Вилояти Фарғона аз рӯи натиҷагириҳои бунёди корхонаҳои муштарак дар ҷумҳурӣ ҷои намоёнро ишғол мекунад.
Вилояти Фарғона аз рӯи натиҷагириҳои бунёди корхонаҳои муштарак дар ҷумҳурӣ ҷои намоёнро ишғол мекунад. Дар ноҳияи Фарғона ба як адад афзоиш ёфтани корхонаи нави азими муштарак мисоли равшани ин мебошад. Ин корхонаи Ӯзбекистон-Таиланд ба шумор рафта, “Баҳодир Лоғон текстил” унвон гирифтааст.
Дар маросими кушодашавии корхона иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров ширкат намуд. Вай гуфт, ки дар кишварамон ислоҳоти амиқ пиёда мегардад ва домани ислоҳот то деҳоти дурдаст низ рафта расидааст.
– Барпо шудани чунин корхонаҳо салоҳияти иқтисодии вилоятамонро боло хоҳад бурд. Гузашта аз ин, дар фароҳам овардани ҷойҳои нави кор низ ин корхонаҳо хеле мусоидат хоҳанд намуд, – изҳор кард Хайрулло Бозоров.
Новобаста аз шароити душвори пандемияи коронавирус дар вилояти Фарғона саноат беш аз пеш ривоҷ меёбад ва нақшаҳои дар ин самт муайяншуда яке аз паси дигар иҷро мегарданд. Дар вилоят азхуд кардани сармояҳои хориҷӣ ба миқдори 400 миллион доллари амрикоӣ ва қарзҳои дигари дар ин самт равонашуда шаҳодат медиҳанд, ки болоравии иқтисодиёт дар шакли устувор идома дорад.
Як нуктаи ҷолиби дигар дар ин маросими кушодашавии корхонаи муштарак таъкид гардид, ки дар ноҳияи Фарғона қаблан бунёди корхонаҳои саноатӣ барномарезӣ нашуда буд. Аммо дар ҳамин ҳол ин ҳудуд дорои даҳҳо корхона гаштааст ва мардуми зиёд дар он ҷо машғули кор мебошанд.
Яке аз корхонаҳое, ки тавассути сармояҳои хориҷӣ бунёд ёфтааст, корхонаи марбути Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Экокерама” мебошад. Он дар ивази 15 миллион доллар арзи вуҷуд намудааст. Татбиқи лоиҳаи дигар бар ҳамин асос дар деҳаи Лоғони ноҳияи Фарғона ба бунёди корхонаи муштараки “Баҳодур Лоғон текстил” сабаб гардид.
Хайрулло Бозоров зимни шиносоӣ бо фаъолияти ин корхона аз имкониятҳои бавуҷудомада ибрози қаноатмандӣ кард.
– Коргарон бо истифода аз ин имкониятҳо босамар меҳнат хоҳанд кард. Зеро ба ин корхона 62 миллион доллар сармоя ворид шудааст ва калобаву ресмонҳои он ба Хитой, Туркия, Русия содир хоҳанд шуд, – гуфт ҳоким.
Гуфта мешавад, ки корхонаи мазкур солона 18 тонна калоба истеҳсол мекунад. Ба он ашёи хомро хоҷагиҳои фермерии марбути кластер расонида медиҳанд, ки дар ноҳияҳои Фарғона, Қува ва Ёзёвон ба парвариши пахта машғуланд. Ин корхона бо шурӯъи фаъолияти худ 450 нафарро ба кор таъмин намудааст.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.