Маълум аст, ки Театри лӯхтаки вилояти Бухоро 14-22-юми ноябри соли 2022 ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе сафари эҷодӣ дошт, дар ин сафар намоиши спектакли «Табиби хасакӣ»-и Муноҷот Эргашева ба тамошобинону наврасони тоҷик таассуроти фаромӯшнашаванда гузошт.
Гурӯҳи эҷодӣ ва техникии Муассисаи давлатии «Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак»-и шаҳри Душанбе 11-19-уми марти соли ҷорӣ бо сафари ҷавобӣ ба вилояти Бухоро ташриф овард. Меҳмонони ба дилу дида наздик: роҳбари гурӯҳ Наргис Розиқзода, ҳунарпешагон Гулнисо Сайдалиева, Мавлуда Неъматова, Искандар Бухориев, Ҳотам Салимов, ороишгари саҳна Сайфиддин Сатторов, танзимгари овоз Некбахт Бухориевро мизбонон – ҷамоаи театри лӯхтаки вилоятӣ ва мутасаддиёни соҳа бо карнаю сурнай пешвоз гирифтанд. Ҳунармандони тоҷик барои бачагони бухороӣ бо дастовези муносиб – афсонаи хаёлии «Маликаи шӯх»-и Ҳотам Салимов омаданд. Тамошои ин намоишнома ба хурдтаракони шаҳрҳои Бухорою Когон, ноҳияҳои Бухорою Ғиҷдувон хеле писанд омад.
Мо барои мулоқот бо ҳунармандони тоҷик ба Театри лӯхтаки вилоят омада, онҳоро якҷо бо ҳамкасбон саргарми кор – суманакпазӣ дидем. Воқеан ин таоми қадимии мардуми мо дар арафа ва рӯзҳои наврӯзӣ аст. Аз фурсат истифода бурда, ҷамъомадагони атрофи дегро бо фарорасии айёми фархунда – Наврӯзи фирӯз муборакбод намудем. Роҳбари театри лӯхтаки вилоят Йӯлдош Генҷаев моро хушҳолона қабул намуда арзи дил кард:
– Бо шарофати хидматҳои бузурги ду роҳбари оқили ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон алоқаҳои дӯстии мо боз вусъат меёбанд. Мо ҳангоми сафар ба Душанбе аз меҳри беандоза ва самимияти олию беғаразонаи мардуми тоҷик бори дигар баҳравар гардидем. Дил мехоҳад, ки ин анъана, дӯстию рафоқати халқҳоямон ҷовидон бошад.
– Мо хеле шодем, ки боз ба дидори дӯстон муяссар гардидем, – изҳори хурсандӣ намуд роҳбари бадеии Театри лӯхтаки Тоҷикистон Наргис Розиқзода.
– Тамошои Бухорои шариф, ободониҳои шаҳру ноҳияҳо, мулоқот бо мардуми меҳнатдӯст фаромӯшношуданӣ буд. Бигузор, сафарҳои ҳунарии тарафайни мо боиси ба нашъунумӯи тухми меҳру вафо, дӯстию садоқат нисбати ҳамдигар гардад, – илова намуд вай.
Сафари ҳунарии Театри лӯхтаки тоҷик дар вилоят идома дорад.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.