаҳои таърихию инқилобӣ (Ғ. Абдулло) «Тӯфон», «Ҳуррият», «Сарбозони инқилоб» аз муваффақиятҳои эҷодии театри тоҷик мебошад. Бахусус, намоишномаи «Рустам ва Сӯҳроб» (Ғ. Абдулло, таҳияи Ф. Александрин ва Ҳ. Абдураззоқов) бо дурахши саҳнавӣ, оҳанги фоҷиавӣ, ҷӯшу хурӯши ботинӣ, «Гунаҳкорони бегуноҳ» (А. Островский, таҳияи В. Ланге) бо ҷанбаи психологӣ аз он гувоҳӣ медод, ки театри тоҷик соҳиби таҷрибаи пешқадами ҷаҳонист.
Дар таърихи театри тоҷик солҳои 70-ум фаъолияти эҷодии М. Воҳидов, А. Муҳаммадҷонов, Ҳ. Гадоев, Х. Назарова, М. Исоева, Г. Завқибеков, Қ. Имматшоев, М. Камолова, Ҳ. Абдураззоқов, Ф. Ғуломова, Т. Абдушукурова, Г. Сафаралиева, Н. Ҳасанов, Б. Раҷабов сазовори эътироф аст. 
Зуҳуроти театри андешаву гуфтор, театри манзум дар санъати Маҳмудҷон Воҳидов, композитсияҳои  адабии «Гуфтугӯ бо худ», «Ишқи зиндагӣ», «Ватан ва фарзандон» дар асоси ашъори волои Хайёму Ҳофиз ва шоирони муосир,  таҳияи асари В. Шекспир Ҳамлет (Н. Детсик) шоҳиди бозёфтҳои навини эстетикӣ ва услубӣ, ғановати анъанаҳои қадимӣ, эҳсоси самимӣ ва пурҷӯшу хурӯши  ҳунармандони театри тоҷик аст.
Фаъолияти театри «Аҳорун» солҳои 90-ум дар театри тоҷик падидаи фарҳангии ҷолиб аст. Асосгузори он, таҳиягари шинохта Фаррух Қосимов аст, ки бо сабку услуб ва нигориши тоза, назари амиқ ба осори классикии миллӣ, шакли нави театрӣ, диди имрӯзӣ нисбати маводи  адабӣ санъати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Ҷустуҷӯҳои босамари эҷодӣ дар театри тоҷик дар таҳияи намоишҳои беҳтарин дар тафсири  Барзу Абдураззоқов, Тоҳир Баҳромов, Султон Усмонов, Шавкат Халилов, Нозим Меликов, Баҳодур Миралибеков, Мирзоватан Миров, Давлат Убайдуллоев, асарҳои драматургони муосир Нур Табаров, Меҳмон Бахтӣ, Ҷумъа Қуддус, Шодӣ Солеҳ идома ёфтанд.
Театри тоҷик дар тӯли фаъолияти эҷодии хеш ҳамеша ифодагари сарватҳои маънавӣ, арзишҳои олии рӯзгори инсонӣ, тафаккури фалсафӣ буда, дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузорад.

Баҳор ХУРРАМЗОД,
номзади илми санъатшиносӣ, дотсенти Донишгоҳи
 давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: