ТИББИ МУОСИР ВА ТАБОБАТИ ХАЛҚӢ БОЯД ДАР КАНОРИ ҲАМ БОШАНД,

– мегӯяд номзади илмҳои тиб, ҷарроҳи тоифаи олӣ Алиҷон Зоҳидӣ

Чандест, ки дар соири ҷабҳаҳои кишварамон, аз ҷумла соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, ба хотири роҳандозии андозаҳои ҷаҳонӣ дар ин росто дигаргуниҳои куллӣ, метавон гуфт инқилобӣ, рӯй медиҳанд. Фармону қарорҳои зиндагисозе, ки аз ҷониби сарвари мамлакат дар ин бахш ба тасвиб расидаанд, далели ин гуфта аст.
Яке аз ин гуна қарорҳо «Дар бораи чорабиниҳо доир ба рушди табобати халқӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» унвон дорад, ки 10 августи соли сипаригардида ба тасвиб расида буд. Қарор имкон дод, ки табобати халқӣ, баъди деринтизориҳо, ба сифати яке аз самтҳои асосии табобат эътироф гардад.
Суҳбати мо бо академики Академияи байналхалқии илмии «Anteduy World», узви вобастаи Академияи илмии «Тандурустии инсон ва экология»-и Русия, номзади илмҳои тиб, ҷарроҳи тоифаи олӣ Алиҷон Фақиров (Алиҷон Зоҳидӣ) перомуни тибби муосир, табобати халқӣ, илоҳӣ ва дигар мавзӯъҳое буд, ки ба тиббу табобат ва тандурустии аҳолӣ иртибот доранд.

– Имрӯз дар соҳаи тибби мамлакат дигаргуниҳои куллӣ рӯй медиҳанд. Шумо хатмкардаи бахши ҷарроҳии кӯдакони Донишкадаи педиатрии тиббии Тошканд ҳастед, яъне аз илми тибби муосир бархурдоред, аммо ба табобати халқӣ (гиёҳдармонӣ) ва илоҳӣ низ ҳусни таваҷҷӯҳ доред. Бигӯед, ки зарурати ба ҳам оштӣ додани тибби муосир, табобати халқӣ ва илоҳиро кай идрок кардед?
– Бале, тавре ки ёдрас намудед, дар соҳаи нигаҳдории тандурустии кишвар дигаргуниҳои ғайриинтизор рӯй медиҳанд. Фармону қарор ва мулоқотҳои созандаи сарвари мамлакат бо ходимони тиб, ба куллан тағйир ёфтани мазмуну мундариҷаи кору фаъолияти ходимони тиб заминаи мусоид фароҳам овард.
Ба тасвиб расидани қарори роҳбари давлат «Дар бораи чорабиниҳо доир ба рушди табобати халқӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» шаҳрвандон ва онҳоеро, ки бо тибби замонавӣ ва табобати халқӣ сарукор доранд, хеле мамнун кард.
Инҷониб, ҳанӯз баъди хатми Донишкадаи тиббӣ, вақте бо амалия рӯ ба рӯ омадам, зарурати дар канори ҳам гузоштани тибби муосир, табобати халқӣ ва илоҳиро дарк кардам. Андешаву мулоҳизаҳоям дар ин хусус дар 63 китоби интишордодаам баён шудаанд. Вақте ба дунболи кор дар Корея ва ИМА будам, дидам, ки тибби муосир ва марказҳои табобати халқӣ дар канори ҳам фаъолият доранд, аҳолӣ ба кадомаш муроҷиат карданро худ интихоб менамояд. Худоро шукр, ки мо низ ба ин рӯзҳо расидем. Камина бар онам, ки тандурустӣ неъмати бебаҳост ва инсон ба ҳар васила бояд сиҳҳатиашро барқарор намояд. Дар ҳадисе омадааст: «Дард ҳам, даво ҳам аз Парвардигор аст, бе амри Ӯ аз сари инсон мӯе наафтад». Пас, мо ҳангоми муолиҷаи маризии инсон бояд самимона аз Ҳақ таоло дархост намоем, ки ба дарди ӯ шифо бахшад.
– Чунин ба назар мерасад, ки имрӯз анвои беморӣ ва теъдоди дорухонаҳо ба маротиб зиёд шудаанд, дуруст мегӯям?
– Натиҷагириатон дуруст. Ёдам ҳаст, овони донишҷӯйӣ барои таҷрибаандӯзӣ ба Маркази онкологии ҷумҳурӣ рафта будам. Он вақт дар шуъбаҳои маркази номбурда беморон кам буданд. Мудири шуъба ва ду-се духтуре, ки  дар назди панҷара сигор дуд мекарданд, вақташонро бо латифагӯйӣ кӯр мекарданд. Бандаро чанде қабл ба марказ барои машварат даъват намуданд. Вориди муолиҷагоҳ гардида ангушти ҳайрат газидам. Беморон хеле зиёд, ба қавле даст ба дасти ходимони тиб намерасид, онҳо бо қабули бемор ва ҳуҷҷатпуркунӣ машғул буданд. Натанҳо дар бахши онкология, балки дар дигар муассисаҳои давоӣ низ беморон кам нестанд. 
Дар шаҳрҳо сари ҳар қадам — дорухона, мардум гоҳо барои харидани доруҳои гаронбаҳо навбат мепоянд. Як мисол, соли 1985 танҳо дар гирдупеши Донишкадаи тиббии нав ҳамагӣ чаҳор дорухона мавҷуд буд. Ҳоло теъдоди дорухонаҳо дар ин ҷо ба 52-то расидааст. Рӯзгоре дар сартосари Иттиҳоди Шӯравӣ ба рӯйи мизоҷон ҳамагӣ дари 4 ҳазор дорухона боз буд, бино ба маълумоти расонаҳои ахбор, имрӯз дар ин ҳудуд беш аз 100 ҳазор дорухона «дар хидмати мардум»-анд.
Суоле ба миён меояд, ки чаро бемориҳо зиёданд, кӯшишҳоямон гоҳо пайи тандурустии аҳолӣ барҳадар мераванд, дуоҳоямон мустаҷоб намегарданд, теғи буррои забонамон аз ғилоф берун, тори асабҳоямон таранг аст? Оё ризқу насибаи аҳли байтамон ҳалол аст? Магар гиёҳмандӣ, майхорагӣ дар марзи вуҷудамон амиқ реша намедавонад, чаро гурусначашму риёкору манфиатпарастем? Аз табобати халқӣ то куҷо бархурдорем?
Бино ба натиҷагириҳои Созмони ҳифзи тандурустии умумиҷаҳонӣ имрӯз бемориҳои дилураг ва саратон дар ҷойҳои якуму дуюм қарор доштаанд. Ин созмони бонуфуз аз минбари баланд бо нигаронӣ изҳор дошт, ки маризиҳои рагудил, фарбеҳшавӣ, халалпазирии  эндокринӣ, аллергӣ, сил, омосӣ, бемориҳои ба экология вобаста, нуқсони модарзодӣ, асабу рӯҳӣ сол аз сол зиёд мешаванд. Солҳои охир антибиотикҳо ба баъзе бемориҳо таъсиргузор нестанд. Эътироф гардидааст, ки чанде аз бахшҳои табобат, мисли эндокринология, ревмотология, невропотология ва психиатрия ба кӯчаи сарбаста даромадаанд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, дастовардҳои тибби муосирро бояд нодида нагирифт...
– Шумо дар боло аз табобати халқӣ, яъне гиёҳдармонӣ ёд кардед. Дарозумрӣ ва тандурустии инсон ба воситаҳои давоии тибби муосир ва гиёҳдармонӣ  то куҷо вобаста аст?
– Аксарияти доруҳо аз гиёҳҳо тайёр карда мешаванд. Бояд мардумро ҳушдор диҳем, ки 40-45 фоизи  тандурустӣ ва дарозумрии инсон ба ирсият, 20-25 фоиз ба муҳити зист, 15-20 фоиз ба одатҳои зарарноку судбахш ва ҳамагӣ 8-10 фоизаш ба тиббу табобат вобаста аст. Тарзи дурусти хӯрокхӯрӣ, камхӯрӣ, серҳаракатӣ ва камхобӣ ба тандурустӣ ва дарозумрии  инсон мусоидат менамоянд. Як одати бисёр бади мо, ҳарчанд мегӯянд, ки хӯроки шабонаро ба душманат деҳ, он аст, ки таомҳои серғизоро  пеш аз хоб бисёр мехӯрем... Бояд ин гуфтаи ҳикматомези Абӯалӣ ибни Сино ҳамеша дар ёдамон бошад: «Бояд хӯроки шумо даво ва давои шумо хӯрок бошад».Шояд дар гуфтаи дигари ӯ: «Агар чангу ғубор ва газҳои заҳрнок намебуданд, инсон ҳазор сол умр медид» санъати муболиға ба кор бурда шуда бошад, вале шубҳае нест, ки муҳити гирду атроф ва иқлим ба тандурустӣ ва дарозумрии инсон таъсиргузор аст. Ҳоло чунин ба назар мерасад, ки дар сайёраи Замин муҳити беолоиш  кам мондааст.
Ба камина чанде қабл беморе муроҷиат намуда буд. Вай дар овони хурдсолӣ ба маризии гломерулонефрит гирифтор мешаваду табибон ба ӯ филфавр гармони преднизолон мегузаронанд. Бар асари қабули гармон фарбеҳ мешавад, меъдаву рӯдаҳояш захм пайдо мекунанд, дар ниҳояти кор, ба бемории диабети қанд мепечад.
Инҷониб, вақте дар Маркази нефрологияи таъҷилии бачаҳои ҷумҳурӣ масруфи кор будам, ин гуна бемориро бо шарбати решаи ширинбия (сус) муолиҷа мекардам. Гиёҳдармонӣ ба тасбит расонд, ки танҳо бо воситаҳои тибби муосир наметавон ба дарди беморон шифо бахшид. Имрӯз дар муассисаҳои тиббии мо аз 4000 навъи гиёҳҳои давоие, ки дар кишварамон нашъунумӯъ доранд ва решаи шоҳи гиёҳҳо — ширинбия то куҷо истифода бурда мешавад? Пӯшида нест, ки мутахассисони чиноӣ решаи ширинбияро аз кишвари мо бурда, аз он гепорал ва гептрал барин доруҳоро сохта, ба худи мо бо нархи гарон мефурӯшанд. Дар паси онҳое низ, ки хиёрчаҳои  янтоқи дар дашту адирҳои кишварамон рӯйидаро чида, ба давлатҳои Аврупо интиқол медиҳанд, соҳибкороне кору фаъолият доранд...
Бино ба фикри мутахассисон, 70 фоизи воситаҳои кимиёвии тибби муосир, дар баробари маризонро аз дарде фориғ кардан, зарарҳо низ дар пай доштаанд. Дар қадим ҳаким Абӯалӣ ибни Сино ва аксарияти уламое, ки бо тиббу табобати халқӣ сарукор доштаанд, тибби илоҳиро инкор нанамудаанд. Қабл аз даст ба набзи бемор бурдан, сухани аввалинашон ин будааст: «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Худованд ба дарди ту шифо бахшад».
Гиёҳдармонӣ дар Хитой, Корея, Ҳиндустон ва дигар кишварҳои олам хеле рушд кардааст. Омӯзиш ва табодули таҷриба бо мутахассисони хориҷӣ, бешак, ба пешрафти табобати халқӣ дар кишварамон мусоидат менамояд.
– Шумо аз пешрафти табобати  халқӣ дар чанд кишвари дунё сухан ба миён овардед. Боре бо олими ҷопоние, ки бо шеваи тоҷикони Самарқанд хуб ҳарф мезад, мулоқот доштам. Дар омади гап суол кардам, ки оё унвони илмие дорад? Гуфт: «На». Дар ҳайрат афтодам: «Аҷиб, дар ҷодаи илм солҳои тӯлонӣ пасту боло рафтаасту унвоне надорад». Ҳамсуҳбатам магар аз ваҷоҳатам рамуз гирифт, ки гуфт: «Дар кишвари Тулӯи офтоб агар кори илмии олим судбахш набошад, ба ӯ унвон намедиҳанд. Умри баъзе олимон  бе унвон мегузарад...»
– Шуморо дарк намудам. Дар соҳаи тибби ҷумҳурӣ барои дифоъ рисолаҳои зиёди номзадию докторӣ навишта шудаанд, аммо дар ин  росто инқилобе ба назар намерасад. Фикр мекунед, ки аксарияти онҳо барои гирифтани дараҷаю унвон навишта шудаанд. Баъди дифоъ, зери гарду чанг «мехобанд», ҳеч кас аз онҳо ёд намекунад. Дар аксарияти онҳо сухани тоза, кашфиёту ихтирое ба назар намерасад, вале аз маълумоти оморӣ пуранд. Бобати унвону дараҷадиҳӣ ба олимон низ мо бояд ба дунболи давлатҳои рушдкардаи ҷаҳон равем.
– Шумо, ҳарчанд ҷарроҳи кӯдакон ҳастед, аммо доираи дониши тиббиатон вусъате дорад. Ба мушоҳида мерасад, ки  духтурон гоҳо ба кӯдакон ташхиси «Фишори мағзи сар»-ро мегузоранд. Оё чунин ташхис ҳамеша ба воқеият рост меояд?
– Тифл дар батни модар дар тӯли 9 моҳ ташаккул меёбад. Баъди  таваллуд шудан зиндагии ӯ дар шароити ғайриоддӣ сурат мегирад. Тағйирёбии обу ҳаво, гушна мондан, садоҳои гуногун, чеҳраҳои ноошно ба ӯ беасар намемонанд. Ин ҳама кӯдакро асабонӣ мекунанд ва ӯ дар орзуи ҳузуру ҳаловати пешина — раҳми модар пайгирона инони гиряро сар медиҳад. Падару модар аз ин ҳолат ба изтироб афтода, кӯдакро ба ҳузури невропотолог мебаранд. Невропотологҳо бошанд, дар аксари ҳолатҳо ба кӯдакон ташхиси «Фишори мағзи сар»-ро мегузоранд ва воситаҳои давоиеро тавсия медиҳанд, ки пешоброну хобоваранд ва дардро муваққатан  коҳиш медиҳанд. Бар асари истеъмоли зиёди ин гуна доруҳо, кӯдакон бо мурури вақт, ба беморони ҳақиқӣ табдил меёбанд. Зеро 80 фоизи воситаҳои пешоброн кору фаъолияти ғадуди зери меъда, гурда ва ҷигарро халалдор месозанд, доруҳои хобовару оромбахш бошанд, сабаби дар меъдаву рӯдаҳо пайдо шудани эрозия мегарданд. Дар аксари ҳолатҳо пайдо шудани дам дар шиками кӯдак ва ҷамъ шудани намак дар нӯги олаташ, ӯро ноором месозад. Масҳи шикам ва ҷарроҳии оддӣ (суннатӣ) ӯро ба ҳолати аввалааш бармегардонад...
Хулоса, инҷониб бар онам, ки тибби муосир ва табобати халқиро ба ҳам мутобиқ кунонидан лозим, онҳо бояд дар канори ҳам бошанд.
– Табиби муҳтарам, барои суҳбати пурмуҳтавоятон ташаккур,  ба кору фаъолияти Шумо дар ҷодаи тандурустии аҳолӣ комёбиҳои беш аз пешро таманно дорем.
– Саломат бошед!

Суҳбаторо
 А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори  «Овози тоҷик».     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: