Тибқи иттилои вазорати умури дохилӣ ва амнияти Ҷумҳурии Корея, шумори афроде, ки аз гармӣ ва бемориҳои марбут ба он ҷони худро аз даст додаанд, дар соли ҷорӣ ба 14 нафар расидааст.
4 август як зани 71-сола дар хонаи худ дар Сеул дар ҳолати беҳушӣ пайдо шуд ва баъдан дар бемористон даргузашт. Худи ҳамон рӯз дар вилояти Чолла-Намдо боз як зани 78-сола ҳангоми кор дар саҳро ҳалок шуд. Дар маҷмӯъ, то 4 августи соли ҷорӣ бар асари гармо 14 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Тақрибан 1690 нафар ба далели гармии ҳаво ба бемористон муроҷиат карданд.
Чанд рӯз аст, ки мақомоти Ҷумҳурии Корея ҳушдор медиҳанд, ки дар қисмати зиёди ин кишвар мавҷи гармӣ ба амал меояд. Вазорати корҳои дохилӣ 6-уми август эълом кард, ки ҳаво дар як қатор манотиқ "35 дараҷа гарм ва аз он бештар" аст ва тавсия додааст, ки дар кӯчаҳо гаштугузор накунанд, аз чатрҳои муҳофизатӣ истифода кунанд, истироҳат кунанд ва оби кофӣ нӯшанд.
Хадамоти обуҳавошиносӣ пешгӯӣ мекунад, ки то 14 август ҳарорати ҳаво дар саросари кишвар болотар аз 30 то 36 дараҷа хоҳад буд, хабар медиҳад tass.ru.