ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ТАҲДИДИ ҶИДДӢ

Дар Тошканд бо ибтикори Сохтори минтақавии зиддитеррори СҲШ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ зери унвони «Амнияти муосир: таҳдидҳо ва роҳҳои ҳали он» сурат гирифт.

Дар он Дабири кулли СҲШ Ҷан Мин (онлайн) баромад кард. Вай гуфт, ки ба далели пахши пандемия конфронси байналмилалии солонаи илмӣ-амалии Сохтори минтақавии зиддитерроризми СҲШ чанд муддат ба таъвиқ афтод. Аммо ҳоло Ӯзбекистон мусоидат намудааст, ки ин конфронс ҷаласаи солонаи худро дар шаҳри Тошканд доир намояд.
– Дар замони муосир таъмини амният аз масъалаҳои муҳим ва умда маҳсуб мешавад. Дар ин замина муборизаи муштарак бо терроризм ва ифротгароӣ барои барқарории вазъияти сартосарӣ ва таъмини амният нақши муҳим хоҳад бозид. Дар конфронсе, ки ҳоло баргузор шудааст, маҳз ҳамин масъалаҳо ва роҳҳои ҳалли он аз роҳи муколома ва гуфтугӯҳои ошкоро баррасӣ хоҳад шуд, – изҳор намуд Ҷан Мин.
– Як қатор таҳдидҳои анъанавӣ ва ғайрианъанавиро наметавон нодида гирифт, ки  амнияти кишварҳои узви ИДМ ва СҲШ-ро низ ба хатар мувоҷеҳ менамоянд. Ин таҳдидҳои ҳастаӣ, экологӣ, техногенӣ, биологӣ, муҳоҷиратӣ ва амсоли он мебошанд. Барои ҳамин вазъият дар кул нигаронкунанда боқӣ мондааст, – иброз дошт роҳбари Маркази зиддитеррори ИДМ Евгений Сисоев.
 Вай доир ба вазъияти Афғонистон таваққуф намуд, ки ҳанӯз дар он амну субот барқарор нашудааст. Ба гуфтаи ӯ дар ин кишвар боқимондаҳои террористону тундравони исломӣ маскан гузидаанд. Барои ҳамин идора кардани саросари Афғонистон ба ҳукумати Толибон муяссар намешавад. Вай таъкид варзид, ки ҳатто дар ҳукумати Толибон ашхосе мавҷуданд, ки ба неруҳои радикалӣ мансубанд ва мақомҳои баландро дар идораҳои давлатӣ соҳиб мебошанд.
– Омилҳои асосие, ки ба амнияти кишвари мо дар фазои иттилоотӣ таҳдид мекунанд, ҷалбу ҷазб ва ташвиқоту таблиғоти аъзои гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ ва ифротгароӣ мебошанд. Инҳо ба созмони ифротгароӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24” мутааллиқанд, ки дар фазои СҲШ низ фаъолияти онҳо ҳамчун созмонҳои террористӣ ва ифротӣ эътироф гардиданд, – гуфт ноиби раиси Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон Нусратулло Мирзозода.
Вай афзуд, ки захираҳои интернетии чунин гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро дар хориҷа хеле афзоиш меёбад. Танҳо гурӯҳи террористӣ-ифротгарои Ҳизби наҳзати исломӣ 40 шабакаи иттилоотӣ, роёнаҳо, аккаунтҳо ва амсоли онро дар ихтиёри худ дорад.
Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар ду иҷлосия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавӣ ва мубориза алайҳи терроризм ва тундгароиро баррасӣ хоҳад кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: