«ТЕШИКТОШ ДАР КУҶО БОШАД?»

Деҳаи Бешкони ноҳияи Ургут табиати дилрабо дорад.

Деҳаи Бешкони ноҳияи Ургут табиати дилрабо дорад. Доманаҳои сарсабз, чашмаҳои мусаффо, кӯҳҳои барфпӯшу пурвиқор онро назаррабо кардаанд. Дар ҳамин деҳаву ин табиати хушманзара ҷашни Наврӯз ба сайри ҳақиқӣ мубаддал шуд.
Мардуми деҳаҳои Бешкон, Қаротеппа, Вағаштӣ, Халқобод аз субҳи барвақт «Тешиктош дар куҷо бошад?» гӯён ба роҳ баромаданд. Доманаи талу теппаҳо идона зинат ёфта, бо мақсади ба маркази сайёҳӣ табдил додани мавзеъ хаймаю хиргаҳҳои зиёд устувор карда шуда буданд. Дарахтони мевадори доманаи талҳо шукуфтаанд. Аз ҷониби аҳли кӯдакистону мактабҳо, фаъолони деҳа таомҳои миллӣ ва намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ таҳия шуданд, донишомӯзони мактаби санъат ва мусиқии бачагон бо оҳангу таронаҳои дилангези худ ба ид шукӯҳи тоза бахшиданд. Дар як гӯша паҳлавонҳо гӯштӣ мегирифтанд, дар ҷойи дигар аспсаворон ба мусобиқа омодагӣ медиданд. Бешубҳа, ин айём бе суманак намегузарад. Шогирдони мактаби таълими умумии рақами 44-уми деҳаи Бешкон тамоми шаб бо ҳар гуна бозию тамошо суманак пухта, дар рӯзи ҷашн ин неъматро ба мардум пешкаш карданд. Гурӯҳи дигар дар дегҳои калон оши палав омода намуданд.
– Ҳар сол дар ин ҷо бо аҳли деҳа барпо кардани ҷашни Наврӯз одат шудааст, – гуфт омӯзгори фанни таърих Беҳрӯз Фозилов. – Имсол ид шукӯҳи хоса дорад, дар мавзеи мо онро бо миқёси калон ҷашн мегиранд. Аз маскани Тешиктош осори таърихии садаҳои V-VI пеш аз милод ёфт шудаанд. Ҳоло таърихшиносон ин мавзеъро боз амиқтар меомӯзанд. Наврӯз таърихи тӯлонӣ дорад, аҷаб нест, ки сокинони ин маҳал садсолаҳо пеш низ онро бо чунин шукӯҳу шаҳомат ҷашн мегирифтанд.
Бадеҳагӯию сурудхонии духтарон, саломгӯйии арӯсон, ороиши баҳории доманаи талу теппа ба дилҳо рӯҳияи идона ато намуд. Раҳо кардани пуфакҳои ҳавоӣ аз ҷониби хурдсолон ба мардум туҳфаи ҳақиқӣ шуд.

Б. ЗЕБО.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: