“THE DAILY OUTLOOK AFGHANISTAN” ДАР БОРАИ ИСЛОҲОТИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ

Нашри навбатии “The Daily Outlook Afghanistan” мақолаеро таҳти сарлавҳаи «Дар Ӯзбекистон Донишгоҳи илмҳои геологӣ таъсис дода мешавад» чоп шуд.

Дар он қайд мешавад, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба пажӯҳишгоҳҳои илмии Тошканд ташриф оварда, дар он ҷо барои сохтмони кампуси донишгоҳи нав – Донишгоҳи илмҳои геологӣ хишти аввал гузошт.
Донишгоҳ дар заминаи чаҳор донишкадаи Кумитаи давлатии геология – геология ва геофизика, гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, маъданҳои фоиданок, геология ва иктишофи конҳои нафту газ таъсис дода мешавад.
Пас аз муттаҳид кардани чор донишгоҳ, муассиса бо навтарин таҷҳизот муҷаҳҳаз гардонда шуда, дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи кӯҳкории Санкт-Петербург ва дигар донишгоҳҳо ва марказҳои таҳқиқотии ҷаҳон барномаҳои  таълимӣ таҳия ва амалӣ мешаванд.
«Имрӯз мо барои як муассисаи илмиву таълимӣ таҳкурсӣ мегузорем, ки рушди ин соҳаро суръат мебахшад», – суханони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро иқтибос меорад нашрия.
     
АИ «Дунё»,
КОБУЛ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: