«The Korea Post»: ТАҲТИ РОҲБАРИИ ПРЕЗИДЕНТ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ НАҚШИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ ДАР АРСАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ТОРАФТ МУСТАҲКАМ МЕГАРДАД

Дар Сеул шумораи махсуси маҷаллаи машҳури Куриёи Ҷанубӣ бахшида ба Ӯзбекистон чоп шуд.

Дар доираи «Соли мубодилаи тарафайн»-и байни Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Куриё яке аз нашрияҳои оммавии Куриёи Ҷанубӣ – маҷаллаи «The Korea Post» шумораи махсуси бахшида ба кишвари моро омода ва интишор намуд. 
Дар шумораи махсус, ки бо сарлавҳаи умумии «Таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев нақши Ӯзбекистони Нав дар арсаи байналхалқӣ торафт мустаҳкам мегардад» чоп шудааст, мақолаҳое, ки дар бораи ислоҳоти конститутсионии ҷумҳурӣ  соли равон оғозшуда, натиҷаи конфронсҳои бузурги байналхалқӣ, ҳамоишҳои Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони давлатҳои туркӣ, ки дар шаҳри бостонии Самарқанд баргузор гардиданд, ҳамчунин матолиби бахшида ба иқтидори бузурги таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии мамлакати мо нашр шудаанд.
Маҷалла боиси рағбати зиёди хонандагони Куриёи Ҷанубӣ гардид. 

ОИ «Дунё», 
шаҳри СЕУЛ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: