Туркия ба истиснои музофотҳои Қаҳрамонмараш ва Ҳатай дар минтақаи заминларза амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотро анҷом дод.
Бинобар иттилои АИ «Аnadolu», шоми 19 феврал теъдоди қурбониёни заминларзаи харобиовар дар Туркия ба 41 ҳазору 20 нафар расидааст.
Тибқи иттилои Идораи умури изтирорӣ ва вазъияти фавқулода (AFAD), дар ҳоли ҳозир 19 ҳазору 436 мутахассиси ҷустуҷӯ ва наҷоти маҳаллӣ ва байналмилалӣ дар шароити саҳроӣ кор мекунанд, хабр медиҳад АИ "Дунё"..
Ёдовар мешавем, ки аз 10 феврал ба ин сӯ дар вилояти Ҳатайи Туркия, ки аз заминларза бештар осеб дидааст, як бемористони ҳарбиву саҳроии Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон фаъолият мекунад ва табибони низомӣ дар он ҳама ниёзмандони кумакро табобат мекунанд ва ошпазҳо бо хӯрок таъмин месозанд.