Шукур ХОЛМИРЗОЕВ
Хуллас, ман аз гӯшти ҳамон барра ягон пора ҳам нахӯрда бошам ҳам, аздусар ба дуздӣ шарик шуда будам.
Ҳам Ӯрмонҷонако ва ҳам Азимҷон тақрибан як ҳафта аз ман хавф бурда, сӯям ало нигоҳ мекарданд.
Ман бо онҳо ногап шуда будаму халос. Чӣ гуфтед?
Бале, дар ҳамон ҷой куштанд. Мирзоғолиб кушт. Дар як нафас пӯсташро канда, каллаву почаашро партофт. Пас, як дарза қамишро даргиронда, дар ҳаври он ҷигари баррачаро пухта хӯрданд.
Нахӯрдам гуфтам-ку. Худро ба беиштиҳоӣ задаму... Чун зиёда ба ҳолам нагузошта буданд, ки «Аз ҳамаи шумо нафратам меояд» гуфта, канор рафтам. Баъд интизор шудам. О-о... шумо ҳам тозон рафта ба чӯпон хабар намедодед. Баргашта, ба хобгоҳ даромадаву хоб рафтам...
Хориам меомад ва бисёр мехостам, гиряму гирям. Ба окои Ботуру завҷааш дилам месӯхт.
Баъд, ба ҷавонони худамон ҳам таассуф хӯрдам... Бале! Онҳо кай даромада хоб кардаанд, намедонам. Аммо се-чор рӯз гӯшт бирён карда хӯрданд, дар хобгоҳи духтарон. Охир, онҳо ҳам дар ҷаннат ҳузур надоштанд-дия, қадрдон!
Шумо адибон одамони инҷиқе ҳастед. Одами нағз гуфта, касеро мефаҳмед, ки шир барин сафед ва мусичавор беозор бошад. Ҳол он ки дар ҳаёт чунин одамон вуҷуд надоранд: ин хелҳо, ба назари ман, танҳо ғоя... ва халос. Ҳа-ҳа-ҳа. Сухани шумо ба «Кодекси ахлоқи ҷомеаи коммунистӣ» монанд аст. Кодекс нашр, ки шуд, яъне, тамом, одамон ба он амал мекунанд: баъзеҳо чун дар рисола мешавад гуфта, андеша мекунанд. «Чипуха» ҳамаи ин гапҳо.
Рӯзҳо мегузаранд.
Барфи нахустин меафтад... Сайру саёҳатамон айни чунин айём дар кӯҳҳое, ки худатон медонед, афсонаеро мемонд. Мо дар чунин сардӣ аз кӯракҳое, ки торс кафидаанд, пахтаашро кашида мегирифтем.
Ҳа, ду кас дар даст ресмон аз як гӯша ғӯзаҳоро рӯфта, барфро аз рӯяшон меафшонданд.
Баъд дарақ-дарақ ларзида ба ҷӯякҳо медаромадем. «Тиллои сафед»-ро мечидем. Ин «тиллои сафед»-и хонасӯхта чун ба доманҳо медаромад, мисоли мушт хурдакак мешуд. Сабил, тар-дия.
А? Чӣ хел хушк карда, супориданашонро намедонам. Лекин дар як-ду хона ғарам шудаву бӯй гирифта хоб карданашро дидаам.
Баъд, чидани кӯрак сар шуд.
Ин тавр, дӯстони банда – акои Ӯрмонҷон, Азимҷон, Мирзоғолиб, боз ҳамсафони онҳо – ҳама чун каме хунук хӯранд, ё дар вақташ бӯшкаи чойҷӯшонӣ наҷӯшад, ба кулбаи Ботурако даромадаву ғунча шуда менишастанд.
Чӯпон ва завҷааш бошад... хурсанд!
Банда акнун махавҳо барин танҳо монда будам. Не, тамоман надаромадам. Чӣ хел бидароям?! Ба ин тарафаш гӯш андозед.
Вақти баргаштанамон расид. Худ албатта медонед, ин хел рӯзро пешопеш ягон муаллим ва саркор намегӯянд... Чаро? То ҳол намефаҳмам. Балки аз пахтачинӣ миёнашон хунук мешавад гуфта, андеша кунанд. Лекин ҷойи хандазояш ин аст, ки аздусар бачаҳо хабар меёбанд. Ботур чӯпон ҳам дониста будааст. Пагоҳ рӯзи баргаштанамон бо завҷааш омад. Ба хобгоҳ... Ман, ба ҳар ҳол, шояд ба хавотир афтода будаам.
– Ассалому алейкум, биёед, меҳмонҳо, – гуфт нохост акои Ӯрмон.
Азимҷонако бошад ба бачаҳо фармуд, ки кӯрпачаҳоро рост кунанд. Ботур чӯпон эҳтиром варзида, – гӯё даромадаву бо мо ҳамнишин нашавад, дар ду дунё қаҳрӣ мешуда бошем, – таъзимкунон боз ба хонааш даъват намуд:
– Ҳамон лафзи кардаам, бародарон... Як хун кардан аз забонам баромада буд... Барои ҳамин марҳамат ба хонаи мо. Мана, апаатон низ илтимос дорад, – гуфт.
Ман адо шудам.
– Э, чӣ хел мешуда бошад... – гуфт Ӯрмонако. – Барраатон ёфт мешуд, гапи дигар буд...
– Бале, ҳамон шаб мо ҳам дурусттар накофта будаем, – гуфт Азимҷон ако низ. – Андаке дар хиҷолатем.
– Ҳе бародаронам-э, – гуфта хандид чӯпон. – Мо дар хиҷолат будем. Бовар доред? – мо! Акнун гапро зиёда дароз накунем, укоҷонҳо. Барра ёфт шуд, ҳисоб. А, занак? Ҳо аз Шодитӯқай пайдо кардем. Баъзе узвҳояшро... Худамон тахмин зада будем, ки шояд ба сагҳои беҷогард йем шуда бошад... Акнун ба хурсандии мо афзуданӣ бошед, барои баровардани қусури ҳамон аздастрафта... як меҳмони мо мешавед...
Баъд гуфт, ки дигар онҳо низ ба пахтачинӣ намебароянд ва танҳо гӯзапояро кандаву кӯракашро ҷудо хоҳанд кард.
– Дар деҳаамон ду оилаи юнонӣ ҳаст, – гуфт пас аз ин занаш. – Як сатил аз шароб ҳам гирифтем.
Дар ҳайрат ҳастед, қадрдон? Ман ҳам ҳайронам! Албатта.
Ҳамон шаб то дер дар кулба хандаву бозӣ карда нишастанд. Ин хурсандиҳо дар берун ҳам идома кард. Ман худро ба хоб зада будам. Бачаҳо баргашта чароғро даргиронданд ва дар баробари ман сари зону нишастанд.
Аксарият кайф доштанд. Ба суханҳои одами маст бовар кардан мушкил, лекин... ҳа-ҳа, ҳамон гапи андеша кардаатон шуд: пушаймонӣ... Э, яке бо сӯзу гудоз, дигаре дар банди таассуфи ошкор... Хаёлам, даҳони ҳамаи онҳо ба ҳамон «оби мурдор» расида будааст. Як нидои Азимҷонако дар ёдам нақш бастааст:
– Мо аблаҳем! – мингос зада гуфт. – Дидаву дониста аблаҳӣ мекунем. Пас, мо чӣ гуна ӯзбек ҳастем? Ана онҳоро ӯзбек гӯянд, меарзад. Чӣ гуфтӣ, Ӯрмонҷон?
– Мо хеле вайрон шудаем, – гуфта ғулдур-ғулдур кард акои Ӯрмон. – Лекин худи ҳаёт ҳам касро маҷбур мекунад-дия.
– Онҳоро маҷбур накарда истодааст-ку?
– Хайр шуд акнун... Шояд пул ҷамъ карда медиҳем-а?
– Бошад..!
Баъд боз дар бораи ман гап заданд. Як нафарашон, – аз овозаш нашинохтам, – рост истода:
– Бигирию ба шиками ҳамин Эргашбой сад лагади обдор бизанӣ, – гуфт. – Ҳоло ба чашмам аз саг ҳам бадтар метобад... Акнун якумр аз пушти мо хандида мегардад. Ҳайвон!
– Бепарво бош, – гуфт акои Ӯрмонҷон. – Ин хел нусхаҳо дар ҳаёт дучор меоянд...
Ман ин ҳикоятро барои таърифи худ нақл намекунам. Он тарафашро бипурсед, ҳоло аз онҳо ҳам бадтар шудаам: ҳақамро намехӯронам. Ҳар гуна «авторитет» – ро ба сафи одам намебинам... Ана ҳамин хел. Ҳоло чашми ҳамаи мо кушода аст...
Бале, субҳи рӯзи дигар барфи лаклакӣ меборид. Гӯё дар кӯҳистон меборида бошад!
Дар кӯча автобусҳо саф кашидаанд. Сари ҳамаи бачаҳо дар осмон аст. Ниҳоят ба дарсхонаҳои донишгоҳ бармегарданд!
Дар айвон истодаам. Анбони чизу чораам дар пешам. Ба Ботуракою завҷааш ду даҳон сухан ба арзи эҳтиром гуфтан мехостам. Ман онҳоро хеле дӯст дошта будам. Бале, онҳо низ омаданд.
– Хуш омадед! Ба шумо ҳазорон ташаккур, Ӯрмонҷон! – гуфт Ботур чӯпон. – Азимҷон, ба шумо низ... Ба ҳамаатон. Бубинед, гӯё як мавизро ба ҳам дида, зиндагӣ кардед... Мо ба қадри шумо расида натавонистем.
Вай бо ҳама даст дода хайру манзур карду аз назди ман қафо гашт. Завҷааш низ хайрухуш намуда, аз ман рӯ гардонду рафт.
Ман ларзида ба назди онҳо рафтам.
– Ботур ако, апа... ман шуморо хеле дӯст медорам, – гуфтам. – Хафа нашавед.
– Не, шумо моро нағз намебинед, – гуфт занаш. – Аз оғозаш бад медидед.
– Рост, уко. Моро писанд накардед, – гуфт чӯпон ҳам. – Ана он бачаҳо дигаранд...
– Охир ман шуморо хеле ҳурмат мекунам.
– Гапи бекора, – гуфт зан.
– Бале, – гуфт шавҳараш.
Абдуқодир ба ман шармомез нигариста меистод.
– Ҳамин хел.
Хӯш, дар ин ҷо чиро дидӣ, ба чӣ хулоса омадӣ, гуфта мепурсидагистед?
Ман дар ин ҷо... як ӯзбеки одии ҷойдорӣ, содадили беғуборро дидам.. Оё бовар мекунед? Вақте ба автобус нишастем, аз оинаи сард ба барфи лаклакӣ нигариста мегиристам: барои оғӯши кушодаву васеъ доштани ӯзбекҳо, ки ба ҳамаи душвориҳо, камбизоатиҳо нигоҳ накарда ва феълу атвори худро тағйир надода, меҳмондӯстии аҷибу афсонавии азалии худро пойбарҷо нигоҳ медоштанд. Дар дил ва аз дил хушнудона мегиристам.
Маъзарат, суҳбати мо дар бораи «тинати ӯзбек» буд. Дар ҳикояти нақлнамудаи шумо низ ҳақиқат ҳаст. Аммо ин ҳикояти назарногиру одии ман ҳарчӣ аз дилам гузашт, ифодаи ҳамон чиз буд, азизам. Бинобар ин таъсираш бароям батамом дигар.
Аз ӯзбекӣ тарҷумаи озоди Шариф ХАЛИЛ.