ТЕХНОЛОГИЯИ «САБЗ» ВА ШАҲРҲОИ «ОҚИЛ» ДАР АСРИ РАҚАМИСОЗӢ

Солҳои охир бо шарофати сиёсати хориҷии ошкоро ва прагматикии Президент Шавкат Мирзиёев, ташаббусҳои таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои наздику дур алоқаҳои комилан нави солими сиёсӣ ва иқтисодӣ ба роҳ монда шуданд. Самтҳои нав ва механизмҳои нави ҳамкории байналхалқӣ ҷорӣ карда мешаванд.

Солҳои охир бо шарофати сиёсати хориҷии ошкоро ва прагматикии Президент Шавкат Мирзиёев, ташаббусҳои таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои наздику дур алоқаҳои комилан нави солими сиёсӣ ва иқтисодӣ ба роҳ монда шуданд. Самтҳои нав ва механизмҳои нави ҳамкории байналхалқӣ ҷорӣ карда мешаванд.
Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон яке аз чунин майдонҳои нави муколама аст. Ин созмон 3 октябри соли 2009 дар шаҳри Нахичевани Озарбойҷон таъсис ёфта, дар аввал ба он Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон аъзо шуда буданд.
Соли 2019 кишвари мо ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ шомил шуд, яъне 14 сентябри ҳамон сол Ӯзбекистон Созишномаи Нахичеванро дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамкории кишварҳои  туркизабон ба тасвиб расонд.
Имрӯз шумораи умумии аҳолии кишварҳои туркизабон аз 150 миллион нафар зиёд аст. Ҳудуди давлатҳои аъзои ин шӯро тақрибан 4 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад. Пас аз ҳамроҳ шудани Ӯзбекистон нуфузи Шӯрои туркӣ аз ҷиҳати иқтидор ва аҳамияти худ дар Авруосиё ба як сохтори калон табдил ёфт.
Ҳадафи аслии ин созмон таҳкими эътимод ва равобити кишварҳои бародар, густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёт, энергетика, туризм ва фарҳангию гуманитарӣ, ҳамоҳангсозии саъю ҳаракатҳо барои таъмини сулҳу амният дар минтақа аст.
Дохил шудани Ӯзбекистон ба ин созмони байналмилалӣ дар сиёсати хориҷии кишварамон қадами таърихӣ буда, барои мамлакат ва халқи мо аҳамияти муҳим дорад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 12 ноябри соли ҷорӣ дар ҳамоиши Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон дар Туркия иштирок кард. 
Сарвари кишарамон мисли дигар соҳаҳо ба рушди иқтисодиёти «сабз», экология ва муҳити зист дар минтақа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар ин самт ташаббусҳои нав ба миён гузошт.
Алалхусус, таъсис намудани Маркази инжиниринг ва технология дар назди ташкилотҳои махсуси мамлакатҳои аъзо пешниҳод карда шуд. Қайд карда шуд, ки соли оянда Ӯзбекистон барои гузаронидани Ҳафтаи саноатии кишварҳои туркӣ омода аст.
Бо дарназардошти он, ки мавзӯи «технологияҳои «сабз» ва «шаҳрҳои оқил» дар асри рақамисозӣ» барои ҳамоиши мазкури ӯро интихоб шудааст, Президентамон ташаббуси таъсис додани платформаи доимиро барои экспертҳо ва IT- мутахассисон бо мақсади табодули таҷриба ва интиқоли инноватсияҳо дар ба вуҷуд овардани шаҳрҳои «оқил» пешниҳод кард. Ба сифати қадами аввал дар самти мазкур, соли 2022 баргузор намудани анҷумани экспертӣ таклиф карда шуд.
Бояд гуфт, ки дар кишвар ҷиҳати рушди фаъоли иқтисодиёти рақамӣ, ба таври васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилотию коммуникатсионӣ дар тамоми соҳаҳо, бахусус идоракунии давлатӣ, маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ тадбирҳо андешида мешавад. Имрӯз дар кишварамон стратегияи «Ӯзбекистони рақамнок–2030» бомуваффқият ба амал бароварда мешавад.
Инчунин, дар кишвар бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ҳалли мушкилоти мубрами шаҳрвандон, беҳбуди инфрасохтори иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минтақаҳо консепсияи ҷорӣ намудани технологияҳои «соҳавии оқил» ҷорӣ карда мешавад.
Сарвари давлатамон зимни суханронии худ ба масъалаҳои тағйири иқлим, коҳиш додани таъсири он ба кишварҳои узви ин созмон ва хушк шудани баҳри Арал низ дахл кард. Бо мақсади коҳиш додани оқибатҳои манфии офатҳои экологӣ ва пешгирии паҳншавии онҳо сарвари кишварамон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ғояи таъсиси сохтори ҳифзи муҳити зисти мамлакатҳои туркӣ ва дар яке аз ноҳияҳои ҳавзаи Арал, ки аз фоҷиаи экологӣ бештар зарар дидааст, ҷойгир кардани онро ба миён гузошт. 
Инчунин, Президенти Ӯзбекистон ба рушди сайёҳӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, якҷоя таҳия намудани «харитаи роҳ»-ро, ки  лоиҳаҳои сайёҳии «Сайёҳии дунёи турк» ва «Зиёрати маконҳои муқаддас», баргузор намудани намоишгоҳҳои маҳсулоти ҳунармандӣ ва озмунҳои этноварзишӣ, ҳифз ва барқарор намудани объектҳои мероси маданӣ ва дигар самтҳоро пешниҳод кард.
Албатта, ташаббусҳое, ки сарвари давлатамон дар ин ҳамоиш ба миён гузоштааст, ба воситаи табдил додан ба барномаву лоиҳаҳои мушаххас ба ҳаёт татбиқ карда мешаванд. Ин дар навбати худ, барои пешрафти осоиштагии халқҳои муқими кишварҳои туркизабон аҳамияти муҳим дорад.

Моҳира ХОҶАЕВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,
узви фраксияи Ҳизби экологии Ӯзбекистон.  
           

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: