Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ба 3000 нафар наздик шуд

Теъдоди қурбониёни заминларзаи харобиовар дар ҷануби Туркия ба 2921 нафар расид, хабар медиҳад, сарвари Раёсати оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Туркия (AFAD) Юнус Сезар. Ба гуфтаи ӯ, 15 ҳазору 834 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Қаблан ноиби президенти Туркия Фуат Октай гуфт, ки дар маҷмӯъ 7840 нафар аз зери харобаҳо зинда наҷот дода шуданд, хабар медиҳад хабаргузории Anadolu.

Октай илова намуд, ки 338 ҳазор нафар ба хобгоҳҳо, донишгоҳҳо ва паноҳгоҳҳо ҷойгир карда шудаанд.

Президент Реҷеп Таййип Эрдоғанба хотири қурбониёни офати табиӣ дар Туркия ҳафт рӯз мотами миллӣ эълон кард.

Ба иттилои AFAD, дар ҷанубу шарқи Туркия дар як рӯз ду заминларза ба шиддати беш аз ҳафт дараҷа рух додааст (соати 04.17 ба вақти маҳаллӣ – 7,7 балл ва 13.24 – 7,6 балл).

Мақомоти Туркия аз мардум хостанд, ки аз хавфи заминларза ба хонаҳояшон барнагарданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: