ТИМСОЛИ АҲДУ ВАФО

Устод Садриддин Айнӣ аз зумраи бузургтарин фарзандони халқҳои тоҷику ӯзбек аст, ки дар нимаи аввали асри ХХ дар Самарқанди шоирхезу олимхез машъали илму маърифатро афрӯхта, роҳи мардумро ба оянда мунаввар намудааст.

Устод  Садриддин Айнӣ аз зумраи бузургтарин фарзандони халқҳои тоҷику ӯзбек аст, ки дар нимаи аввали асри ХХ дар Самарқанди шоирхезу олимхез машъали илму маърифатро афрӯхта, роҳи мардумро ба оянда мунаввар намудааст. Анъанаҳои неки донишмандони бузурги халқҳоямон Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абулфазли Балъамӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ ва амсоли онҳоро идома дода, дар соҳаҳои гуногуни илму дониш хидматҳои шоистаро анҷом додааст. Осори фаровони илмии ӯ ба пешрафти илму фарҳанги Самарқанди қадим мусоидат намуда, дар такомули афкори илмӣ ва  таълиму тарбияи мардуми он нақши калон бозидааст, ки дар ин хусус муҳаққиқоне чун Б.Валихоҷаев, С.Саъдиев,  С.Ҳалимов, С.Мирзоев, А.Қамарзода, Ҷ.Ҳамроев зимни нигоришоти илмии худ изҳори назар кардаанд.
Ин шахсияти бузург, ки таълими дақиқи мадрасаро гирифта, забонҳои арабӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекиро мукаммал аз худ намуда, дар муҳити илмию адабии олим ва шоир Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, ҳамчун олим ва адиб ташаккул ёфта буд, солҳои мавриди назар дар муҳити илмию адабии Самарқанд дар натиҷаи шиносоӣ ва муносибатҳои дӯстона бо Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Сайид Аҳмад Васлӣ, Сиддиқии Аҷзӣ, Абдуқодири Шакурӣ, Нақибхон Туғрал, Масеҳо Тамҳид барин маърифатпарварон ва фозилони давр уфуқҳои илмиашро фарохтар намуда, нуктасанҷу фидоитар мегардад.
Осори адабиётшиносии устод Айнӣ, ки дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ офарида шудаанд, дар ин замина басо арзишманд мебошанд. Ҳарчанд суннатҳои адабиётшиносӣ дар асрҳои гузашта вуҷуд доштанд, вале аввалин асарҳои илмии адабиётшиносӣ ба мафҳуми имрӯзааш дар ибтидои асри ХХ маҳз дар Самарканд аз ҷониби ӯ навишта шудаанд. Чунончи, тазкираи беназири вай «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926, бо ҳуруфоти арабӣ) ҳамин гуна тадқиқоти арзишманде буд, ки аз ҷиҳати вуқуфи комил доштани муаллифаш аз таърихи ғании адабиёти мумтози форсу тоҷик, пухтакорӣ ва амиқияти муҳокимарониҳо, дурустфаҳмию дурустбаҳодиҳӣ ба шахсияту осори шоирони гузашта, ташхиси дурусти классикон ва мавқеи онҳо мақому манзалати баланди илмӣ дорад. Дар қисматҳои ин китоби бузург таърихи ҳазорсолаи адабиёти тоҷик дар мисоли шахсияту осори 221 шоири соҳибтабъ шарҳ ёфтааст, ки 35 нафари онҳо нисбати самарқандӣ доштанд. 
Тавзеҳан гуфтан бамаврид аст, ки дар қисмати аввали тазкира аз шоирони асрҳои Х-ХVIII Абӯабдулло Рӯдакӣ, Амир Муиззӣ, Рашидии Самарқандӣ, Низоми Арӯзӣ, Ашрафи Муиниддин, Ҳаким Сӯзанӣ, Рӯҳии Самарқандӣ, Сайфиддин Исфарангии Самарқандӣ, Хоҷа Абдулмалик, Бисотии Самарқандӣ, Риёзии Самарқандӣ, Давлатшоҳ ибни Алоуддавла Бахтшоҳ, Мирҳоҷии Самарқандӣ, Ваҷҳии Самарқандӣ, Мутрибии Самарқандӣ, Муъмини Самарқандӣ, Сайид Роқим, Фитрати Зардӯзӣ, Исматӣ – духтари Қозии Самарқандӣ, Оиша – аз аҳли Самарқанд, яъне ҷамъ 20 нафар ва дар қисмати дуюм аз шоирони охири асри ХVIII ва аввали асри ХХ Адо Султонхоҷа Шайх ул-ислом Аҳрорӣ, Қорӣ Масеҳо Тамҳид, Забеҳо Яҳудии Самарқандӣ, Мирзо Раҳими Девона, Мирзо Абдулкарими Сипандӣ, Абдушакур Шакурии Самарқандӣ, Сайид Аҳмадхоҷа Сиддиқии Аҷзӣ, Мирзо Абдулло Файёз, Мирзо Акрам Фикрӣ, Қозӣ Абдуҷаббори Ургутӣ, Қозӣ Абӯтоҳирхоҷаи Наво, Сайид Аҳмади Васлӣ, Мирзо Назруддини Ҳодӣ – ҷамъ 13 нафар ва дар қисмати савуми тазкира ном ва намунаи осори шоироне, ки дар ҳудуди солҳои 1905-1925 фаъолият доштанд, чун Саидризо Ализода, Тӯрақул Зеҳнӣ шарҳу тафсир шудаанд. 
Асарҳои дигари илмии ӯ «Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино» (1939), «Устод Рӯдакӣ» (1940), «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ» (1940) низ дар Самарқанд дар ҳамин рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ таълиф шудаанд. Асарҳои Айнӣ дар бораи Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Алишер Навоӣ, Камоли Хуҷандӣ ва махсусан Мирзо Абдулқодири Бедил аҳамияти калони илмӣ дошта, то имрӯз арзиши худро гум накардаанд. Биноан, устодро барҳақ поягузори адабиёшиносии нави тоҷик меноманд.
Айнии қадршинос ҳамеша поси хотири некиҳои мардуми Самарқанд мекард, ки дар он рӯзҳои пуршару шӯри ҳаёташ ӯро дар оғӯши гарму нарм гирифта, чун фарзанд навозиш намудаасту ба тани абгораш марҳам шудааст. Биноан, дар мавқеаш дар бораи обу ҳаво, табиати ин шаҳри ҷаннатосо мисраъҳои дилнишин офаридааст:  
Ҳаббазо, шаҳри 
Самарқанд биҳиштӣ 
тимсол,
Ҷуз биҳишташ ба 
тароват натавон ёфт 
мисол.
Зарнисор аст 
заминаш чу кафи аҳли 
карам,
Файзбор аст ҳавояш чу 
дили аҳли камол…
Устод Айнӣ дар китоби «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» воқеаҳои таърихии дар Самарқанд рӯйдодаро дақиқназарона қаламдод намудааст. Дар асари «Таърихи Инқилоби Бухоро» бошад, оид ба саршавии ҳаракати маорифпарварӣ маълумоти таърихан мустанад ва муфид медиҳад,  ки ба қавли академик Б.Валихоҷаев «ҳамчун манбаъи беҳамтои илмӣ дар омӯхтани соҳаҳои гуногуни таърихи Бухорои шариф ва Самарқанди латиф аҳамияти бузург дорад».  Биноан, меҳру оқибат, самимияту  эҳтироми мардуми Самарқанд нисбати устод бузург мебошад. Дар ин хусус маводи фаровоне мавҷуд аст, ки лоиқи нигориш мебошад. 
Устодони донишгоҳ якҷо бо аҳли илму адаби Самарқанд ба муносибати 100-солагии Устод Айнӣ анҷумани илмии байналмилалии «Садриддин Айнӣ ва адабиёти ҷаҳон»-ро гузаронданд, ки дар он олимони мамолики хориҷ  — шоири форсизабони Покистон Файз Аҳмад Файз, арбоби ҷамъиятии ин давлат Ҳаким Муҳаммад Саид, адиби маъруфи ҳинд Алӣ Сардор Ҷаъфарӣ, олими афғон Ғулом Мустафо Расулӣ, шарқшиноси чех Иржи Бечка, олими Олмон Манфред Лоренс ва дигарон бо маърӯзаҳо баромад карданд. 
Ба ҳамин муносибат устодони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик маҷмӯаи мақолоти илмиро таҳти унвони  «Масъалаҳои филология ва робитаи адабӣ (Ҷашнномаи Айнӣ)»  интишор доданд, ки ба тадқиқ ва таҳлили паҳлӯҳои мухталифи дарахти сербори ҳаёт ва осори Устод Айнӣ бахшида шудааст. Чунончи, дар мақолаҳои илмии В.Абдуллоев, Р.Муқимов, Ю.Авалиани, Р.Эгамбердиев, Б.Валихоҷаев, Т.Абдуҷабборов, Ш.Шукуров, С.Ҳалимов, А.Қамарзода, А.Воҳидов, И.Ғафуров, Р.Маъруфов ва дигарон дар бораи хидматҳои шоёни Устод Айнӣ дар соҳаи илми филология сухан рафтааст,  муҳаққиқи забардасти адабиёт будани ӯ,  маҳорати ҳаҷвнигорӣ, усул ва услуби эҷодӣ, саҳми вай дар тадқиқ ва талқини осори Восифӣ, Бедил ва Аҳмади Дониш, мавқеи адиб дар муҳити адабии Самарқанд, нақши ӯ дар омӯзиши таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ, инкишофи лексикографияи нави тоҷик ва таълифи китобҳои дарсии забони тоҷикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Устод Айнӣ солҳои 1944-1948 мудири кафедраи адабиёти ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Самарканд буду ташкили кори кафедра ба ӯҳдаи  академик ва ректори минбаъда Воҳид Абдулло қарор дошт. Ба қавли академик Ботурхон Валихоҷаев, адиби таърихшинос ва олими дурандеш Айнӣ дар интихоби мавзӯи рисолаи доктории Воҳид Абдулло «Адабиёти ӯзбек дар асрҳои ХVII-ХVIII дар Хоразм» низ ҳиссаи калон гузоштааст. Зеро солҳои 40-уми асри гузашта ин мавзӯъ бояду шояд таҳҳиқ нагардида буд ва баъзе муҳаққиқон аз мавҷудияти доираи адабии ин аҳд дар Хоразм шубҳа карда, ҳатто изҳор менамуданд, ки гӯё ҳаёти адабӣ дар ин марҳила он ҷо қатъ шуда бошад. Олими пуркору пурбор Воҳид Абдулло дар асоси маслиҳатҳои Устод Айнӣ санад ва манбаъҳои гуногуни таърихию адабиро меомӯзад ва нодуруст будани ин шубҳаю ақидаҳоро исбот мекунад. Маҳорати эҷодии Паҳлавонқули Равнақ, Роқим, Хоксор барин намояндагони ин даврро барои пажӯҳишгарони илми адабиёт ошкор менамояд.
Академик Воҳид Абдулло  анъанаи неки шогирдпарварии Устод Айниро минбаъд ба сифати мударриси фозил, ректори донишгоҳ (1963-1970) бо меҳру ихлос идома дода, ба рисолаҳои номзадии  адабиётшиносони зуллисонайни донишгоҳ Ботурхон Валихоҷаев, Шавкат Шукуров, Солеҳ Ҳалимов ва дигарон роҳбарӣ менамояд, дар камолоти илмии олимони ҷавон  саҳм мегирад.
Ҳамин тавр, Устод Айнӣ бо фазилатҳои неки инсонӣ: хушмуомилагӣ, фарохдилӣ, қадршиносӣ аз дили мардуми Самарқанд маъво гирифта буд. Ӯ мисли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ суннатҳои беҳтарини халқҳоямонро дар замони худ идома додааст. Вай ба сифати устод ва муаллими маънавии адибони ҳар ду халқ ба Воҳид Абдулло, Исмоил Акрам, Саид Назар, Раъно Узоқова, Мардонқул Муҳаммадқулов, Саида Нарзуллоева, Ҳамдам Бердиёров, Раҳим Муқимов, Олимҷон Орифӣ, Қурбоной Убайдуллоева барин адибон  ва олимони Самарқанд ғамхорию раҳнамоӣ намудааст.
Мардуми Самарқанд гавҳаршинос аст, бинобар ин хотираи дурахшони Устод Айниро ҳамеша бо эҳтироми беандоза пос медорад. Ба ин маънӣ, агар  соли 1964 олими адабиётшиноси донишгоҳ Мирсафо Атоев  таҳти роҳбарии шогирди Устод Айнӣ Раҳим Муқимов дар мавзӯи  «Дохунда»-и Садриддин Айнӣ – нахустин романи таърихӣ дар адабиёти тоҷик» рисолаи номзадӣ навиштаву ҳимоя карда бошад, олимон Ботурхон Валихоҷаев «Муҳаққиқи бузурги ду адабиёт» (дар ҳамкорӣ бо Раҳим Воҳидов) (Душанбе, 1978), Талъат Абдуҷабборов «Ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ» (Душанбе, 1978), Абдукалим Ғанизода «Фаъолияти педагогии Садриддин Айнӣ» (Тошканд, 1965) барин рисолаҳои илмӣ навиштаанд. Устоди нуктасанҷ Т.Абдуҷабборов ният дошт, ки дар мавзӯи «Ташаккул ва такомули реализм дар адабиёти тоҷик (дар заминаи асарҳои С.Айнӣ)» рисолаи докторӣ ҳимоя кунад ва бо ҳамин мақсад дар маҷаллаҳои илмии Ӯзбекистону Тоҷикистон мақолаҳо навишта буд.
Солҳои истиқлол хидматҳои шоистаи Устод Айнӣ баҳри рушду камоли адабиёти бадеӣ ва илму фарҳанги тоҷику ӯзбек бо ордени «Буюк хизматлари учун» тақдир карда шудааст, ки мисоли равшани эътибори ҳамешагии давлатамон ба илму адаб ва арҷ гузоштан ба хотираи дурахшони намояндагони бузурги он мебошад.

Абдусалом САМАДОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, дотсент.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: